ХАБАРИ ДОҒ

Редаксия супориш дод: Чакан хар!

  • Чоршанбе, Март 29 2017

Чакани ҳақиқӣ ҳоло аз байн рафта ба ҷояш чакани сунъӣ вориди бозорҳо ва мӯд шудааст. Сафи қаламзанону гулдӯзони воқеӣ низ сол аз сол кам шуда сабку услуби хоси қаламзаниву гулкорӣ ҳам дорад, фаромӯш мешавад. Ҳатто ягона корхонаи «Чакан»-ро, ки дар ш.Кӯлоб ҷойгир буда бо ҷалби занҳои ҳунарманди маҳаллӣ ба истеҳсоли куртаҳои чакан машғул буд, бастанд. Ва ин дар ҳолест, ки Эмомалӣ Раҳмон, президенти кишвар тайи чанд соли охир пайваста талқин месозад, ки ҳунарҳои мардумӣ бояд фаромӯш нашаванду духтарону занони Тоҷик бояд ба либоси миллӣ бештар таваҷҷӯҳ намоянд.

Рамзи баҳору Наврӯз атласу адрасу гулдӯзӣ-хоса чакан асту ман ҳам тасмим гирифтам Наврӯзи имсол ҳам куртаи атлас ба бар кунаму ҳам пероҳани чакан. Бо ин мақсад 1 ҳафтаи охир аз бозору марказҳои бузурги савдо, дӯконҳои кӯҳнафурӯшӣ ва артелҳои пойтахт дидан карда, барои худ чакани оригиналӣ кофтам. Хостам чакане бипӯшам, ки гулдӯзӣ ва сабки қаламаш қадимӣ бошаду амсолашро дар пойтахт касе надошта бошад.
Чакани ҳақиқӣ дар бозор нест!
9.03.2017. Соат бо вақти Душанбе 14:00 дақиқа. Ба маркази савдои «Садбарг» даромада байни растаҳо куртаи чакан мекобам. Чакан нест! Ҳатто дар дӯконҳои кӯҳнафурӯшӣ ва сарулибосу ашёҳои миллӣ! Ин дӯконҳо пур аз шарфу камзӯлчаву сумкаҳои атласиву гулдӯзӣ, вале на гулдӯзии Тоҷикӣ, балки попури ӯзбекӣ. Дар чанд раста матои бахмалу штапел мебинам, ки мисли чакан гулзада аст, лек чакани ҳақиқӣ нест…
Чаканҳои қалбакӣ мӯд шудаанд
11.03.2017. Соат бо вақти Душанбе 10:00 дақиқа. Дар ҷустуҷӯи куртаи чакан ба бозори «Саховат» меравам ва чаканкобиро аз дарвозаи охири он, ки бозори яклухтфурӯшист, сар мекунам. 10 растаро бодиққат мегузарам, куртаи чакан нест, аммо даҳҳо намуди дигари куртаҳои омодаи чаканмонанд дидам, ки ба ҷои гулдӯзӣ попурӣ зада, дӯхта ба бозор баровардаанд. Чунин чаканҳои қалбакӣ солҳои охир барои наварӯсон мӯд шуда, имрӯз харидори зиёд доранд. 800-1200 сомонӣ – чунин аст нархи ин чаканҳо. Вале барои ман ин намуди чаканҳои қалбакӣ хуш наомаданд ва аз харидани ин навъи сарулибоси омода даст кашидам.
Чакани...қирғизӣ дар мамлакати ЧАКАН!
13.03.2017. Соат бо вақти Душанбе 10:00 дақиқа. Бо нияти дӯхти пероҳани чакан ба сехҳои дӯзандагӣ ва артелҳои ошёнаҳои 4 ва 5-уми маркази савдои «Садбарг» меравам. «Шумо чакан медӯзед?»-аз чанд дӯзанда мепурсам. «Бале, медӯзем!» дар ҷавоб шунида хурсанд мешавам. Ана, ёфтам, акнун чаканпӯш мешавам, мегӯям пеши худам ва оҳи сабук мекашам. Дӯзандаҳо паси ҳам ба ман нусхаи гулҳои чаканро нишон медиҳанд, ки яке аз дигаре зеботар аст. Аммо баъд мефаҳмам, ки чакан гуфта дӯзандаҳои артелҳои ин марказ ҳамон дар матои бахмали ба шакли попурӣ гулзадаро дар назар доштаанд…Аҷибаш он буд, ки нусхаҳои гулдӯзиву гулкориро ба ин чеварони Тоҷик аз Бишкек равон мекардаанд! НОНСЕНС! Аз он ки чакани аслии Тоҷикӣ, ки либоси миллии мосту ҳоло маънӣ ва арзиши аслии хешро гум кардааст, хеле нороҳат шудам.
 Чакани классикӣ танҳо дар деҳот
13.03.2017. Соат бо вақти Душанбе 12:00 дақиқа. Ба редаксия баргашта сари компютер мешинаму тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ чакандӯзонро мекобам. Дар муддати ним рӯзи оянда танҳо 2 нафар дӯзандагон ба ман навишта ҳунари худро пешниҳод мекунанд. Вале онҳо низ куртаи чаканро ба таври сунъӣ дӯхта ва омода мекардаанд. 1 дӯсти дигарам тавсия дод, ки чаканро дигар дар шаҳр накобам ва аз занҳои ноҳияҳои дурдасти кишвар мисли Ғарму Сангвор, Шӯроободу Кӯлоб ва Мӯъминободу Восеъ суроғ кунам, зеро чакани классикӣ ва аслиро имрӯз ҳамон занҳои пиронсоли деҳотӣ медӯзанду халос. Ба ёдам ҳамкорамон Марҳабо Рамазонзода омад, ки куртаи хеле зебои чакан дорад. Марҳабо куртаи чаканро бо сабку салиқаи хос омода кардааст ва он пероҳан дар ҳақиқат зебост. Барои гулҳои курта Марҳабо матои махсусро ба Ғарм мефиристад то ҳунармандони моҳири қаламзан барои пероҳан он ҷо қаламӣ гул бизананд. Сипас куртаро ба Кӯлоб оварда, дар он ҷо барояш медӯзанду ҳоло он чакани классикиро, ки барои тайёр карданаш беш аз 3000 сомонӣ сарфу харҷ шудааст, Марҳабо ба бар карда, дар саҳнаву минбарҳои баланди кишвар мебарояд. Чакани Марҳабо пурра ба таври классикӣ омода шуда гулҳояш бо риштаҳои хос дӯхта шудаанд! Вале бинед, ки барои 1 чакани классик ӯ нисфи кишварро «чарх» задааст.
Боз ба ёдам дӯсти дигарам Шоираи Раҳимҷон омад, ки ҳангоми сафари ҳунарияш ба Амрико бо худ куртаи классики чаканро, ки умри беш аз 70-сола дошт, аз пиразани нуронии кӯлобие гирифта, дар Ҳолливуд пӯшидаву амрикоиҳоро ба ваҷд оварда буд. Чакани ҳақиқӣ дар ин ҳама сол хуб нигоҳ дошта шуда, дар худ на ҷурме дошт ва на доғе!
Патриотизми гаронарзиш
Пас аз 1 ҳафтаи саъю талош натавонистам барои худ чакани классикӣ ва оригиналӣ пайдо намоям. Чакани ҳақиқӣ ҳоло аз байн рафта ба ҷояш чакани сунъӣ аз Ӯзбакистону Қирғизистон вориди бозорҳо ва мӯд шудааст. Сафи қаламзанону гулдӯзони воқеӣ низ сол аз сол кам шуда, сабку услуби хоси қаламзаниву гулкорӣ ҳам фаромӯш мешавад. Ҳатто ягона корхонаи «Чакан»-ро, ки дар ш.Кӯлоб ҷойгир буду бо ҷалби занҳои ҳунарманди маҳаллӣ ба истеҳсоли куртаҳои чакан машғул, имсол бар хотири «евроремонти Кӯлоб» бастанд!!!
Ва ин дар ҳолест, ки Эмомалӣ Раҳмон, президенти кишвар тайи чанд соли охир пайваста талқин месозад, ки ҳунарҳои мардумӣ бояд фаромӯш нашаванду духтарону занони Тоҷик бояд ба либоси миллӣ бештар таваҷҷӯҳ намоянд. Аммо бо ин гуна чаканҳои сунъиву қалбакӣ ва нархи гарони он ман чӣ гуна метавонам патриот шаваму барои худ чакан бихараму бидӯзам!?
Шояд шумо гӯед, ки ман патриот нестам, чун чакани попурӣ нахаридам. Лек, фикр мекунам, ки Патриотам, зеро тарафдори чакани ҳақиқии классикие ҳастам, ки ба он ҳунармадони асили Тоҷик қалам мезананду гул медӯзанд ва то метавонанд ин сабкро дар ҳазорҳо километр дуртар аз пойтахт нигоҳ медоранд. Намехоҳам патриотизми ман ба буҷҷаи дигар кишварҳо пул резад. Ман андозсупорандаи ватанӣ меҷӯям. Мо метавонем! Шумо чӣ?


Ҷамила Ҳусейнова,
СССР

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter