ХАБАРИ ДОҒ

Наврӯз: аз пинҳонии аслӣ то расмии сунъӣ

  • Сешанбе, Март 28 2017

Баҳси мо-2

То мақоми расмӣ, статуси давлатӣ гирифтани Наврӯзи мо, ки баъдан онро тӯҳфа бар ақвоми ҳампаҳлӯи степнишин кардему ҷомаи байнулмилалиаш ҳам пӯшонидем, Наврӯз воқеан ҳам мардумӣ буд!

Ҳаргиз зидди мақоми расмӣ гирифтани Наврӯз нестам, Худо нигаҳ дорад. Банда аз зумраи он нафаронеам, ки барои Наврӯз ҳамеша бо панарабистон ҳарб мекардам. Вале каҷ шину рост гӯй: Имрӯз дар аксари маврид онгуна ситам мекунем бар халқи оддӣ, ки метарсам, солҳои баъдӣ, бо шунавидани номи Наврӯз раъиятро ларза бар андом уфтад. Атлас пӯш! Чакан пӯш!! Ба маршировка саф зан!!! Магар бо ҷабр метавон ҷашнвораеро бар қулуб ҷо намуд? Масъулин оё медонанд, ки барои атласу чаканпӯш кардани, фарзи мисол, 3-4 гулдухтар, 1 Тоҷике, ки маоши ҳадди инсоф(миёна)аш 450 сомонист, бояд 3 моҳ чизе нахӯрад? Бо зулм намешавад Наврӯзро ҳимояту тарғибу маҳбубулқулуб сохт! Шахсан нависандаи ин сутур, беш аз 20 рӯз аст, ки бо 3 духтари худ набарди иҷтимоӣ-идеологӣ-пулӣ-молӣ дорам. Онҳо гиря мекунанд, ки атласу чакану кулоҳу туфлӣ хареду ман даъво дорам, ки...офарин хонанда, пул намерасад. Пас суоли матраҳ ин аст, ки аз ин ба баъд, оё ман Наврӯзро дӯсттар хоҳам дошт?
...100-сола фишори мақдунӣ, 1400 сол идеологияи фашистии араб (дар ин миёна 300-сола табъизи бутпарастони муғул), 70-сола ситами болшевикон натавонистанд ин Идро аз миён бардоранд. Наврӯз алорағми тамомии идеологияҳои душманона зиндаву ҷовид монда, то рӯзҳои мо расид. Зеро ӯро маҳз фишори беруна, табу эълоншуданҳо, ҳукми куфр гирифтанҳо, маросими мазҳабӣ қароршуданҳо эман медошт. Миллати Сарбаланди Тоҷик ҳар қадар фишор сари Наврӯз бештар мешуд, атрофи он сахттар зич мегардид.
Фарзи мисол, банда, ки солҳои шӯравиро ёд дорам, медонам, Наврӯз дар ҷануби Тоҷикистон маросими неку ҳасанае дошт, бо номи «Дарвешона».
Хуб, «Дарвешона» чӣ маросиме буд?
Дар «Дарвешона» аҳолии ҳар деҳа, дар алоҳидагӣ сарҷамъ мешуданд, субҳи Наврӯз гулдухтарон кӯчаҳоро об мезаданду мерӯфтанд, бонувон нону фатиру самбӯсаи варақии алафин омода кардаву оши бурридаву рубичу ҳалвову атола мепухтанд.
Суманак дар ҷӯш мо дафча занем,
Дигарон дар хоб мо кафча занем...
Аз ҳамин маъракаи ихтиёрии «Дарвешона» аст, ки то субҳ занҳои деҳаву кучаву рустоҳо суманак мепухтанду, чун он, яъне суманак ҷӯш мезад, вақти дафу доира мерасиду суруду тарона мехонданд ва мерақсиданд, вале чун оташ поин мешуд, онро, яъне суманакро кафча (кафгирча, кафлесча) мезаданд, то такаш насӯзад. Мардони кӯча бо 1 по рост истода, камари хидмат мустаҳкам мебастанд, ҷавонон даст пеши бар табақи ошу ҳалво мекашиданд, кӯдакон дастобгир мешуданд. Сипас, аз тамомии шаҳру навоҳии атроф ба «Дарвешона» меҳмонон, сарояндагон, паҳлавонон меомаданд. Гӯштие мешуд, ки замину замон меларзид. Паҳлавонон бо ҳайъати шоҳонаву ҳайбати шерона ба майдон мефаромаданд. Маҳз мефаромаданд, зеро майдони гӯштӣ тарзе ҷойгир мешуд, ки дар пастӣ бошаду мардум аз баландӣ маҳорати паҳлавононро назорат кунад. Ғиромӣ набуд. Зеро судяҳои расмӣ набуданд. Ягон паҳлавон нороҳату норозӣ аз амали довар намерафт. Халқ худ назоратчӣ ва судя ҳам буд. Маҳз аз ҳамингуна майдонҳо Саймуъмин Раҳимов ва Носир Бозоров баромаданд, ки шӯҳрати гӯштии Тоҷикро дар ҷаҳон муаррифӣ намуданд. Солим, яъне ҷоиза, мошину доллар набуд. Барои 1 радиои 5-сӯма, ёдам ҳаст, ки Носир Бозор 2 паҳлавони девсуратро аз Ӯзбакистону Туркманистон, ки ба даъвояш омада буданд, бар пушт хобонид...
Ҳоло дар гӯштӣ мошин мемонанд. Паҳлавонон ғиромбоз шудаанд. Аслан ғиромӣ ба паҳлавон шикасту нокомӣ меорад ва ин ки паҳлавонҳои моро дар майдонҳои байналхалқӣ мисли халтаи гандум меғалтонанд, натиҷаи ҳамин ғиромиҳои наврӯзии онҳост, ки Худо мебинаду мезанад! Ин паҳлавонон бо судяҳо забон 1 кардаву барои мошин яке худро меафтонад ва авторо дар ҳамон майдон фурӯхта, пулашро 2 финалист тақсим мекунад... Дидед, мӯҳтарам паҳлавонҳо, ки найрангатонро ҳама медонад? Ман, ки мухлиси гӯштии шумо нестам, донистам; аз кӣ? Аз забони мардум. 1 дӯстам, ки 2 сол пеш гӯштии наврӯзӣ дода буд, бо таассуф мегуфт, «чун мошинро ба ғолиб додам, ӯ калидро ба 1 ҳамқишлоқиям супурд. Баъдан фаҳмидам, ки финалистҳо кайҳо забон 1 кардаву мошинро пеш аз гӯштӣ ба ин нафар савдо задаву пулро тақсим карда будаанд!»...
Дигар ана ҳамин аст маданияти паҳлавии мо. Оре, паҳлавӣ, решаи миллии ориёии мо, бо паҳлавонӣ бастагӣ дорад. Паҳлавониро фурӯхте(м)д? Пас, паҳлавӣ, ориёӣ, миллататонро фурӯхтаед(м). Рӯиҳамрафта бо ҷабр мардумро аз хонаҳо ба майдони Наврӯзӣ, студентҳоро аз кафедраҳо ба стадиони Наврӯзӣ, гулдухтаронро аз аудиторияҳо ба гулбазми Наврӯзӣ кашида бурданҳо оҳиста-оҳиста дили онҳоро сард мекунад. Наврӯз чизе шабеҳи Облава шудан дорад, ки хеле мутаассифам... Ба миллате, ки 6000 сол аз Наврӯз истиқбол мекард, зулми наврӯзӣ накуне(м)д. Бовар кунед, ин Миллат боз 6000 соли дигар муҳимтарин гавҳари ноёби маданияти хонаводагии ориёии худ-Наврӯзро ихтиёран ҷашн, истиқбол ва ҳифз хоҳад кард! Танҳо ба ӯ имконияти интихоб диҳед. Боқӣ:
Наврӯзатон фирӯз бод!
Ҳар рӯзатон Наврӯз бод!!!
Мо Метавонем!

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter