ХАБАРИ ДОҒ

Ракурси миллӣ-10

 

 

Нолидани мардони раҳ аз дард набошад,

В-аз дард агар гиря кунад-мард набошад!

Вале мо менолемммм. Нолиш рукни асливу усулӣ, ракурси вежаи миллати мо шудааст. Мо дар аксари маврид, просто так менолем! Барқ нест? Оҳ... вой...доддддд. Об нест? Вай додееее! Хунук аст? Ҷои кор нест? Маош нест? SOS, ёрӣ диҳед! Stop! Бародарҳо! Ким, кто, кӣ бояд ёрӣ диҳад? Агар фикр мекунед дар Амрикову Аврупо танҳо ҳукумат ва масъулин ба мардум ин ҳама биҳишти адни рӯизаминиро офаридаанд, ғалат мекунед. Инро худи мардум барои худ офаридааст. Акнун, ман, ту, вай, мо...биоед мардона иқрор шавем, ки барои миллат, ватан, халқи худ чӣ коре кардаем бидуни нолиш? Мо ҳатто баҳс карда наметавонем! Мо нолида метавонем ва сақат гуфтану дашному ҳақорат додан...

Матлаби Дурахшони Ортиқ-хонандаи доимии мо, ки дар бораи суду зиёни Гоҳвора 2 сол пеш дар СССР чоп шудаву ба наздик дар Фейс бознашр гашт, 1 моҳ беш шуд баҳсҳои тундеро ба бор овардааст. Зеро ин матлаб моро маҷбур кард, ки сари 1 атрибути миллӣ, ки аз дақюнус омадааст, назари нав кунем. Дурахшон хост, мо-Тоҷикони урфӣ баъд аз 4-5000 сол, агар милён сол набошад, ба нахустватани ҳаряки худ ва насли гузаштаву ояндаамон аз диди нав назар афганем. Пурсид, замоне шароит фароҳам асту оби гарму сард дорем, магар шарт аст, бо усули антиқӣ кӯдакро зиндон кунем? А, ҷои баҳс мо чӣ кор кардем? Нолидем! Гӯиё Дурахшон Гоҳвораи ҷоноҷони моро дар қатори носу сигоркашӣ ва никоҳи хешутаборӣ манъ мефармояд! Аксарият, ки мардуми зиё(т)иянд, чунон Гоҳвораро ҳифз карданд, ки моро ба «наметавонед!» муттаҳам мекунанд-гӯиё мо гоҳвораро оташ заданӣ бошем. Онҳо аз Гоҳвора чун мисриёни Фиръавн аз Буту санамҳои хеш ҳифз мекарданду реформаторҳоро сангсор. Баҳс сари суду зиёни гоҳвора буду бас. Зане гуфт, Гоҳвора дар асри 21 бояд роиҷ набошад, зеро тифлро тарсу ва модарро тамбал месозад ва ба кӯдак таъсири равонӣ низ дорад. 

Ҳама ӯро ҳақорат карду нолид, ки ба муқаддасоти қудсии мо даст задааст (Аз кай Гоҳвора, чизе аз чӯб ва шиша-сиба муқаддас шуда бошад?) Ҳама НОЛИД, вале мо эксперимент кардем. Зеро Мо Метавонем! Ҳоло ман чизе менависам, ки бовар дорам, ҳама мубоҳисон аз сари шӯри шавқи баҳс ва барои исботи назари худ танҳо ҷанҷол кардаанду коре на: 

Ман худамро дар гоҳвора бастам!!! 

Ва онро сахт, бо дархости ман, ҷунбонданд! Оре, поҳоям берун аз гоҳвора буд, вале худам дар дохили он будам. Дар ҳолате ки «мисли атфол хобам намебурд!", бо таклифи ман, сахттар меҷунбонданд, мисле, ки модаронамон мекунанду мекарданд. 1000% гарав мебандам(!) одам дар дохили гоҳвора (бешак тифл ҳам одам аст!) аз ТАРС(!!!) чашм мепӯшаду аз ТАРС мехобад. Зеро ҷумбиши гоҳвораи бобоӣ, мисли имтиҳон барои космонавтҳо будааст! Чунин имтиҳонро барои космонавту аэронавту летчикҳо соле 1 ё 2 бор мекунанд!!! Ва он ҳам баъди машқу тармими мардони комилу боқувват. Вале мо тифлаконамонро рӯзе то 10-12 бор аз чунин имтиҳон мегузаронем! Дарди ба хайр аст, агар кӯдакро Модар бо навозиш такон диҳад. Дар аксари маврид тифлро акову уко, апаву амаву хоҳарбузургаш метаконанд ва барои хобаш бурдан ҷои аллаву уррр-аллаёёё дашному дуо медиҳанд! Касе бовар надорад, худро дар гоҳвора 2-3 дақ. бандад ва ҷумбонандаш. Слабо?

Ва акнун бармегардем сари НОЛИШИ кулли Миллат: Адами Барқ, набуди свет: Агар фикр доред, ки ман барқ дорам, ғалат мекунед. Ман низ бебарқам ва аз шумо зиёдтар. Зеро дар ҳавлиҳо барқ бештар ғайб мезанад. Аммо мардона агар иқрор шавем, сабаби ин бебарқӣ кист? Худи мо!!! Ман ҳоло пойтахтро дар назар дорам, ки ин ҷо ба сар мебарам ва дар музофот шояд вазъ дигар ранг бошад. Трансформаторҳо месӯзанд! Аз чӣ аз "перегруз"! Ким «перегрузит» мекунад? Худи мо!!! Баробари сӯхтани «ставкаҳо», трансформаторҳо, симҳо, кабелҳо...оҷилан кормандони Барқи Душанбе ҳозир мешаванд-аз барои Худо, каҷ шинему рост гӯем, ки чунин аст. Агар онҳо наоянд, метавон гуфт, айби мо нест. Вале баробари рафтанашон боз ставкаҳо месӯзанд! Зеро мо аз ҳадди инсоф убартар барқро истифода мебарем ва агар фикр доред, ки Сайёфи Мизроб мисли шумо нест, хато мекунед!... Аз мост, ки бар мост... 

Шумо гуфта метавонед, ки 1 тан аз бошандагони биноятон гапшунав асту барқро суистифода намекунаду сабаби сӯхтани ставка дар трансфоматор намешавад??? Мабодо, "шахматный" барқ доданд, ҳама ба 1-2 ставкаи ҳоло насӯхта симҳоро мечаспонем (аз хандаатон маълум, ки кори маъмулист, не?!) ва парво надорем, ки ин ноқил ҳам 10 дақ. ба баъд месӯзаду ҳамсоя низ бе барқ мемонад, мисле ки ҳамсоя парвои мо надораду айнан амали моро такрор мекунад. Намекун(ад)ем? Еще как мекунем! Ва ана баъд носу сигори мамнуъ таку бари лаб берун баромада, сар мекунем ба дашному ҳақорату НОЛИДАН...ҳарчанд дар таки дил медонем (инро виждон мегӯянд!), ки ҲАМА дар ин ҳодиса саҳмгузорем...

Мо Метавонем!

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter