ХАБАРИ ДОҒ

Human Story-1

 Ман чанд «камбудӣ» дорам. Ва яки он бо солхӯрдагон, одамони оддӣ, деҳқону фаррошу коргар, бо саводу бе савод ва ҳатман кӯдакон сӯҳбат оростан аст. Зеро ман аз ин сӯҳбатҳои самимӣ ва бидуни тамаллуқ маншаъ мегирам. Зеро ин гуфтугуҳо бисёр проблемаҳоеро шахсан барои ман равшан мекунанд, ки ман аз онҳо бехабар будаам. Зеро ин сӯҳбатҳо чунон фолклор, Human Story-саргузашти мардумӣ, зинда ва мардумианд, ки фикр мекунам, бори аввал ин ё он вожа, сухан, фикрро…мешунавам.

Аз ҳар сӯҳбат ман ғизои фикр мебардорам ва ҳатман онро дар корам истифода мекунам. Плагиат? Шояд. Аммо ин плагиати мардумист ва чун ман худ аз ҳамин ҷамъияти оддии коргар бархостаам, фикр намекунам, ки он плагиат-дуздии фикр бошад. Хулласи калом, ин субҳ (25.12.2014) бо кӯдаконам сӯҳбат оростам ва чун сухан аз боби донишу маърифат ва илмандӯзӣ рафт, аз ҳарфи ишон ба ҳолати шок уфтодам: Онҳо гуфтанд, ки «Муаллимонамон мегӯянд, беҳтар будӣ, ки аробакаш мешудем, на омӯзгор…Чунки аробакаш аз мо пулу пайсаи зиёд ва зиндагонии хубтар дорад!»…

Инро кӣ мегӯяд?! Нафар(он)е, ки бояд дастгоҳи аёнӣ барои донишандӯзии атфол буда боша(н)д. Ибни Сино будан шарт нест, то донӣ, ки бо ингуна дастгоҳҳои аёнӣ атфоли мо аз хондан дилсард, аз мактаб қимобӣ ва аз илм гурезӣ мешаванд. Ба кӯдаконам 45 дақиқа исбот кардам, ки муаллимонашон дурӯғ гуфтаанд, зиракӣ кардаанд, то ба зиндагониашон «чашм нарасад». Зеро, мегуфтам ман, ҳаргиз омӯзгор-фахри ману шумо, зиндагонии пасттар аз аробакаш надорад. Зимнан перомуни бадии «касб»-и аробакаш, иллату маризиҳои он сӯҳбат кардам ва ҳатман роҷеъ ба ҳаромии нони ғуломӣ ва бегонагии муздур-ғулом-аробакаши рус будан, ба дину оин, мазҳаб ва хуни ориёии мо ҳарф задам. Онҳо маро фаҳмиданд ва «розӣ шуданд, ки муаллимашон зиракӣ кардааст» ва ба илму дониш дилашон гармтар шуд. Аммо ба садҳо ҳазор кӯдаки дигари Тоҷик кӣ мефаҳмонад, ки чунин «муаллимон», ки ҳазорон бор набуданашон беҳтар аст, «шӯхӣ мекунанд, дурӯғ мепарокананд ва зиракӣ доранд»? Дастгоҳҳои аёнии мо-омӯзгорони мактабҳои таҳсилоти умумӣ чаро беҳтарин машинаи таблиғотии антидонишӣ шудаанд? То ба ин суол посух наёбем, ҷамъияти мо дармонда аст. 

Ба пиндори ман, чунин муаллимон набояд дар мактабҳо дарс гӯянд. Бигзор муаллим нарасад, бигзор чанд фанн дар мактабҳо холӣ монад. Аммо ин беҳтар аз онест, ки мударрисини тамаъҷӯ ва тасодуфӣ монеъи донишандӯзӣ гарданду ба илмситезӣ ва мактаббадбинии 1 кӯдак мусоидат кунанд!

Баъди сӯҳбат бо атфол ва шунавидани ин иддао ман сареҳатан сарчашмаи бадбахтии илмсетизиро дарёфтам: муаллимоне, ки касби пуршарафтарини хешро назди толибилмин паст мезананд. Ман бовар дорам, ки мударрисини собиқадор ва соҳибиззат ҳаргиз ба кӯдак чунин нахоҳанд гуфт. Шояд зумрае ҳам пушаймон бошанд, аз интихоби кардаашон. Аммо ҳаргиз онро ошкор намекунанд. Ба вежа назди мактаббача...

Ҳамин ҳол қиссае ёдам омад. 2 сол пеш репетитор-устоди хонагии математика барои фарзандонам меҷустам. Бо кӯмаки Раҷаби Мирзо-журналисти шинохташуда, муаллимеро киро кардем. Ҳаргиз барои маош талош надошт ва гуфт, чӣ пуле медиҳед, розиям. Ба кӯдакон дарс мегуфту шеър мебофт, суруд мехонд ва ҳисобу китоб меомӯзонд. Атфоли ман ӯро медиданд, чун булбул атрофаш чаҳ-чаҳа мезаданд ва ҳатто ҳузури маро фаромӯш мекарданд. Зеро ӯро кӯдакон дӯсттар медоштанд. Ҳамчун омӯзгор! Ҳамеша лабонаш пуртабассум буду дар дарс сахтгир. Ту гӯӣ, ки аслан дар умраш ягон проблема надорад…

Боре ҳамсӯҳбаташ шудам. Гуфт, ба синни 60 наздик шуда ҳам бошад, хона надорад. Ва афзуд, ки генералҳои номӣ, бизнесменҳои аршад, бозордорҳои маъруфи кишвар аз шогирдонаш будаанд. Аммо ҳаргиз ба онҳо муроҷеъ нашудааст. Чун сабаб пурсидам, гуфт: «Агар ман пеши онҳо сар хам кунам, обрӯи муаллим чӣ мешавад?»

Он муаллим соли 2014, ахиран, соҳиби хона шуд. Дар Гимназияи президентӣ ба кор рафт ва хонааш доданд. Ба мақсад расид! Вале кадом мақсад? Ҳадафи ӯ хонаву дар набуд, ҳарчанд ин ҳама тақозои зиндагонист. Мақсади ӯ обрӯву мартабаи хешро ҳифз кардану ба шогирдон аз проблемаи инфиродӣ лаб накшодан буд. Ӯ ахиран исбот намуд, ба худу шогирдон ва зану фарзандонаш, ки обрӯи муаллимро нарехта низ метавон комёб шуд! Баъдан фаҳмидам, ки ин муаллимро падараш ҳам муаллим будаасту модараш низ ва бобову бияш ҳам. Яъне касби пуршарафи омӯзгорӣ касби падарияш буда!

…Медонам, касби омӯзгорӣ вазнину сангин аст, ба вежа дар даврони гузарише, ки имрӯз мо дорем. Аммо агар муаллим мубаллиғи бесаводӣ ва мунодии аробакашӣ шавад, магар ин ҷамъият рушд мекунаду сатҳи зиндагонии худи ҳамин мударрис беҳтар мегардад? Суоли матраҳ аст, албатта, ки баҳси Ихвон ал СССРро талаб дорад. Мо Метавонем!

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter