ХАБАРИ ДОҒ

Илҳомҷон Соҳибов: Керосин арзон шуд, чипта не!

  • Панҷшанбе, Дек 29 2016

Дар шумораи гузаштаи газета дар бораи гаронии нархи чиптаҳои парвози ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷик гуфтанд, ки сабаби асосии қиммат будани нархи чиптаи парвоз гаронии керосин аст. Илҳомҷон Соҳибов-директори генералии ҶСК «Ширкати таъминоти сӯзишворӣ» пас аз нашри матлаб бо СССР дар бораи нархи аслии керосин, имтиёзҳои ҶСК «Ширкати таъминоти сӯзишворӣ» ба ширкатҳои ватанӣ, қарзҳои ҳангуфти «Тоҷик Эйр», нархи воқеии маводи сӯзишворӣ ва таъсири он ба нархи чипта, шароиту имконоти ширкат сӯҳбат кард.

 

Керосинро арзон кардем, нархи билетро бардоштанд!

Мавсуф мегӯяд, ки ҶСК «Ширкати таъминоти сӯзишворӣ» тайи 2 соли охир нархи сӯзишвории авиатсиониро 4 маротиба поён фаровардааст: агар нархи 1 тонна керосин аз 1.04.2012 1883 доллари ИМА буд, то 1.06.2014 он ба 1690 доллар, 27.01.2015 ба 1600 доллар, 1.04.2015 – 1385 доллар ва 1.03.2016 он то ба 1120 доллари амрикоӣ фароварда шудааст:

-Аз моҳи феврали соли 2014 инҷониб ширкат нархи керосинро ба тадриҷ поён фароварда то 40% коҳиш додааст ва ин корро ба хотири дастгирии ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷик кардааст. «Пеш аз коҳиш додани нархҳо, яъне моҳи феврали соли 2014 арзиши чиптаи Душанбе-Маскав-Душанбе 2272,10 сомонӣ буд. Ҳоло вақте нархи маводи сӯхт то 40% поён фаромадааст, нархи чипта ба ин самт 2810 сомонӣ шудааст! Бо назардошти 40% коҳиш ёфтани нархи чипта, имрӯз чипта аз нархи доштааш, яъне 2810 сомонӣ бояд 837,82 сомонӣ бошад, лек чаро арзон нест?», - мегӯяд Соҳибов.

  «Тоҷик Эйр»-ро ба додгоҳ мекашем! 

Нархи 1 тонна маводи сӯзишвории авиатсионӣ имрӯз дар кишвар 1120 доллари амрикоиро ташкил медиҳад, нархи 1 тонна керосин дар фурудгоҳҳои Бишкек-670 доллари ИМА, Остона-850 доллар, Алмаато-960 доллар, Чимкент-748 доллар, дар тамоми фурудгоҳҳои Ӯзбекистон-1450 доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Дар фурудгоҳҳои кишварҳои дигар нарх болотар аст. 

Дар идомаи сӯҳбат Соҳибов гуфт, ки ширкаташ имрӯз танҳо ва танҳо бо ширкати ҳавопаймоии ватании «Тоҷик Эйр» мушкил дораду халос. «Мо аз моҳи октябри соли ҷорӣ ба ин ширкат маводи сӯхт намедиҳем. Зеро дар муддати 1 соли охир қарзҳои «Тоҷик Эйр» дар назди ҶСК «Ширкати таъминоти сӯзишворӣ» ба маротиб афзуда, имрӯз миллионҳо сомониро ташкил медиҳад. Чуноне гуфтам, мо маводи сӯхтро аз Федератсияи Русия тариқи пешпардохт мехарем. Чун дидем, ки «Тоҷик Эйр» дар фикри пардохти қарзҳояш нест, маҷбур шудем аз бонкҳои кишвар барои пешпардохти маводи сӯхт маблағи калон гирем. Барои сабукӣ бахшидан ба пардохти қарзҳои «Тоҷик Эйр», коршиносони мо реҷаи имтиёзноки пардохти қарзҳоро тайёр карданд, вале «Тоҷик Эйр», ки қарздор аст, бо баҳонаҳои зиёд аз пардохти қарз сарпечӣ намуда, баръакс боз ҳам санги маломат сӯи мо мезанад, ки ин ғайри қобили қабул аст. Тасмим гирифтем барои ин «Тоҷик Эйр»-ро ба додгоҳ бикашем».

 Бозор монополия нест

Мавсуф иброз менамояд, ки имрӯз дар Тоҷикистон касе бозори воридоти маводи сӯзишвории авиатсиониро монополия накардааст. Ҳар нафаре ва ширкате, ки мехоҳад бо воридоти керосини авиатсионӣ машғул шавад, озод аст.  ҶСК «Ширкати таъминоти сӯзишворӣ» аз моҳи августи соли 2009 дар шакли ҷамъияти саҳҳомӣ ташкил шуда, айни замон 195 коргар дорад. Ширкат дорои мошинҳои махсус барои кашонидани сӯзишворӣ, системаи муосири пур кардани онҳо бо маводи сӯхт ва лабораторияи санҷиши сифати керосинро дорад, ки дар кишварҳои ИДМ ҳамто надорад. Санҷишҳои ҳамасолаи IKAO ҳамеша ба шароит ва фаъолияти ҶСК «Ширкати таъминоти сӯзишворӣ» баҳои мусбат медиҳанд. Ширкат имрӯз аз он меболад, ки новобаста аз мушкилоти молӣ ва сари вақт напардохтани қарзҳои ширкатҳои ҳавопаймоии ватанӣ ҶСК «Ширкати таъминоти сӯзишворӣ» аз касе ва чизе қарздор нест.

М. Аминзода, СССР

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter