ХАБАРИ ДОҒ

Қотили Кароматуллоро кӣ кушт?

  • Сешанбе, Март 28 2017



Ёвон: 550 нафар дар ҷанги гражданӣ кушта шуд!
Дар моҳҳои апрел-декабри соли 1992 Ёвон ба 1 ноҳияи транзитӣ табдил ёфта буд. Гурӯҳҳои қонунию мухолифин ба воситаи роҳи мошингарди Душанбе-Ёвон, Орҷоникидзеобод-Ёвон, Норак-Ёвон, Куйбишев (ҳоло ба номи А.Ҷомӣ)-Ёвон ба Ёвон омада, ба 4 тараф мерафтанд. Бе қарори комитети иҷроия дар назди деҳаҳои Қӯймот, Фурқат, Даҳана постгоҳҳои шабонарӯзӣ ташкил карда шуда, ба омаду рафти одамону мошинҳо милитсионеру ихтиёриён назорат мекарданд. Аз моҳи июн сар карда дар ҳудуди ноҳия дастаҳои ихтиёриёне, ки ба таври ғайриқонунӣ ташкил ёфта буданд, даст ба куштори одамон заданд.

Торумори дастаи Ҷомӣ
Дастаи ихтиёриёни Ҷомӣ (Мизонов Абдураҳмон Азонович), ки дар сангари муқобили дастаҳои мухолиф дар мавзеи назди деҳаи Қалъаи Мелик меистод, субҳи барвақти 27.09.1992 аз тарафи мухолифин зери борони тир қарор гирифтанд. Шербачаҳои Ҷомӣ ба муқобилият тоб наоварда, сӯи деҳаи Чормағзак фирор карданд. Дар ҳамон рӯз 13 нафар муҳофизони дастаи Ҷомиро паррониданд. Дар қабристони бародарӣ, дар лаби роҳи мошингард ҷасади 10 нафар шаҳидони роҳи озодӣ рӯзи 29 сентябр аз тарафи сокинони деҳаи Чормағзак ба хок супорида шуданд.
Ҷанговарони боқимондаи дастаи Ҷомиро сардори фронти халқӣ Сангак Сафаров ҷамъ оварда, дар н.Сарбанд муҷиби паррондан қарор дод. Ин корро ӯ ба он хотир ба анҷом расонидааст, ки онҳо дар Чормағзак ба қувваҳои мухолифин муқобилият карда натавонистаанд.

Воситу падараш қотил буданд
Дар моҳи октябр қувваҳои худкомаи ҳукуматӣ ва мухолифин дар ноҳия фаъол шуданд ва якчанд ҷиноятҳои вазнин-ба қатли одамони бегуноҳ даст заданд. 15 октябр дастаи террористони Восит Самадов ва падараш Сафарқул Самадов (қарлуқ) ба хонаи сардори управленияи хоҷагии қишлоқи ноҳия, ба деҳаи Кончӣ омада Сафаралӣ Малахов ва писараш Ҷунайдуллоро асир гирифтанд. Баъд ба деҳаи Навкорам омада, сардори ШКДи ноҳия Қутбиддин Малахов ва ронандааш Азим Ҳасановро гирифта, ба сӯи совхози «Ёвон-4», ки болои пули дарёчаи Ёвонрӯд, ҷои куштану паррондани одамони бегуноҳ буданд, бурданд. Дар 1 шаб аз рӯи хусумат, ё бадбинӣ буд, ки 4 нафар ба «моҳигирӣ» бо тири автомат шаҳид шуданд. Қутбиддин-корманди ҳуқуқ шуда ба кадоме аз қотилон дар давраи шӯравӣ пеши роҳи ҷинояташонро гирифта буд, ҳол он ки онҳо дар ҳамсоядеҳ зиндагӣ мекарданд. Падари Малаховҳо, бобои Малах чандин маротиба ба ҳукумати ноҳия барои ёфтани ҷисми беҷони фарзандонаш омад. Зарнигор-ҳамсари Қутбиддин, ки директори хоҷагии пахтакории ба номи «Конститутсияи СССР» буд, донист, дар он шаби наҳс қотилон, ки худро пуштибони ҳукумати қонунӣ медонистанд, шавҳарашро куштаанд. Дар натиҷаи кофтукови мақтулон аз дарёчаи Ёвонрӯд ҷасади 3 танро ёфтанд, вале ҷасади Қутбиддин дар байни онҳо набуд. Баъди 4 моҳи дигар ҷасади ӯро аз ноҳияи Куйбишев ёфтанд.

Қатли Кароматуллои Қурбон
Дар пости деҳаи Даҳана, ки роҳ сӯи Душанбе мебарад, дастаи милитсионеру ихтиёрони деҳа навбатдорӣ менамуданд, то нохалафе ба ҳаёти мардуми водӣ халал нарасонад. Рӯзи 17 октябр дастаи ҳунарии Кароматулло Қурбонов барои гузаронидани тӯй ба Ёвон омад. Ҳунармандон то нимрӯз дар деҳаи Тошхӯр намои ҳунар карданду баъди нимрӯз дар маркази ноҳия. Баъди анҷоми тӯй, соати 23:00 ҳунармандонро соҳиби тӯй С.Султонов, Таваккал Файзуллоев-журналист ва 3 нафари дигар то пости деҳаи Даҳана гусел карданд. Дар дидбонгоҳ Восит Самадов ҳамроҳи калабуронаш роҳи ҳунармандонро мепоиданд. Дар он шаби наҳс ҳамроҳи 7 нафар ҳунармандон 5 нафар гуселкунандагонро низ паррониданд. Қотилон сайдҳои худро аз даҳонашон паррониданд. Ман бо Таваккал кор карда, чун ҷавонмарди хоксор мешинохтамаш. Ӯ иродае дошт қавӣ ва ҳангоми паронидан пеши номардон мумкин сар хам накард, зорию илтиҷо надошт. Одамон гуфтанд, ҳамон шаб яке аз қотилон, ки ба Таваккали шаҳид хешу табор будааст, ба ҷони ҷавони ӯ раҳм накард. Шабошаб хунхорон 12 ҷасадро ба мошин гузошта, ба партовгоҳи заводи химиявӣ оварда партофта, майдони қатлгоҳро, ки аз хун пур буд, бо об шуста тоза кардаанд. Ҷинояти содиркардаашонро ба гардани мухолифин бор карданӣ буданд, вале «ғаррию дуздӣ»-ро паноҳ карда намешавад.
Баъди ҷанозаи Малаховҳо мардуми башӯромада роҳи шӯъбаи милисаро пеш гирифта, талаб карданд, ки ба онҳо яроқ дода шавад ва қотилони дастаи ҳунарии К.Қурбонов муҷиби муҷозот гарданд. Диққати мардуми башӯромадаро мошини сабукрави «Жигули» ва аз дохили он собиқ сардори ШКДи ноҳия-Ҳамза Холмӯминов ва 4 нафар ҳамроҳонаш, ҷалб намуд. Маълум шуд, ки 1 нафари онҳо падари марҳум Кароматулло будаанд. Ӯ бо чашмони ашколуд ва дили дарднок хоҳиш мекард, ки ҷасади писарашро дар куҷое ва дар кадом ҳолате бошад, ба ӯ баргардонанд. Раиси комиҷроияи ноҳия Қ.Азизов ваъда дод, ки ҳамаи чораҳоро мебинад ва 12 нафар шаҳидро меёбад. Рӯзи 19 октябр ҷасадҳо ёфт ва ба соҳибонаш расонида шуданд.

Хунбаҳои «Наҷоти Ватан»
Хабари дар Ёвон кушта шудани К.Қурбонов бо дастаи ҳунариаш дар ҷумҳурӣ овоза шуд. Сарбозони ситоди «Наҷоти Ватан» рӯзи 19 октябр сар то по мусаллаҳ шуда, барои гирифтани қасоси Кароматулло Қурбонов ба Ёвон омаданд. Дар постгоҳи Даҳана аз ҳуҷуми сарбозони мухолифин 10 нафар ҷавонмардони ёвонӣ шаҳид шуданд, ки 3 нафар милитсионер ва 1 нафар корманди кумитаи бехатарӣ, 6 нафари дигарашон сокинони деҳаи Даҳанаю Қуймот ва Оқҷар буданд. Ҳайфи он ҷавононе, ки дар муҳофизату барқарор кардани ҳукумати қонунӣ ҷони худро фидо кардаанд.
Қурбонхол Нозимов, Мусулмон Наимов, Шералӣ Солиев, ки аз баҳори 25-30-солагии умри худ бархӯрдор буданд, шаҳиди роҳи ҳақиқат шуданд. Бо баҳои ҷони худ ҷони чандин одамонро аз чанголи марги нобаҳангом раҳониданд. Сарбозони ситоди «Наҷоти Ватан» бо баҳонаи барои ситонидани қасди куштори К.Қурбонов сӯи деҳаи Парчасой, ба зодгоҳи Воситу С.Самадов ҳаракат карданд. Баъди набарди пости Даҳана ҳадафи дуюми мухолифин одамони бесилоҳ шуданд. Мардуми аз оқибати кор бехабар аз садои тиру туфанг ба кӯчаи маркази деҳа баромада, дар 1 лаҳза 24 нафар мардони деҳа нишони тири автомат гардиданд. Агарчанде, ки аз деҳаи Парчасой (онҷо бештар қарлуқҳо сокинанд) мардуми осоиштаро зери тир гирифтанд, вале гунаҳкорони асосӣ дар канор монданд.

Ёвон-майдони тохтутоз
Қувваҳои мухолифин майдонро васеъ дида, аз самти Кофарниҳон ба Ёвон омада бинои милисаи ноҳияро ғорат карда, оташ заданд ва дар пости деҳаи Қуймот милиса Ш.Бӯриевро, ки муқовимат нишон дода буд, паррониданд. Дар ноҳия аз ниҳодҳои қудратӣ касе амал намекард. Тохтутози дастаҳои мухолифин ва дастаҳои худнамои ғайриқонунии ҳукуматиро нишону мақсадашон куштану ғорат кардани одамони ба ном юрчику вовчик буд. Дастаи худкомаи Восит ҳамроҳи ҳаммаслаконаш  ҷои буду бошашонро дар деҳаи Оби Ошиқ (мутааллиқи н.А.Ҷомӣ) қарор дода, одамони бесилоҳро он ҷо бурда, истинтоқ карда, баъд мепаррониданд. Аз кушта шудани ҳунарманд К.Қурбонов ҳафтае нагузашта Восити хунхор дар деҳаи Оби Ошиқ кушта шуд.

Воситро Ризвон не, Урунов кушт
Шоҳидони воқеа мегӯянд, ки байни Восит ва Урунов, ки боевикаш буд, барои соҳиб шудан ба дипломати пури пулу тилловории дуздидаашон моҷаро бармехезад. Гӯё Урунов Воситро мепарронад ва дипломати дар банди даст будаи Воситро шикаста мегирад. Ҳамон рӯзи 24 октябр деҳаи Оби Ошиқ низ ба майдони ҳарбу зарби дастаи худкома қарор гирифт ва чандин ҷавононе, ки аз тарафи боевикҳои Восит гаравгон гирифта шуда буданд, ҷон ба саломат бурданд. Ин кушторҳо ва хонасӯзиҳо дар ноҳия то солҳои 1994 давом кард ва боз чандин одамони бегуноҳи «вовчик ҳисобидашуда» аз тарафи боевикҳо кушта шуда, қисмашон ҷонро гирифта гурехтанд ва бехонаву дар монданд.

Ҳукумат назанад, Худо мезанад!
Шохаҳои ҳукумати қонунӣ мавқеи худро мустаҳкам намуд. Касе, ки дар давраи ҷанги шаҳрвандӣ ба бедодгарию куштори одамон роҳ дода буданд, ба ҷавобгарӣ кашида шуданд. Сафарқул, Бозор-қарлуқ, Урунов, Маҳдӣ ва чанде дигарон барои ҷиноятҳои содиркардаашон ҳукми абад гирифтанд. Онҳое, ки аз тарафи қонун ба ҷавобгарӣ кашида нашудаанд, ҷазои онҳоро худо дод.
Дар деҳаи Даҳана соли 1994 дар канори роҳи мошингард бо роҳбарии Файзихон Нозимов монументи калони бо санги хоро оро додашуда сохта шуд, ки дар он расми 3 нафар ҷавонмардони деҳа ва 2 нафар ҷавонмардони деҳаҳои дигар, ки шаҳид шуда буданд, гузошта шудааст. Болои санг 1 байт «Эй раҳгузар даме гӯш ба хоки мо бидеҳ, Дастат ба рӯи гӯри дардноки мо бинеҳ» ҳаккокӣ шудааст, ки роҳгузарро ба фикр кардан водор месозад, то рӯзҳои тарсноку дардолуди ҷанги шаҳрвандиро фаромӯш насозанд.
Дар ҷамъ, солҳои ҷанги шаҳрвандии 1992-93 беш аз 550 нафар фарзандони н.Ёвон қурбони бархӯрдҳои бемаънии душманони миллат гардидаанд. Ёдашон ба хайр!

Зайнулобиддин Ҳусейнов,
ноҳияи Ёвон

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter