ХАБАРИ ДОҒ

Табрикоти Президенти Федератсия футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ба муносибати таҷлили ҷашни 80 солагии ФФТ ва фарорасии Соли нави мелодӣ

  • Ҷумъа, Дек 30 2016

Ҳамватанони азиз, дӯстдорони футбол!!!

Футбол ба ҳаёти иҷтимоии халқи Тоҷик, аввали солҳои сиюми саддаи гузашта ворид гашта, ба зудӣ шӯҳрат пайдо кард. Дар оғози ин сол, дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон дастаҳои аввалини футбол таъсис ёфта, байни онҳо мусобиқаҳо доир мегашт. Ба ин бозӣ таваҷӯҳи мардуми маҳаллӣ зиёд буд. 

Бо назардошти оммавӣ  шудани футбол дар мамлакат ва бо мақсади беҳтар ташкил намудани мусобиқаҳо байни дастаҳои навтаъсис, соли 1936 дар назди Кумитаи варзиш -  Шӯъбаи футбол ташкил карда шуд.  Ин сол дар таърихи футболи миллӣ -  ҳамчун “Соли  таъсисёбии Федератсияи футболи Тоҷикистон” шинохта мешавад. 

Баъд аз барҳам хӯрдани Иттиҳоди собиқ ва истиқлолият пайдо кардани Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтори идоракунандаи футбол дар Тоҷикистон низ тағйир ёфт ва марҳилаи нави рушду инкишофи футбол оғоз шуд.

Федератсияи футбол дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчун ташкилоти мустақили ҷамъиятии варзишӣ ба қайд гирифта шуда, соли 1994 ба аъзогии FIFA шомил гашт. 

Ҳамкасбони азиз! 

Айни замон, фаъолияти Федератсияи футболи Тоҷикистон аз  муносибати ҳар яки мову шумо ба кори худ вобастагӣ дорад. Масъулони соҳаро зарур аст, ки фаъолияти худро дар заминаи дастурҳои муосири футболӣ ба роҳ монда, якҷоя барои расидан ба натиҷаҳои баланд кӯшиш кунем.  

Имрӯз, дар ҷумҳурӣ барои машғул шудан ба футбол тамоми имкониятҳо мавҷуданд. Федератсияи футболи Тоҷикистон нақшаи стратегии рушду инкишофи футболи миллиро омода намуда, мақсад дорад, ки дар ҳамкории бевосита бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии мамлакат, Кумитаи миллии Олимпии Тоҷикистон ва дигар ташкилоту муассисаҳо онро амалӣ гардонад.  

Дар охир, шахсан аз номи худ ва аз ҷониби  Кумитаи Иҷроияи Федератсия ба ҳамаи онҳое, ки  бо мо ҳамкорӣ карда, дар рушду инкишофи футбол саҳмгузорӣ мекунанд, изҳори сипос намуда, бо истифода аз фурсати муносиб, 80 солагии Федератсияи футболи Тоҷикистон ва фарорасии Соли нави мелодиро ба шумо ва ба тамоми мухлисони футболи Тоҷик табрик мекунам. 

Хонаободу сарбаланд бошед!

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter