ХАБАРИ ДОҒ

Арча, Бобои Барфӣ, Барфак ва Абубакри Бағдодӣ

  • Душанбе, Дек 26 2016

Нонсенси миллӣ-1

Нафаҳмидед? Ин феҳристи вожаҳои имрӯз мамнуъ дар кишвари мост. Оре, Арчаву Бобои Барфиву Барфак, ки намунаи беҳтарини дунявияти давлати мо...буданд (!), низ қатори шодихӯрдагони Абубакри Бағдодӣ, ба феҳристи сиёҳ шомил шудаанд. Мепурсед чаро? Ба фикратон ман медонам?

На-ме-до-нам!!!

Зеро мо ҷамъияти нонсенс шудаем ва худ ҳам намедонем ба кадом самт рафта истодаем...

Ростӣ, шахсан ман, чизеро намефаҳмам, вақте дар давлатҳои арабии исломӣ, ба мисли Сурияву Ироқи дар хоку хун ғарқ, Эрону Аморат Арча гузоштан манъ несту дар мо аз он ор мекунанд. Ман зарари «Арчаҷон арча…»-ро ба идеологияву сиёсати имрӯзаи кишвар ҳич нафаҳмидам, ки нафаҳмидам. Вале мехоҳам он чиро, ки медонам, иброз намоям:

1.Агар горе-идеологҳои мо фикр доранд, ки Арчаи солинавӣ шеваи таҷлил аз мелоди Исо алайҳиссалом аст, пас чӣ бадӣ дорад, ки аз мавлуди пайғамбари Худо (оре, ӯ пайғомбари барҳаққ ва мурсали мо низ ҳаст!) ҷашн гирем? Ин ҳушдор ба салафипиндорҳои Тоҷик буд. 

2.Аммо Арчаи мо ба мелоди ӯ, ки ба 24 декабр (католикӣ) ва 7 январ (православӣ) рост меояд (Рождество, Christmas), ягон олудагӣ надорад.

3.Зимнан Арча шеваи таҷлил аз соли нави мелодист ва онро бояд оро дод. Зеро мо тибқи ТАҚВИМИ ГРИГОРИАНӢ ва ХРИСТИАНӢ кору фаолияту зиндагонӣ дорем!

4.Рӯиҳамрафта, агар намехоҳед Соли Нав таҷлил шавад, марҳамат, гузаред ба тақвими ҳиҷрии қамарӣ ва тамом. На худатонро ғам диҳеду на мардумро!

Ин матлабро шояд наменавиштам, агар 1 хонандаи СССР аз Дубай занг намезаду бо фиғон намегуфт, «Сайёф! Дубай пур аз Арчаи ороёфтаву атраксионҳои солинависту дар Душанбе ин ҳама нест: кӯдаконамонро куҷо тамошо барем?»...

О, буродарон, шумо дунявият гуфта, чиро дар назар доред? Ин мардум, ки беш аз 90% бархоста аз шӯравиянду хушбахтона ҳанӯз қатори 10% ҳоло фанатик нашудаанд, дар ин шабу рӯз куҷо барои дилхушӣ раванд? Худатон-ку хориҷа рафта Соли Навро таҷлил мекунед. Халқи камбағал куҷо равад? 

Масҷид? Мазор? Қабристон?...

Ҳоло, дақиқан намедонам, вале овозаҳост, ки дар шоу-барномаҳои Солинавии телевизионӣ калимаҳои «Арча», «Соли нав», «Бобои барфӣ», «Барфак» ва дигар вожаҳои алоқаманд ба соли навро манъ кардаанд! Ким, кто, кӣ ин дастурро додааст?...

Маълум нест. Аммо дақиқан ин дастуру супоришҳои шифоҳии а ля «каллаву салла» теша бар решаи Арчаи сарсабзи дунявияти мо мезананд. Зеро мо мардумро аз принсипи асосии давлатдории худ-дунявият (светский образ жизни)  кайҳо дур кардаем. Бовар надоред? 1 ҳафта мардумро сахт нагиред ва дар ин 7 рӯз то кӯдакони гоҳворагӣ ришашонро то ноф медавонанд...

Бо зӯрӣ ин радикализмро аз ҷамъият зудуда наметавон(ем)ед. Ба мардум иҷозат ва имконият диҳед, шароит муҳайё кунед, ки аз дунявияти сохтори давлатдории хеш пуштибонӣ кунанд. Яке аз нахустин гом дар ин роҳ маҳз устувор кардани Арчаи Солинавӣ ва ба кӯчаҳо рехтани Бобоҳои Барфиву Барфакҳост. Савганд ба номи Худо, ки рӯзе пушаймон мешавед. Сахт! Вале он рӯз дер мешавад...

Зиёда аз ҳама, ороиши Арча, яъне Сарв, ҳаргиз фарҳанги насоро ва аврупоиён нест. Арча, Ёлка ё худ Сарвро мо низ оро медодем. Аммо дар Наврӯз. 

Соъиб аст, ки мегӯяд:

Сарв аз бесамарӣ ҷомаи наврӯзӣ ёфт,

Ҷигари хеш махӯр, гар самаре нест туро...

Арчаи Солинавӣ-Бузургтарин дастоварди дунявии Тоҷиконро оҷилан ба кӯдакистонҳо, мактабҳо, донишгоҳҳо, кӯчаву хиёбонҳо, ба...миллати Тоҷик баргардонеддддддд!!!!!!!

Тамом вас-салом. Дар ин мавзуъ беш аз ин навиштан пургӯист. Мо Метавонем!

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter