ХАБАРИ ДОҒ

Редаксия супориш дод: Тӯҳфа хар!

  • Душанбе, Дек 26 2016

Корманди «Пайкар» мисле ки террористеро боздошт карда бошад, дастамро тофта, нагузошт тӯҳфаҳои солинавиашонро аккосӣ кунам ва дод зад: Охранаааааааа!!!!

 

17.12.2016. Соат бо вақти Душанбе 10:00 дақиқа. Бо супориши редаксия имрӯз барои харидани бастаи шириниҳо-тӯҳфаи солинавӣ барои фарзандони ҳамкорону ҳамқаламон ба кӯча баромада, нахуст тасмим мегирам аз чанд маркази савдои калони пойтахт дидан намуда, нарху навои тӯҳфаҳои солинавиро бубинам ва сипас вобаста ба арзиш тӯҳфаҳоро интихоб ва харидорӣ кунам. Аввал ба сӯи фурӯшгоҳи калони «Пайкар» роҳ пеш мегирам, зеро дар ин фурӯшгоҳ, новобаста аз нархҳои осмонӣ, интихоб бештар буда, сифату кайфияти маҳсулот низ бояд хубтар бошад: Реклама...

 Разборкаи хурд дар «Пайкар»-и бузург

Соат бо вақти Душанбе 10:30 дақиқа. Пас аз гузаштан аз назорати муҳофизони назди даромадгоҳи асосии фурӯшгоҳи «Пайкар», ки гӯиё террористонро тафтиш мекунанд (меҳмони пойтахт талхакаф мешавад ин ҳамаро дида, ки мабод ба Сурия нафаромадааст!), рост ба тарафи растаи тӯҳфаҳои солинавӣ меравам. Аз рӯи ҳисобам, дар ин раста беш аз 15 намуди тӯҳфаҳои солинавиро омода кардаанду боз ҳам барои тӯҳфаҳои нав ҷой ҷудо карда истодаанд. Пас аз 2-3 бор чарх задан 1 намуди тӯҳфаро интихоб намуда, хостам аккосӣ кунам, то Идибеку Шаҳрзоду Одинашо ва ғайраҳо (15 имзои дигар!) тӯҳафро интихоб кунанд. Вале... ух, на беҳуда номи Сурияро гирифтаму террористонро мисол овардам: фурсате нагузашта 1 ҷавон-масъули ҳамин растаи тӯҳфаҳои солинавӣ омада, бо ғазаби фавқуллода ва садои баланд дарафтод: «Сурат гирифтан мумкин нест! Ман гап мешунавам, ҳозир охранаро фарёд мекунам, бароварда пешат мекунад!». Ман, ки бори нахуст чунин бархӯрди кормандони фурӯшгоҳро дидам, лаҳзае мот гашта натавонистам садо барорам. Ба худ омада ба ҷавони дағал гуфтам, ки «агар суратгирӣ мумкин нест, пас чаро маро бо одобона огоҳ накардиву сӯям дарафтодӣ? Чаро дар ягон ҷо нанавиштед, ки суратгирӣ мумкин нест?», «Бура, коратро кун!»-чунин буд ҷавоби ӯ. Ӯ ҳамоно тӯҳфаҳои солинавиро ҷо ба ҷо мекарду ман хостам наздиктар рафта аз бейҷикаш номашро бихонам, лек ӯ дастамро 1 тараф кашида нагузошт, ки бейҷикашро бубинам. Маҷбур шудам администратор-маъмури фурӯшгоҳро пайдо карда, дар бораи бархӯрди дағалонаи кормандаш шикоят намоям. Нилуфар, маъмури фурӯшгоҳ, ҷавондухтари хеле ҳам хушмуомила арзи маро шунида, ваъда дод, ки бо чунин бархӯрди пулис-спецназ-корманди дағал, ҷиддан сӯҳбат хоҳад кард. Аён шуд, ки ин корманди бадахлоқ сиёҳкор-корманди муваққатии фурӯшгоҳ буда, танҳо барои 15 рӯз пеш аз фарорасии соли нав ба кор қабул шуда, вазифааш танҳо ҷобаҷокунии тӯҳфаҳои солинавӣ будааст. Вале наход «Пайкар»-и супер-пупери маъруф бо кормандонаш сӯҳбатҳои ихтисосӣ нагузаронад? Воқеан ҳам дар куҷои ин фурӯшгоҳ навишта шудааст, «Сурат нагиред! Нов фотографи, Не снимать!»?  Ин чӣ беодобист дар дили пойтахти ман???

Нилуфар бо узри зиёд маро дубора ба растаи тӯҳфаҳо бурда чанд намунаро нишон дода, ҳатто иҷозати суратгириро низ дод, то ин ки аз онҳо нороҳат набошам, аммо дилам аз чунин рафтор сахт хиҷил шуда буду фурӯшгоҳро тарк кардам. Арзонтарин тӯҳфаи идона дар «Пайкар» 51 сомонӣ нарх дошта, гаронтаринаш 800 сомонист. Дағалияшон ҳадду канор надорад! Ба ин фурӯшгоҳ беҳтараш наравед!!! Соли наватон муборак...

 Тӯҳфаҳои ғайритоҷикии «АШАН»

Соат бо вақти Душанбе 11:37 дақиқа. Фурӯшгоҳи «АШАН» дар арафаи соли нав 5-6 растаи худро ба тӯҳфаҳои идона, ширину шоколад, прянникҳо, ороиши манзилу арча ва бозичаҳои солинавӣ бахшидааст. Ман низ пас аз тамошои растаҳои «АШАН» сӯи тӯҳфаҳо роҳ пеш гирифтам. Беш аз 20 намуди тӯҳфаҳои қаннодӣ имрӯз барои интихоб ва харидории мизоҷон пешниҳод шудаанд. Лек тӯҳфаҳои «АШАН» 1 мушкил доранд: онҳо барои мардуми аврупоӣ омода шуда, андаруни тӯҳфаҳо ё фақат қанду конфет аст, ё танҳо прянникҳову марсипан. Марсипан-1 намуди ширинии нонист, ки бо гиёҳи хушбӯ ва каме тунд омехта шуда пухта мешавад, ки рамзи фарорасии соли нави милодӣ дар Аврупост, чизе шабеҳи Суманаки наврӯзии мо. Пеши худ фикр кардам, ки агар барои бачаҳо тӯҳфаи идонаи бидуни «Сникерс»-у «Марс» ва «Киндер»-у мандарин бихарам, онҳо ҳатман ғамгин хоҳанд шуд ва бо чунин фикр аз ин маркази калони савдо берун шудам. Тӯҳфаҳои солинавӣ дар «Ашан» аз 13 сомонӣ сар шуда, то ба 119 сомонӣ мерасид. Ашан равед агар аврупомизоҷед, ё вонамуд мекунед, ки «креатив» ҳастед? Соли наватон муборак...

 Тӯҳфаҳои дастраси «Садбарг»

Соат бо вақти Душанбе 12:32 дақиқа. Дар мағозаву марказҳои савдои атрофи «Садбарг» ва вокзали роҳи оҳан фурӯшандаҳо акнун барои овардану тайёр кардани тӯҳфаҳои солинавӣ шуруъ намудаанд. Ин аст, ки танҳо дар баъзе мағозаҳо 2-3 намуди тӯҳфаҳоро ба маъраз гузоштаанду халос. Теъдоди тӯҳфаҳои идона дар болои мизҳои алоҳидае, ки ҳамасола ба роҳрави пиёдагард дар шафати мағозаҳо гузошта мешаванд, низ ҳанӯз каманд. Нархи тӯҳфаҳои солинавӣ дар ин ҷо аз 8 сомонӣ сар шуда, то ба 45 сомонӣ мерасад. Дар дохили ин тӯҳфаҳо ҳам «Сникерс» ҳасту ҳам «Марс» ва ҳам «Киндер»-кӯдакон розӣ мешаванд! Ба гуфтае, «тӯҳфаҳои тоҷикӣ».

Вале ман, акнун саросема намешавам, зеро мебинам, ки ҳамарӯза нархҳо паст рафтан доранду тӯҳфаҳо беҳтар шудан. Ман низ азм мекунам боз 1 ҳафтаи дигар гаштугузор намуда, барои фарзандони Шаҳрзоду Идибеку Меҳрубону Одинашову дигар ҳамкорон ва дӯстони СССР тӯҳфаҳои беҳтарини оригиналӣ ва дастрасро харидорӣ намоям. Ҳол он ки пулашро-ку сардабир медиҳад?!

Мо метавонем!

Ҷамила Ҳусейнова

«подаркахар»-и СССР

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter