ХАБАРИ ДОҒ

Бачча ба ғуломӣ, падар ба ҳаҷ...

  • Душанбе, Апр 03 2017


Узви Ихвон-ал-СССР, Давлаҳмад Олимов, сокини ноҳияи Турсунзода бо СССР телефонӣ дар тамос шудаву гуфт, ки солҳои ҷанги гражданӣ ба Қазоқистон бо чанд тан ҳамдеҳаам коркунӣ рафтем. Ба 1 фирмае даромадем, ки гурӯҳи калонро дар ин ҷо ба кор мемонд. Лек дертар фаҳмидем, ки онҳо мардикоронро бурда мефурӯхтаанд. Канӣ мусалмонӣ? Бисёр падару модарон фарзандро ба Русия ё ба дигар ҷо равон мекунанду намедонанд, ки тақдираш чӣ шуд. Дар Ватан бошад падараш орзуи Ҳаҷ мекунад. Модараш бошад дар орзуи зодрӯз, арӯсталбон, оши наҳор, набераталбон ва дар гардан занҷирҳои тилоиро кашол кардан… аст. Фикр намекунад, ки ин ҳама кайфу сафо бо хуни ҷигари фарзанд ба даст омадааст. Агар баччаашро дар Русия кушанд, бо гиряву нолаву мотам дигарашро равон мекунад... Аз падару модарону хоҳару бародарон илтимос мекунам, ки худнамоиро кам карда, фарзандҳоро дар ватан ба кор монед ва аз хурдӣ ҳунар омӯзонеду савод диҳед: Агар хоҳед, ки фарзандатон ғулому муҳоҷир нашавад!!!

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter