ХАБАРИ ДОҒ


(Ҷавоб ба мақолаи А.Муҳаббатов ва С.Салимова «Ёвон: Муаллим кист? Пулчинак!». СССР, №4(437), 26.01.2017)
Муаллифон навиштаанд, ки «аз аввали соли хониш оғоз меёбад «пулталабӣ»-и муаллим. Аввал маблағи китобҳои иҷора ҷамъ мекунем…». Бадбахтона муаллифон аз тартиби ба иҷора додани китобҳои дарсӣ ва маблағҳои гардони он дар муассисаҳои таълимии кишвар, ки бо Қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми ҶТ аз 29.12.2012, таҳти №22\26 асоснок карда шудааст, хабар надоранд. Муҳаббатов ҷонишини директори мактаби №2 нишондодҳои банди 45-уми низомномаи мазкурро дағалона вайрон намуда, амалишавии онро зери хатар гузоштааст. Мусаллам аст, ки ҳар 2 омӯзгори азиз дар тасдиқ ва муҳокимаи буҷаи мактаб ё иштирок накардаанд, ё дар вақти муаррифии буҷаи сол бефаолиятӣ зоҳир намудаанд. Муаллифон дар идома оид ба «обунапулӣ» ва «чиптапулӣ» гуфтаанд. Тибқи муқаррароти моддаи 16 Қонуни ҶТ «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма» «маҳсули воситаи ахбори оммаро бевосита редаксияи он ё дар асоси шартнома ва ё дигар воситаҳои қонунӣ ташкилотҳои паҳнкунандаи нашрияи даврӣ, ҳамчунин шахсони воқеӣ паҳн мекунанд». Обуна ба маҷаллаву нашрия дар муассисаҳои таълимӣ ихтиёрист. Обуна ба нашрияҳои бачагона набояд боиси нигаронии шумо барин омӯзгорон шавад. Ҷои дигар муаллифон оид ба тафтиши кори омӯзгорон аз ҷониби кормандони раёсати ВКД вил.Хатлон ишора кардаанд. Ҳол он ки ҳамкорӣ бо органҳои қудратӣ танҳо ба манфиати кор буда, ба сатҳи фаҳмишҳои ҳуқуқии хонандагон таъсири мусбат мерасонад…


Сафаралӣ Собиров, мудири шуъбаи маорифи н.Ёвон

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter