ХАБАРИ ДОҒ

Мазорпарастӣ: Хурофот, ё таоруфи бобоӣ?

  • Сешанбе, Март 28 2017


Дар миёни ақвоми ориёинасаб ба мазорот арҷ мегузоранд. Исломи ноб низ ин амалро манъ накардааст. Вале чун ҷараёнҳои ҷадиди ба ном исломӣ, дар Ироқу Сурия тамомии мазоротро ба хок ҳамсон карданд (Мазори воқеии Султон Увайси Қаранӣ низ аз булдозери онҳо эман намонд!), тасмим гирифтем, дар арафаи Наврӯзи дилафрӯз муруре кунем бар шеваи мазорпарастии Тоҷикон дар асри 21. Ин чист: хурофот ё таоруф?
Бо мо бош, хонанда, ки бисёр чиро меомӯзӣ. Зеро Мо Метавонем!

Ба номи Худо савганд мехӯранду мазор не!!!
Дар Тоҷикистон, ба вежа, дар минтақаи ҷануби кишвар, эътиқоди қавие доранд ба мазорот ва каромоти ашхоси мадфун дар ин оромгоҳҳо. Ба гунаи мисол ҳини ҳалли қазияи адамушшоҳид дар Кӯлоб ба Худову Қуръон савганд хӯранд ҳам, барои боварии комил доштан аз муддаӣ талаб мекунанд, ки ба рӯҳи Сайид Мир Алии Ҳамадонӣ ё худ Ҳазрати Амирҷон ҳам қасам хӯрад. Дар аксари маврид, аз тарси ғазаби нафари фавтида дар ин марқад дурӯғгӯ қасам намехӯрад.
Бин, хонанда, ки аз Худову Қуръон камтар метарсанд, ки аз Ҳазрати Амирҷон тарсида бошанд. Ин чист? Дар поин шарҳ медиҳем. Мо метавонем!

Мазорпарастӣ-худопарастист!
Ҳотам Асозода-маъруфтарин олими фиқҳ дар Кӯлоб ва нафаре, ки дар мавриди мазорҳои маҳалла аз 1 рисолаи илмӣ кор гирифтааст, мегӯяд, дар бархе маврид ин эътиқоди мардум ба мазорот болотар меистад аз бовари ишон ба худи Ислом.
Вале ҳамзамон меафзояд, ки ба мазороти мардони марди Ислом арҷ гузоштан, ин арҷгузорӣ аз Худову Расули ӯст:
Мардони худо Худо набошанд,
Аммо зи Худо ҷудо набошанд.
Ин тоифа теғи обдоранд,
Ҷон аз тани беадаб бароранд!...
Ба забони дигар, мазори бузурге парастидану ба номи ӯ савганд задан, ҳини қазияҳои машкук, 1 навъ тавассути дӯстони Худо ба номи онҳо, вале дар асл худи Худо қасам хӯрдан аст.
Дар аксари маврид, майзадаҳо, наркоманҳо, авбошони маҳаллӣ агар «бас карданӣ шаванд», ба пулису наркологический диспансеру духтур не, ба мазори Ҳазрати Амирҷон муроҷиат мекунанд ва таҷруба нишон додааст, ки ҳудуди 80% аз ишон аз ин аъмоли зишту манфур даст мекашанд!
Зеро мардум аз савганд ба номи Ҳазрати Амирҷон метарсанд ва андеша доранд, ин пули наздиктарини расонидани ин паймону савганди ишон ба Худост...

Латтабандии мазорот
Дар аксари маврид ин боварро хурофот, ҷаҳолат, нодонӣ баҳогузорӣ кардаанд, ки саҳеҳ нест. Мазори падару модарро низ парастидану сари он савганд хӯрдан аз таоруфоти антиқии ориён аст ва на танҳо онҳо: мусалмонон низ дар авоили пайдоиш чунин савгандро мехӯрданду христиану яҳудон низ.
Вале мазороти Тоҷик 1 вежагии дигаре доранд: Латтабандӣ...
Воқеан ҳам латтабандиҳои оромгоҳҳо ба нияти шафоати мазорот, бо шохи бӯзу гӯсфанд оро додани қубури наздикон, қурбониҳо сари оромгоҳҳо, будани мазороти ифтихории афроде, ки аслан ба Тоҷикистон наомадаанд, бӯсазании пойгоҳи оромгоҳҳо, бо ҷорӯб сари худро рӯфтанҳо, санги мазорро ба дидамолиҳо, ба нияти фарзанддор шудан, ба шавҳар баромадан ва кушоиши бизнес(!), ба мазор муроҷеъ шуданҳо, бахшиши атфоли мариз ва назри кӯдакон ба мазорот ва эъломи ҳукми ғуломии онҳо ба қабри машоиху бузургони ислом як навъ хурофот талаққӣ мегардад. Ва аммо оё дар воқеъ ҳам чунин аст?
Дар ин маврид Ислом ҳукми қотеъ ва бебозгашт дорад: Накунед! Тавофи мазор манъ аст! Бӯса заданҳо бар пояи қубурот, ҳатто агар Ҳазрати Амирҷону Шақиқи Балхиву Султон Увайси Қаранӣ ва ё Бурхи Валӣ бошад табу аст... Аммо ин аҳкоми Ислом эътиқоди мардумро ба мазорот заъиф накард ва намекунад. Ва то ҳанӯз мардум бар бовар аст, ки мазорот шафоатгари онҳо ҳастанд ва мемонанд. Мардуми Тоҷик ва дар ҷамъ аҳли мазҳаби Ҳанафия ба мазор эътиқод дорад, онро парастиш мекунад ва аз он талаби шафоат месозад.
Даврони Айниддин-хонанда ва узви Ихвон Ал СССР, ки дар наздикии мазори Имом Таърифӣ, воқеъ дар н.Восеъ ба сар мебарад, дар сӯҳбат бо мо мегӯяд, ҳарчанд одамон намедонанд, ки худи Имом Таърифӣ кист ва дар ягон маъхаз бо ин ном дучор нашудаанд, оромгоҳро зиёрат мекунанд, аз ӯ, яъне мазор талаби бурди кору зиндагии хушу мансабу курсӣ ва зану фарзанди ҳасана менамоянд...

Шафоати табиӣ дар мазор
Шӯҳрати ин мазор то ҷоест, ки афроди давлатмарду савлатдори Тоҷикистон, ки бархеста аз ин маҳаллаанд, то ҳанӯз ба ин ҷо ба тавоф меоянд ва аз мазор шафоат металабанд. Воқеан ҳам ин мазори Имом Таърифӣ 1 шафоати табиӣ низ дорад. Аз зерпояи он оби шифои тунде мерезад, ки наздикӣ ба оби маъдани Набеглавию Нарзани Гурҷистонро дорад. Ҳар нафаре аз ин об 2-3 ҷуръа нӯшад, бо гарантияаш (!!!) ҳазми хӯрок менамояд ва агар 2-3 рӯз истеъмол кунад, аз дарди сангини меъда раҳо мешавад. Шояд ҳамин атрибутикаҳои табиист, ки ин мазор шӯҳратёр гаштааст. Вале ин мавзеъ махсусияти дигаре ҳам дорад:
-Аз оби он чун Шоҳамбарӣ барои бизнес истифода намекунанд. Мазор «мезанад»! Хуб аст, ё бад, ин андеша, мо коре надорем, вале маҳз ҳамин тарс аст, ки оби мазор дастраси ҳамагон аст. Дар сурати акс кайҳо атрофи онро баставу пулакияш мекарданд!!!

Мазорпарастӣ сипар аз экстремизм
Ҷараёнҳои экстремистии исломӣ, чун салафия ва ваҳҳобия талош доранд, эътиқоди мардумро ба мазорот коҳиш диҳанд. Кор то ҷоест, ки ҷавонҳо ҳатто барои дуо кардан сари гӯри волидайн намераванд ва ҳар ришбетартибак бо ҳидояти пираш шуморо ҳатман аз роҳ мезанад, ки рӯи гӯри волидайн ва наздикон гуле нагузоред, санг намонед, дуо нахонед ва тавонед гӯрашонро ба замин ҳамвор созед. Маҳз ҳаминҳо буданд, ки Оромгоҳи Султон Увайси Қараниро дар Сурия ба хок яксон сохтанд. Ва ин дар ҳолест, ки хушбахтона бо дастгирии ҳукумати марказӣ ва н.Ховалинг марқади фахрӣ (на аслӣ)-и Султон Увайси Қаранӣ дар Ховалинг обод шуд, коху кӯшкҳо қомат афрохтанд, масҷиду ошхонаҳо боз шуданд ва ҳамарӯза то 1-2 ҳазор нафар аз тамомии Тоҷикистон ба тавофи ин мазор меоянд...
Даъвии ин неомусалмонон ба ҳадде бепоя аст, ки намедонанд, саду ҳазорон марқади аҳли тасаввуф, ислом, муҷоҳиддини асил ва ғозиён, ҳамчун Исмоили Сомонӣ, Шақиқи Балхӣ, Увайси Қаранӣ, Аттор, Хайём, Ҳофиз, Саъдӣ, Хоҷа Машҳад... маҳз дар даврони тантанаи исломи ноб ва императорӣ, яъне Хилофати исломӣ, гузошта шудаанд, на дар даврони зардуҳуштиву оташпарастӣ ва ё ҳадди ниҳоӣ советӣ. Вале чун инҳо ақл надоранду фикр намекунанд, бо ишон баҳс бе фоида аст...
Дар зимн 1 аниқ...доте аз Мавлавӣ Абдулваҳҳоби данғарагиро дар нисбат ба ин ришбетартибакон овардан саҳеҳ аст, ки боре нашр ҳам шуда буд:

Латифа
Деҳаи Ғар-ғараи н.Данғара. 3 навришдоре ба маъракаи худоии майите ҳозир шудаву мардумро ба «насиҳат» мегиранд, ки ин корҳоро накунанд, худоӣ, сари гӯр рафтан, мурдагонро ба некӣ ёд кардан ва ғ. ва ҳ. (Танзим! Маро мешунавӣ? Шумо ба осиёби ким об рехтан доред бо манъи худойиҳо?!). Ин замон Мавлавӣ Абдулваҳҳоб аз онҳо суоле мекунад:
-Мебахшед, домуллоҳо! Чаро гову хару гӯсфанд ҳамон 1 алаф мехӯранду саргинашон фарқ мекунад?
«Домуллоҳои гиромӣ» чуқур андеша карда, мегӯянд, ки намедонем. Абдулваҳҳоб Назаров-полковники мустаъфӣ ба онҳо хитобан мегӯяд:
-Шумо, ки фарқи саргини харро аз гӯсфанд намедонед, номаъқул карда дар 1 маъракаи бонуфуз мардумро насиҳат мекунед?
Ришдоракон бо сари хам маъракаро тарк мекунанд...
Ана ҳамин Абдулваҳҳоби мо бо дастгирӣ ва пуштибонии Маҳмадраҳим Каримов-тоҷири номдор, дар н.Данғара 1 мазореро обод кардаанд, ки ҳоло худашон ҳам намедонанд, ин мазори кист??? Вале дар ин бора дар шумораҳои баъдӣ сӯҳбат мекунем. Гӯшбақимор бош, хонанда, ки мо ҳоло аз 100 ним % ҳам дар бораи мазороти Тоҷикистон нагуфтаем. Мо метавонем!


Муҳаммади Мубориз
Махсус барои СССР

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter