ХАБАРИ ДОҒ

Рустами Эмомалӣ имрӯз, 19 декабри соли 2016 ба синни 30 расиданд. Газетаи мардумии СССР дар симои Рустами ҷавон яке аз реформаторҳои футболи ватанӣ ва муборизи ҷасуру ғайюру далер бо коррупсияро дида, ӯро бо зодруз табрик ва ин матлабро тақдими хонандагони сершумори худ мекунад. Мо Метавонем!

 ...Падар гар меҳрабон бошад, писар ширинзабон гардад!

Рустамро мисли кулли рӯзноманигорон,  тақрибан намешиносам. Зеро мо-журналистон  нафареро «мешиносем», ки овозаву дарвоза дар борааш зиёд бошад. Рустам чеҳраи ҳангомаву хабарсоз нест. Ин плюси асливу усулии ӯст. Зеро аксарияти чиновникҳои ранги поину боло фарзандони худро маҳз дар ишора ба амалу фаолияти Рустам тарбият мекунанд. Ва на танҳо онҳо!

Ту, хонандаи гиромии ин сутур, 1 бор тасаввур кун, ки мошинатро ГАИ надорад, милисае садди роҳат нашавад, прокурор тарафат наояд, болотар аз Қонун бошӣ...чӣ корҳое, ки намекунӣ!!! Иқрор бояд шуд, ки дар таркиби ҳар индивид саркашиву таркишҳое нуҳуфта аст, ки қонун иҷозат дод (надод мекунем, чӣ расад, ки имконият дошта бошем!), чун бомбаи атомӣ одам метаркад. Зиёд дидаем, эркатулфорҳоеро, ки падарони худро сархаму малӯл гузоштаанд, ки мисоли барҷастааш Расул Ҳукумов буд. Вале мардона иқрор шав, хонанда, ки боре дар бораи Рустам чунин овозаро шунидаӣ? Неъ!

Журналистикаи озод ва оппозитсионие, ки дорем, душманони иттилоотие, ки вуҷуд доранд, дар они воҳид агар аз Рустам кӯтоҳие сар мезад, бар оламиён «мужда» мерасониданд. Бинед, ки атрофи духтарони президенти ҳамсоякишвар чӣ қадар компромати воқеӣ нашр мешаванд, ки обрӯрези Каримов шудаанд. Вале дар бораи Рустам 1 ҳарфе аз ин зумра ахбор нест. Пас, қандаша занад. Мо Метавонем!

Паҳлӯи Рустам низ ҷавононе ҷамъ шудаанд, ки хеле боодобанд, ҳарчанд аз хонаводаҳои элитаи сиёсии имрӯзаанд. Чанде аз ишонро мешиносам, Шоҳрух Саидов, Хуршед Мирзоев... Ба ҳадде бофарҳангу боодобанд, ки ҳаваси ҳар падар меояд ва чу бо ишон во мехӯрам, ҳатман ба фарзандон тавсифи рафтору гуфторашон мекунам, то ибрат гиранд. Ба фикри сирф фардии ман, ин ҳама одобу фарҳангу муошаратро онҳо аз Рустам омӯхтаанд. Зеро Рустам дар канори худ дигар хел ҷавононро роҳ намедиҳад. Воқеан ҳам овозаву ҳангомаҳо ҳатто дар бораи дӯстони Рустам дар ҷамъият хеле ва хеле кам аст...

Вале дар даврони муосир танҳо бо 1 одобу фарҳанг коре пеш бурда намешавад.  Зимнан аз фаолияти сиёсӣ ва ҷамъиятии Рустами Эмомалӣ низ бояд ёд кард:

Замоне ба ҳайси муовин ба Кумитаи ҷавонон омад, фаолияташро наомӯхтам. Зеро фикр доштам, ҷавон асту коромӯзӣ рафтааст. Вале вақте ки президенти ФФТ шуд, ба фаолияташ бештар таваҷҷӯҳ кардам, зеро футболро дӯст медорам. Дар тӯли ҳамагӣ чанд сол ӯ тавонист, футболро ба варзиши №1 табдил кунад. Ҳангомаи майдондории Равшани чемпион (2012-2013) маҳз ба даврони президентии Рустам рост омад. Ин овозае беш нест, ки Рустам танҳо ба Истиқлол таваҷҷӯҳ дорад. Проекти Истиқлол тамоман чизи дигар аст, ки Шоҳрух Саидов аз он «костяки мунтахаб» сохтааст, ки ҳалолаш бод. Рустам бошад, ба дигар дастаҳо низ спонсор ёфт, то футбол рушд кунад ва дастгирии бевоситааш намебуд, Равшан дар 2 асри дигар ҳам чемпион намешуд!!!

Соли Рушди Футбол, ки соли пор дар кишвар роҳандозӣ шуд, бо симпатияи бевоситаи Ҷозеф Блаттер-собиқ президенти ФИФА дар нисбат ба Рустами Эмомалӣ, бастагӣ дорад. Борҳо дар сӯҳбатҳои Рустам бо намояндагони ФИФА, АФК, Федератсияҳои футболи давлатҳои рушдкарда шоҳид гаштаам, ки симпатияи сиёсии Рустам боиси таваҷҷӯҳи ин мардум ба футболи Тоҷик мешуд. Аз хотир набароред, ки ФИФА органест бе ниёз ва ҳаргиз ба дахолати Ҳукумат бар кори федератсияҳои футбол роҳ намедиҳад! Пас ин ҷо танҳо харизматизми индивидуалӣ метавонад нақши калидӣ дошта бошаду бас. Лоиҳаи Рушди Футбол дар Тоҷикистон ба рушди футбол ва бунёди садҳо стадиони хурду бузург мусоидат кард. Имрӯз дар дилхоҳ шаҳру ноҳия, хиёбону кӯчаву деҳоти хурду бузург, стадионҳои хурди замонавӣ (мини-поле) ифтитоҳ меёбанд, ки ба рушди футболи миллӣ созгоранд. Футболро ба мардум бояд бурда расонид, то Миллати футболӣ шавем! Қадам ба қадам ба он сӯ меравем, ки хизмати Рустам дар ин соҳа хеле назаррас аст. Инро ҳамчун мутахассиси соҳа мегӯям. Мо Метавонем!

1 факт орам? Бошад: То омадани Рустам чанд футболбозамон дар хориҷа бозӣ мекард? 1 нафар (Восиев) ва он ҳам на дар ҳайъати асосӣ ва он ҳам танҳо дар Лигаи 1-и Русия. Имрӯз бинед, ки 3 футболисти мо дар Аврупо, дар Лигаи олии Булғория мебозанд! Муҳимтар аз ин: ҳамаи онҳо бархоста аз мактаби миллии футболи Тоҷиканд! Ин дастовард нест? Ҳаст! Ещё как ҳаст! Мо Метавонем!

Соҳаи дигаре, ки Рустам ба он даст задаву реформа гузаронид, ин Хадамоти Гумрук буд. Хадамоте, ки дар тӯли 1 соли фаолияташ аллакай ба буҷҷа беш аз ҳарсола даромад овард. Рӯиҳамрафта дар тӯли сарварии Рустам ин Хадамот воқеан ҳам рушд кард ва буҷҷаро ғаниву бозори истеъмолиро фаровону арзон сохт. Имрӯз бошад, аз касе пӯшида нест, ки сахттарин ниҳоди қудратӣ Агентии мубориза бо коррупсия аст. Фасодзадаҳо медонанд, гирифтори ин ниҳод, ки шуданд, «каппашон дуд мекунад!». Дигар мисли қабл нест, ки ба нафаре пулу пайса пешниҳод кардаву ҷон ба саломат барӣ. «Коррупсия»-ро дигар харида на-ме-ша-вад! Ёд дорем, ки чанд моҳ қабл, командаи ҷавони Рустами Эмомалӣ ҷои гирифтани миллионҳо доллар...ришвадеҳонро боздошт кардаву ба суд кашид!!! Пас кӣ гуфт, дар Тоҷикистон ҳама фасодзадаанд? Коррупсияро дар ҷаҳон решакан кардан имкон надорад. Хитой ҳамасола то 3-4 ҳазор одамро мепарронад, вале коррупсия буд, ҳаст ва мемонад! Вале чу мебинам, ки командаи Рустами Эмомалӣ миллионҳо долларро сарфи назар кардаву порадеҳро меқаппад, бовар мекунам, ки Мо Метавонем!

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter