ХАБАРИ ДОҒ


Биёед, мардонатар ва Тоҷикитар баҳс ороем! Лутфан "архиви ғазаби маҳалгароитон"-ро дур партофтаву баъд оед! Комроншоҳ дар мусобиқа хеле дағал ва ғазаболуд дар ҳузури шояд ҳазорон нафар ва унро ҳам дар пахши мустақим ҳаракатҳои ҳақоратомез кард. Ин бадтарин рафтор буд, ки таърихи варзиши Тоҷик инро ёд надорад! Чаро ингуна рафтор кард? Яке сабабашро ғазаб мегӯяд дигари ноадолатии судяҳо ва 3-умӣ беадабии тамошобинон ва 1001 баҳонаи дигар. Аммо лутфан биёед мардонавор иқрор шавем, ки ин ҳама ба 1 нафар иҷоза медиҳад, ки дар ҳузури ҷамъияти серодам ва эфири ТВ ингуна рафтор кунад?! Сарояндаҳоро аз таҳқиру ҳақорат безор кардаанд ва инро ҳамагӣ медонад, муллоҳоро шабу рӯз таҳқир мекунанд ва инро ҳам шоҳидем. Аммо надидем, ки муллое ба ҷониби ҳариф фақат бо сабаби ин, ки аввал рақиб таҳқир кард, дар минбар баромадаву алфози аҳмақона ба кор барад. Ягон сарояндаро ҳам надидем, ки биншинаду алайҳи кадом ҳарифаш таҳқир нависад ва ё дар саҳна мухлисонро дашном диҳад. Пас чаро 1 варзишгар ва ун ҳам 1 чеҳраи маъруф, ки бидуни таъриф чанд соли ахир аз эҳтироми дустдорони варзиши тамоми кишвар ва шахсан аз дастгирӣ ва эҳтироми президенти мамлакат бархурдор буд, бояд таҳқир кунад?! Кӣ ин ҳақро бар ӯ дода?

Тарафи Комроншоҳро гирифтан зидди миллат баромадан аст!
Ҳоло мегуянд, Комроншоҳ аз мардум ва мухлисони варзиш пӯзиш хост, аммо масъала бештар аз ун аст, ки мепиндоред!!! Марзи номус аст ва гап сари 1 гуруҳ ё чанд судя ҳам намеравад, ки ба бовари ҷонибдорони Комроншоҳ, ноҳаққӣ кардаанд, мушкил инҷост, ки дар назди ҷамъияти бузурги одамон ва эфири ТВ бе андеша, ки ин мардум чи қадр дустат доранд, шарм накардаву ҳаракатҳои хеле аблаҳонаатро ба намоиш гузорӣ! Иддае мегӯянд, "чаро ТВ таҳқири Комроншоҳро намоиш доду рафтори аҳмақонаи ун бачаҳоро, ки асаби Комроншоҳро ба ин ҳол овардаанд, не?" Аммо бояд ун ҷанобон ҳам донанд, ки масъулони ТВ Варзиш ҳам барои намоиши таҳқирҳо ун ҷо ҳузур надоштанд, балки маҳз ба хотири ҳамин варзишгарон рафта буданду пахши мустақим буд ва ҳақ надоштанд, ки дағалии касеро намоиш диҳанд ва умед доштанд, ки варзишгаре чун Комроншоҳ новобаста аз ун, ки дар чӣ ҳол аст, ҳатман мисли одам рафтор мекунад. Кӣ интизор дошт, ки варзишгаре бо ин маъруфият қодир ба ин рафтори ғайриинсонӣ бошад?!

Маҳалгароӣ ва комроншоҳизми ҷадид
Гузашта аз ин, хеле мутаассифам, ки давоми чанд рузе, ки ин баҳс дар саҳафоти инет идома дорад, аксарият баҳсро чун баҳсҳои қаблӣ ба "базми маҳалгароӣ" табдил доданӣ мешаванд, ки боз ҳам номаъқул кардаанд! Ҳарчӣ ҳаст, далел дар миёни ҷомеа пахш шудаву аллакай мардум хуб қазоват кардаанд, ки кадомин бояд муҷозот шавад! Хеле бад аст, ки 1 тоифа ноогаҳон аз то чи ҳадд муҳим будани масъала бо такя ба андешаҳои маҳалгароӣ ҳатто рафтори Комроншоҳро хеле дуруст ҳам мешуморанд, ки воқеан ҷои таассуф аст. Рузи аввал нест, ки миёни дустони огаҳ аз вазъ ин баҳсро пинҳонӣ бо ҳар кас алоҳида дар миён гузоштаам, вале ба ҷуз андешаҳои маҳалгароӣ чизе наёфтам. Хушбахтона ман бо ин, ки 1 нафареам, ки аз тамоми манотиқи кишвар дустон дораму ба ҳич ваҷҳ баҳси миллиро бар пояи андешаҳои маҳалгароӣ баҳо намедиҳам, бо дилхоҳ шахс дар дилхоҳ нуқтаву вазъ омодаам исбот намоям, ки бадтарину махуфтарин хато дар таърихи варзиши Тоҷик буд, ки Комроншоҳ кард!
Соле қабл қазияи "мазори Хованск"-и Маскавро ёд дорем, ки "варзишгарон"-и ҳамватанамон сари даҳҳо муҳоҷир дар ҳамдастӣ бо гуруҳҳои ҷиноятпешаи маскавӣ чӣ рузеро оварда буданд, аммо кам нафарон бовар доштанд, ки унҳо варзишгарони Тоҷик буданд. Инак кам нафарон бовар мекунанд, ки варзишгари Тоҷик аз таҳаммули касбӣ бархурдор асту агар парвои 1 ҷомеъаву 1 миллатро надошт, лоаққал сари обируи худу хонаводааш меандешид!!! Дар зимн барои унҳое, ки намедонанд ёдовар мешавам, ки ман Шарифхони Тағоймурод ба ягон намуди варзиш ҳич шавқу завқ надорам, аммо чун дидам, ки 1 чеҳраи варзишии хеле баландпарвоз ин номаъқулиро кард, аз масъулон ва намояндагони расмии Федератсияи Гуштину Кумитаи варзишу олимпӣ талаб дорам, ки ӯро дигар аз номи миллати ман ба ягон мусобиқа равон накунанд. Агар Комроншоҳ Рустами Сонӣ ҳам бошаду бе ӯ гӯштии мо фардо фавтад низ, шахсан барои ман ингуна намояндаи варзиши миллат лозим нест!


Шарифхони Тағоймурод
махсус барои СССР аз Маскав

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter