ХАБАРИ ДОҒ

Кӯдакдуздон суд шуданд! Кӯдакон канӣ?

  • Чоршанбе, Дек 21 2016

Судяи н.Шоҳмансур дар ҳоле кӯдакрабоёнро зиндонӣ кард, ки сарнавишти талхи хоҳарони гумшуда-Араловаҳо торик боқӣ мондааст. Ҳоло метарсем, ки кӯдакдузд дар арафаи 20-солагии ҷашни Ваҳдат, яъне соли 2017, амнистия нашавад: дар кишвари мо ҳар кор шуданаш мумкин...

Боби 1. Кӯдакдузд 9 сол гирифт

Суди ноҳияи Шоҳмансур Матлуба Аҳмедова ва Раҳмоналӣ Ғиёсов-2 нафари муттаҳам ба рабудани Ф.Б.-и 7-сола дар Душанберо ба 9 ва 8.5 соли зиндон маҳкум кард. Мақомоти судӣ гуфтаанд, ки Аҳмедова дар баробари "одамрабоӣ" ба "ташкили фоҳишахона дар толори маҳс" низ айбдор шуда, мӯҳлати ҷазоро дар зиндони низомаш умумӣ адо хоҳад кард: секс-массаж дар тюрма!... 

Ба қавли мақомоти суд, Аҳмедова дар меҳмонхонаи "Душанбе-Палас" чанд занро барои танфурӯшӣ ҷалб карда, зери сояи маҳсгарӣ бо SEX шуғл доштаанд. Аммо онҳо гуфтаанд, ки Матлуба танҳо барои қасди рабудани Ф.Б. дар тобистони имсол айбдор шуда, дар ҳолатҳои дигари кӯдакдуздӣ даст надоштааст. “Қазияи рабуда шудани духтарчаи ноболиғ аз ҷониби ин зан дар моҳи июл ба хусумати шахсии ӯ ва модари ноболиғ пайванд мегирад”, - гуфтаанд дар суд.

Ба қавли Ҷонона (Фарангис) Бадалова, модари Ф.Б-и 7-сола, Матлубаи дузд ва маҳсгар-фоҳиша дар суд аз ӯ узр пурсида, гуфтааст, барои рабудани духтараш маҷбур шуда буд: 

-Дар суд пурсидем, агар мақомот боздошт намекарданд, бо духтарам чӣ мекард? Дар ҷавоб гуфт, чанд рӯз нигоҳ медошт, то сейфи гумшудаашро, ки дар дуздидани он маро гумонбар мекард, ба ӯ баргардонем. Матлуба Аҳмедова дар мурофиа гуфт, дуздидани кӯдак дар фикраш набуд. Фақат ронанда ба ӯ маслиҳат додааст, ки агар духтари маро дузданд ва 10.000 талаб кунанду барояшон барем, пас сейфро мо дуздидаем. Аммо сейфро ман нагирифта будам ва то ҳол ёфт нашудааст. Ба ҳар ҳол, гуфтем, ки ҳар чизе қонун барояшон бихоҳад, розӣ ҳастем. Вай баробари шунидани ҳукм аз ҳуш рафт...

Маврид ба ёдоварист, ки дар моҳи июли ҳамин сол Раёсати мубориза зидди ҷиноятҳои муташаккил (УБОП)-и Вазорати Корҳои Дохилаи ҶТ 1 гурӯҳи муташаккили ҷиноиеро ошкор ва боздошт кард, ки ба эҳтимоли зиёд дар чанд соли охир ба кӯдакрабоӣ дар ш.Душанбе машғул буданд. Тибқи хабарҳо, 3 нафар аз аъзои ин гурӯҳ рӯзи 20.07.2016 замоне ба қап хӯрданд, ки духтарчаи 7-соларо бо номи Ф.Б. (ҳамсояи Осияву Араловаҳо ва мисли онҳо яккафарзанд будааст) дуздиданд. Ин ҳодиса дар атрофи Маркази савдои “Садбарг”, дар ҷое рӯй дод, ки хоҳарон Сабина ва Малика Араловаҳо (марти соли 2013) ва баъдтар Осия (Сабоҳат) Диловароваи 5-сола гум шудаанд. Он замон гумонҳое буд, ки маняк ё сокини ҳамин биност, ё дар ҳамин наздикиҳо ба сар мебарад ва ё кор мекунад ё хешу табор дорад. Модари Осия-Назира Диловарова, ки зани танҳосту дар бисоташ ҳамагӣ 1 гулдухтар дошту онро ба ҷои ҷон мепарварид, то рӯзи дарёфти ҷасад, бовар дошт, ки духтараш зинда аст. Хуллас, тани беҷони Осияро баъдтар аз 1 канали ифлоси деҳаи Шӯроби н.Ҳисор ёфтанд. Ҷасади дарёфта ба ҳадде вайрон шуда буд, ки худи ҳамон рӯзи 13.09.2014 ӯро ба дасти хок додаанд. Зеро бадани кӯдаки бечора, рӯзҳои тӯлонӣ зери об мондаву сахт вайрон шуда буд.

Барои ҷустуҷӯи хоҳарон Араловаҳо бошад он шабу рӯз тамоми олами интернетӣ, ВКД, Кумитаи Амният ба по хест. Он сол ҳатто ФБР-и Амрико ба кор пайваста, ваъда карда буд, ки Ҷеймс Бондҳои Вашингтон хоҳаронро меёбанд. Вале фиаско хурданд ва чунон хап карданд, ки нафаси ФБР шунида нашуд. Аммо натиҷа ин шуд, ки боз аз назди ҳамин бино 1 тифли маъсум ғайб зад!...

Боби 2. Бибии кӯдакдузд ва мама-роза?

Тибқи ахборот, Ф.Б.-и 7-сола бо талошҳои кормандони фаврии УБОП баъди тақрибан 20 дақиқаи рабуда шуданаш озод карда шуд. Аз Матлубаи 48-сола, сокини ш.Душанбе роҳбар ва ташкилотчии рабудани Ф.Б. ном бурданд, ки ӯ сокини ҳамон бино ва аз ҳамсояҳои Араловаҳо будааст. Ӯ муассиси 1 маркази маҳсгарии "Маҳдия", воқеъ дар хиёбони Айнии ш.Душанбе (атрофи Маркази савдои “Садбарг”) буда, дар ин марказ 12 навъи маҳси бадан пешниҳод мешуд. Дар ин маҳсхона анвоъи секс-массаж низ пешниҳод мешудааст, ки ба забони авом чунин «роҳбарон»-ро Мама-Роза меноманд!

Матлуба соҳиби фарзанд ва 2 набера буда, ҳанӯз чанд моҳи пеш дар биное мезист, ки дар он хонаводаи Араловҳо зиндагӣ мекарданд. Ҳамчунин муайян шуда буд, ки 1 узви дигари ин гурӯҳ-Ғиёсов Раҳмоналӣ Эмомалиевич (с.1992 дар н.Ҳисор таваллуд шудааст), корманди Маркази тибби шаҳрии воқеъ дар маҳаллаи Советскийи ш.Душанбест. Ба гуфтаи масъулини ин Марказ, Ғиёсов ҳамчун «медбрат» дар ин муассиса кор мекард. Овозаҳо буд, ки шарики дигари ин гурӯҳ ронандаи таксӣ (шахсияташ номаълум) будааст…

Тафтишот аён кард, ки ин гурӯҳ дар маҳаллаи Зарафшони ш.Душанбе манзилеро ба иҷора гирифта, Ф.Б.-и ноболиғро баъди рабуда шуданаш бояд ба он манзил мебурданд. Ҳини кофтуков аз ин манзил асбобу олоти ҷарроҳикунӣ, сӯзандоруву таблеткаҳои беҳушкунанда (Феназепам, Диазепам), ҳатто либосҳои кӯдакона пайдо шуданд. Аз дохили мошине ҳам, ки Ф.Б. бо он бурда мешуд, сӯзандоруи тайёр ёфт шудааст, ки бо моеи беҳушкунанда омехта гардидааст. Тибқи нақли Фарангис Бадалова, модари Ф.Б. Матлубаро мешинохт ва бо ӯ аз пеш муносибати хуб дошт. Мақомот мегуфтанд, ки риштаи тафтишот даст доштани гумонбарҳо ба одамрабоиро ба ғайбзании Сабина ва Малика ва Осия наздик мебурд.

Боби 3. Осия чӣ хел гум шуд?

8.08.2014, соатҳои 11-и нисфирӯзӣ Осия Диловарова аз назди хонаашон, дар кӯч.Айнӣ 32/1 нопадид шуд. Ба гузашти 3 рӯз насби эълонҳо дар кӯчаву хиёбонҳои Душанбе дар бораи ғайб задани Осияи 5-сола кӯшиши наздикон ва амалиёти ҷустуҷӯи кормандони ҳифзи ҳуқуқ то кунун натиҷа надодаанд. Ба қавли яке аз пайвандони хонавода, холааш мехост, Осияро ба ҷои кори модараш барад, вале вақте аз хона берун шуд, аз кӯдак дараке набуд: «Вақте холааш ба ҳаммом медарояд, Осия худ либосҳояшро пӯшида, ба берун мебарояд. Осия назди обфурӯш омада, 1 сомониро дароз карда, об мепурсад. Лек обфурӯш мегӯяд, ки дар 1 сомонӣ об намешавад. Баъди ин дигар касе ӯро надидааст. Ӯро чунин тарбият карда буданд, ки ҳаргиз бо ваъдаи чизе бо нафари бегона ҳеҷ куҷо намерафт. Баъд аз он ки Сабина ва Малика гум шуданд, модараш ба Осия фаҳмонда буд, ки агар мабодо роҳгум занад, бинои хонаашон пушти “Садбарг” дар ошёнаи 8 аст. Яъне ӯ тамоми нишонаҳоро медонист». Вале бо ин ҳама танҳо ҷасади Осия ёфт шуду аз хоҳарон Араловаҳо то ҳол дараке нест. Ин дар ҳолест, ки таваҷҷӯҳ кун, хонанда, ҳамаи ин атфол аз 1 маҳалла гум мешаванду милиса хабаре намеёбад...

Боби 4. Гаравгонгирӣ дар Турсунзода

9 сол аз озодӣ маҳрум шудани кӯдакдуздон дар ҳолест, ки милисаи ш.Турсунзода зери раҳбарии Шоҳ Искандаров-сардори Шуъбаи корҳои дохилӣ Азимҷон Узоқови 17-сола, хонандаи мактаб-литсейи президентии ш.Турсунзодаро аз дасти гаравгонгирҳо зимни 1 амалиёт озод кард. Дар ин амалиёт 1 гаравгонгир кушта ва 2 тани дигар захмӣ шуданд. Ҳодисаи гаравгонгирӣ субҳи 6 декабр рух дод ва гаравгонгирҳо барои раҳоии ин наврас аз падари ӯ Шӯҳрат Узоқов $100.000 талаб карданд. Танҳо дар соати 12 шаб ШКД тавонист Азимҷонро раҳо кунад. Азимҷон гуфтааст, вақте субҳи 6 декабр дар роҳ ба мактаб 1 нафар номашро гирифта гуфт, ки дӯсти падараш асту дар мошинаш нишинад, то мактаб мебарад: «Ман ба гапи ин одами ношинос бовар кардам. Вақте дохили мошини "Тико" шудам, дар шикамам кордро гузошта гуфт, ки "ягон ҳаракати беҷо накун, ором бош". Баъд маро ба 1 хонаи истиқоматии тақрибан якунимкилометр дуртар аз манзили зистамон бурда, дастонамро бо скоч баста, ба падарам тамос гирифта гуфтанд, ки "100.000 доллар биёр, вагарна фарзандатро пора-пора мекунам”.

Ба нақли волидони Азимҷон, ҳама алоқаи онҳо бо гаравгонгирҳо телефонӣ сурат гирифта, бо баҳонаи ин ки пул оварда шудааст, онҳо аз макони нигоҳдории «гаравгон» ҳам бохабар шудаанд: «Соат тақрибан 11-и шаб буд. Кормандони милитсия дари хонаро шикаста, ба манзил ворид шуда хоҳиш карданд, ки писарро раҳо кунанд. Аммо яке аз мардони гаравгонгир маро ба хонаи дарунӣ бурд ва гуфт, ки агар пулро наоранд, маро мекушанд».

Ба гуфтаи ӯ, ҳангоме, ки миёни онҳо баҳс мешуд, босуръат фирор карда худро назди милисаҳо партофт. Нафаре, ки Азимҷонро маҳкам медошт, худро бо корд маҷрӯҳ карда, дар ниҳоят ба ҳалокат расид. 2 нафари дигарро кормандони милиса боздошт карданд. Шӯҳрат Узоқов, ки чандин сол ба ҳайси ҳуқуқшинос кор кардааст, гуфт, гаравгонгирҳоро намешиносад, вале медонад, ин кори онҳо аз пеш тарҳрезӣ шуда буд.

Боби 5. Колбаса аз гӯшти кӯдак?

Усулан кӯдакрабоиро то солҳои наздик камтар расонаӣ мекарданд, зеро ин на ба мақомот мақбул буду на бар ҷамъият. Чунки баробари пайдо шудани факти кӯдакрабоӣ дар ҷамъият паника ҳукмрон мешуд. Воқеан ҳам чаро паника накунанд, ки атфол аз заъфпазиртарин табақаи аҳолианд?…

Ҳамагӣ соле пештар аз ғайбзании хоҳарон Сабина ва Малика дар пойтахт овозае паҳн шуд, ки дар кадом корхонаи пинҳоние аз гӯшти одам, усулан кӯдакҳо, ҳасиб тайёр мекардаанду онро ба фурӯш мебаровардаанд. Албатта, ин овозае беш набуд. Аммо ин овоза дар чанд ҳафта қариб буд, аксарияти корхонаҳои ҳасиббарории ватаниро муфлис кунад. Ҳатто кор то ҷое расид, ки дар шарҳи овозаи мазкур Наврӯз Комилов-раиси Корхонаи шири пойтахт, ки ҳамзамон ҳасиб низ мебарорад, он замон ба СССР гуфт, «овозаро рақибони корхонаҳои ҳасиббарории Тоҷикистон паҳн кардаанд. Бинед, ки дар чанд моҳ корхонаҳои ватанӣ банкрот шуданд. Чаро ватанӣ? Зеро ин овозаҳо дар бораи колбасаи тоҷикист, на хориҷӣ. Акнун бинед, ки дар дуконҳои мо кадом навъи ҳасиб ба фурӯш меравад?!». Воқеан ҳам баъди ин овоза ҳудудан 6 моҳ мардум ё колбаса намехӯрд ё агар мехарид танҳо ҳасибҳои тошкандиву колбасаҳои Русияро мегирифт. Калкулятор лозим нест, то ҳисобу китоб кунӣ, ки овозаи «колбасаи тоҷикӣ аз гӯшти одам» ба истеҳсолоти ватанӣ чӣ зиён оварда буд. Аз даст додани фарзанд ин кори саҳлу сода не, балки даҳшат барои оила аст.

Бо ин ҳама овозаву дарвозаҳои дурӯғу бе поя падару модарон бояд 1 ҳушдори советиро фаромӯш накунанд:

-Кӯдаконро бе назорат нагузоред!

Муҳаммад Амин

СССР

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter