ХАБАРИ ДОҒ

SOS: Дар Душанбе бензину картошка гарон шуд!

  • Душанбе, Март 13 2017

Аз фоҷеаи мардум истифода карда, «Сомонэйр» нархи чиптаи ҳавопайморо аз 310 то 540 сомонӣ бардошту «Тоҷикматлубот» картошка-мусорашро фурӯхт...

Ҳафтаи ахир картошка аз бозорҳо фирор кард! Бензину солярка қимат шуд. Шояд барои нахустин бор дар таърихи давлатдории мост, ки барои картошка – ғизои асосии мардуми мо баъди орд, ЛИМИТ муқаррар гардид. Сӯзишворӣ низ бо лимити 70 литр сари 1 нақлиёти ҷамъиятӣ ба фурӯш рафт. Ин чист? Буҳрони навбатӣ ё макри тоҷирони мо? Хабарнигори СССР мавзуъро пайгир шуд...
1.Тарма ва тушка
Моҳҳои январу феврал барои мардуми Тоҷик моҳҳои мушкилзову хатарнок буданду барои бархе аз хонаводаҳо мусибат низ оварданд. Хоса, фаромадани тармаҳои зиёд дар ағбаҳо, ки мислашро мардуми кишвар тайи 60 соли охир надида буд, боиси марги шаҳрвандон, дар банди барфу ях муҳосира шудани теъдоди зиёди мусофирон ва баста шудани роҳҳои байни минтақаҳои мамлакат, махсусан Суғду Бадахшон гардид. Мо қаблан дар бораи чунин вазъияти нигаронкунанда ва марги чандин нафар шаҳрвандонамон дар зери тарма дар матлабҳои махсус гуфта будем, ки бар сари мардуми Тоҷик мусибат омаду бояд сабру таҳаммул кард, даст ба хайру сахо зад. Вале буданд ширкатҳову нафароне, ки аз ин мусибати бар сари мардуми Тоҷик омада истифода карданд, манфиат ба фоидаи киссаи худ ҷустанд. Мурдаро монда тӯт хурданд...
2.  Ҷаҳиши нархи чиптаи «Сомон Эйр» ба Хуҷанд
Дар баробари фаромадани тармаҳои шадид дар роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд-Чанок, ки аз миёнаи моҳи январ оғоз шуд, ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» нархи чиптаҳои парвозро аз рӯи хатсайри Душанбе-Хуҷанд якбора то 2-3 маротиба боло бардошт. Агар қабл аз 10.02.2017 нархи 1 чиптаи парвоз аз Душанбе ба Хуҷанд ё баракс 310 сомониро ташкил медод, рӯзҳои 17-18-и феврал он алакай то 540 сомонӣ бардошта шуд. Ҳатто буданд ҳолатҳое, ки мардуми мушкилдошта барои харидорӣ намудани чиптаи 700 сомонӣ ҳам розӣ мешуданд. Мардуми мусофиру дар банд монда, ба намояндагони воситаҳои ахбор дар бораи гаронии нархи чиптаи Душанбе-Хуҷанд шикоят ҳам карданд, лек ширкати «Сомон Эйр» бо пахши 1 баёния дарҳол эълон дошт, ки нархи чиптаҳоро гарон накардаасту ин шикоятҳо воқеият надоранд. Дар он замоне, ки ширкати «Сомон Эйр» баёния пахш мекард, бархе аз мусофирон чиптаи парвозро ба Хуҷанд аз худи хазинаи назди ширкат ба маблағи 517 сомонӣ ба даст меоварданд ва имрӯз низ ин нарх тағийр накардааст! Нархи чиптаи парвоз ба самти Душанбе-Хуҷанд аз ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» бошад дар тӯли ин ҳама вақт бетағийр монд-290 сомонӣ! Ширкати «Сомон Эйр» саъй кард аз ин мусибати ба сари мардум омада ба фоидаи хеш истифода барад...
3. Сӯзишворӣ ҳам қимат шуд
Ширкатҳое, ки бо вориди маҳсулотӣ нафтӣ ва сӯзишворӣ машғуланд, рӯзи 23.02.2017 тариқи матбуот эълон намуданд, ки гази табииву сӯзишворӣ дар пойтахт ба охир расида, танҳо барои 1 шабонарӯз захира ҳасту тамом. Сабаби ин ҳолатро тоҷирон дар банд будани роҳи Душанбе-Хуҷанд, ки тайи беш аз 1 моҳи охир дар асорати барф буд, вобаста  карданд. Гӯё, резиши аз ҳад зиёди тарма боиси мунтазам баста шудани роҳи автомобилгард шуда, барои ҳаракати мошинҳои гаронвазни маводи сӯхт мекашонида монеа эҷод кардааст. Бояд қайд намуд, ки маводи сӯхт асосан аз Қирғизистону Русия тариқи шимоли мамлакат вориди Тоҷикистон гашта, сипас бо мошинҳои махсуси нафткашон ба пойтахт ва вилоятҳои Хатлону Бадахшон бурда мешавад. Мушкил будани роҳ боиси он гашт, ки мошинҳои гаронвазн натавонистанд минтақаҳои яхкардаи роҳро убур намоянд ва ин сабаби кам шудани маҳсулоти сӯзишворӣ дар нуқтаҳои фурӯши он дар пойтахт гашт.
Рӯзи 25.02.2017 мухбирони СССР дар шаҳрҳои Душанбеву Қӯрғонтеппа ва Панҷакент аз нуқтаҳои фурӯши маҳсулоти сӯзишворӣ дидан намуда, дар бораи захира ва нарху навои намудҳои гуногуни маводи сӯхт низ суол карданд.
Субҳи рӯзи 25.02.2017 дар аксарияти нуқтаҳои маҳсулоти сӯзишвории пойтахт гази табиӣ набуд. Нархи 1 литр бензини навъи АИ-92 ва АИ-95 то 40-60 дирам боло рафта, ҳоло 6-6.20 сомониро ташкил медиҳад. Бархе аз фурӯшандаҳои бензину солярка, ки аз дуюмӣ бештар нақлиёти ҷамъиятӣ истифода мебарад, рӯирост мегуфтанд, ки сӯзишворӣ нест ва агар лозим бошад, метавонанд то 10 литр пайдо намоянд. Вале бо қиммати 7 сомонӣ сари ҳар 1 литр…
 4. «Тоҷикматлубот» картошкаро лимит кард
Фӯрушандагони маҳсулоти кишоварзӣ, хусусан картошка низ аз вазъияти ба амал омада истифода карда, картошкаҳоро дар сардхонаҳо пинҳон намуданд ва танҳо ба дӯстону ошноҳои худ фурӯхтанд. Чунин ҳолатро дида Иттиҳодияи «Тоҷикматлубот» маҷбур шуд аз захираҳои худаш ба бозор картошка барорад ва бо меъёр фурӯшад. Рӯзҳои 23 ва 24 феврал дар бозори «Саховат» картошка умуман набуд.
Субҳи рӯзи 25 феврал мошинҳои Иттиҳодияи «Тоҷикматлубот» аз ноҳияҳои тобеи марказ ба бозор картошкаву пиёз ва сабзӣ ворид карданд. Нархи пиёзу сабзӣ аз 80 дираму 1 сомонӣ гарон нашуд, аммо картошкаро дар мошинҳо бо нархи 3,5 сомонӣ сари ҳар 1 кило фурӯхтанд. Аз ҳама муҳимаш ба 1 нафар харидор танҳо 4 кило картошка мефурӯхтанду халос, ки дар миёни мардум паника ба вуҷуд овард! Меъёр!
5. Фиреби шаръии «Тоҷикматлубот»
Вале картошкаи «Тоҷикматлубот» на ба ин нарх меарзид ва на сифат дошт: картошкаҳои хурду миёна ва қисми зиёдаш пӯсида! Шахсан муаллифи ин сутур барои санҷиш,  4 кило картошка харид, ки танҳо 1 килояш солим баромаду дар 1 бирён кардан тамом шуд. Бо забони дигар Тоҷикматлубот аз вазъият истифода карда, ба чашмони роҳбарият хок пошида, гӯиё вазъро ба назар гирифтаву картошка ба фурӯш баровард. Аммо дар асл, онҳо «мусор»-и худро аз амборҳо ба мардуми бечора бо нархи ҳангуфт фурухтаву бо 1 тир 2 фохта заданд: ҳам пул ба даст оварданду ҳам рапорт доданд, ки ба мардум хизмат кардаанд!!!
Субҳи рӯзи дигар аз бозори «Деҳқон» бо нархи 2,2 сомонӣ миқдори лозимаи картошкаи босифатро харидорӣ кардан мумкин буд. Ана, ин аст муносибати мо ба ба мусибати мардум ва сӯистифода аз вазъияти фавқуллода: то метавонем аз ғами дигаре ба фоидаи худ истифода мебарем ва боз шарм надошта мегӯем, ки меҳнати ҳалол кардему нонамон ҳалол аст. Аз мост, ки бар мост! Мавзуъро пайгир мемонем. Мо метавонем!


Мину Аминзода,
журналист

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter