ХАБАРИ ДОҒ

Мо ва баҳси мо-5

10.04.2017. Соат ба вақти Душанбе 13:12 дақиқа. Аз маъракае бо устод Ҷонибек Асрориён баромадем ва мошинае пешамон ист фармуда, ронанда ва ҳампаҳлӯяш бо мо гарм салому алайк намуданд. Маълум шуд, ки ҳар 2 мухлисони газетаи мардумӣ будаанду ҳамин рубрикаро мехондаанд ва пешниҳод сохтанд, ки моро то Душанбе баранд (мо дар канори шаҳр будем). Дар роҳ яке аз онҳо суоле дод, ки натавонистам дар салони мошин посух гӯямаш, зеро ба ҷои кор расидам. Вале акнун ба он суол ҷавоб мегӯям. Зеро бисёр мехост, маҳз андешаи маро донад. Ва он суол ин аст:
-Чаро миллати Тоҷик тарсу шудааст? Магар ин дар хуни мост? Чаро чечену қафқозиҳо туалету поли урусро намешӯянду Тоҷикон дар Русия ин корро мекунанд? Магар дар шарёни мо хуни Куруши Кабир ҷорӣ нест?
Аз охир сар мекунам: ҷорӣ ҳаст! Ва боз чӣ хуне? Фаромӯш накунед, ки бо ҳама ҳашамоти имперотурӣ Курушро 1 зани Тоҷики самарқандӣ, бо исми Томирис дар майдони набард кушта буд, на пинҳониву сирриву тавассути заҳру зуқуму ҷодуву сеҳр. Яъне дар шарёни мо хуни гарми ҷасорат, ғайюрӣ, далерӣ, шамшерзанӣ, гурзандозӣ, сарпечӣ ва саркашии болотар аз Куруш низ ҷорист. Ҳоло афроде ба миён бархестаанд, ки Томирисро хиёнаткор мехонанд, ки даъвияшон пучу содалавҳона аст. Духтари мардак Ватанашро ҳифз карда буд! Мавзуъи баҳс дигар асту пасаш намеравем. Ҳарчанд дар ин ҷода низ ноткаҳои бегонапарастӣ садо медиҳанд.
Далериву шуҷоати Миллати Шарифи Тоҷик ба ҳаддест, ки агар ҷадди мо намешуд, Искандар оламро мегирифт. Воқеан ҳам, он истодагарие, ки Спитамани Тоҷику Катани Тоҷик дар Суғду Хатлон бо Александр карданд, ҳатто Доро-императори Эрон накарда буд. Дороро Алекс дар тӯли чанд моҳаке торумор намуд. Спитаман ончунон Алексро азият додаву задаву торумор намуд, ки дигар имконияти ҳаракат бар Чину Мочину Ҳиндро аз даст дод. Бо Катан бошад аз тарс сулҳ баст. Вале клоссикони мо чун Низомӣ, Ҷомӣ ва ғ. Искандарнома навиштанду хиради ун ғосибро сутуданд, на қаҳрамонии Спитаману Катанро: нотаи бегонапарастӣ? Классика!
Араби ғосибро, ки зери ливои дин ба забти олам шуруъ кардаву Аврупоро то Фаронса гирифта буданд, маҳз дар Кӯлоб торумор намуданд! Асад ибни Абдуллоро кӣ шикаст дод? Ҷадди пурғуруру ҷасури мо! Вале то ҳанӯз мо ун бобоҳои ватанпарасти худро душмани ислому «табармусалмон» хонда, наҳ мезанему акнун дар Тоҷикистон ривояту афсона дар бораи хиради Асад бофтан дорем. Боре ба нафаре гуфтам, ман Асадро дар 2 дунё иззат нахоҳам гузошт. Гуфт, хомӯш бош, саҳобаву тобеъину табатобеъинро бад гуфтан, оқибати баде дорад. Гуфтамаш, магар саҳҳобаву тобеъин набуданд, ки навасаи Муҳаммад (с)-Ҳусайнро куштаву духтари пайғамбарро дар шутур, зери офтоби сӯзони тобистон, урён ва бидуни зин мебурданд? Воқеан ҳам, ин бадтарин ҷазост, зеро шутур дар зери шуои офтоби тамузи арабӣ онгуна метафсад, ки одамро месӯзонад. Коре, ки инҳо карданд, Гитлер дар ҳаққи яҳуд раво намедид. Классика!
Чингизхон ва қавми аҷузу маҷузи ӯ, агар на деворҳои Самарқанду Бухорову Хуҷанду Ҳулбук ва бобоҳои далеру ҷасури мо будӣ, дар 3 сол оламро мегирифт. Соате, ки Темурмалик ва Ҷалолиддини Тоҷик дар Хуҷанд хуни чингизиёнро чун об ба Сирдарё мерехтанд, Александр Невский-шоҳи урусон дар кулоҳи подшоҳӣ (шапка мономаха), сари зону нишаста, ба аспи Ботурхон ҷав медод. Намедод? Ещё как медод! Вале русҳои пурғуруру гарданкаш ин подхалимии шоҳашонро рӯпуш намудаву аз ӯ чун маҳвкунандаи лашкари душман дар рӯи дарёи Нева ёд мекунанд. Ва дуруст ҳам мекунанд! Таърих палидиҳо бисёр дорад, ки онҳоро бояд ба боди фаромӯшӣ дод, то миллати пурғурур тарбият намоӣ!!!
Таърихнигорони мо бошанд, баракс, зери таъсири идеологияи императорхоҳии русҳо, ки миллати шарифи моро 99% бе савод ва 100% басмачи ғоратгари тарсу мехонд, бо ҳамон шева то имрӯз рафтор кардан доранд. Бидуни Ҷонибеки Асрориён ҳоло надидем, ки нафаре ин шеваро тарк кардаву дар симои бобоҳояш ғуруру ҷасорат ҷуста бошад. Мо Метавонем!
Миллатро идеология қавӣ, ҷасур, далер, саркаш ва ватанпараст-патриот мекунад. Канӣ 1 филме, дар тӯли 26 соли Истиқлолият, ки ғурури хуфтаи моро бедор кунад? Канӣ 1 суруди патриотӣ, ки ҷавони Тоҷик ба Сурия неву ба марзи Қирғизистону Афғонистон рафта, ҷон нисори ватан кунад? Ку 1 мавъизаи муллое, ки тухмаи ҳуббулватан аз ҳадиси саҳеҳи Муҳаммад (с.) бар қулуби наврасон корад? Дар бораи ин ҳадис, ки неомуллоҳо онро инкор мекунанд, факт ҳам дорам:
Саъдиё, ҳубби ватан гарчӣ ҳадисест шариф,
Натавон мурд ба сахтӣ, ки ман ин ҷо зодам.
Ва аз ҳама муҳим, ку он шоҳписарони ҳукуматдорону руасову вузаро, ки дар сафи пеши ватанпарастон саф кашанд, на қатори пулпарастон? Ин ҳамаро миллат мебинад ва дилфигору дилсард мешавад, бетафовут мегардад. Шумо ба сурудҳои шлягери ахирии мо аҳамият диҳед. Маъруфтаринашон сурудҳо дар васфи модаранд ва боз кадом модар: касалӣ, мурда, гурусна, чашмпуроб?... Модарони мо патриоту ватандӯст буданд-ку?! Канӣ онҳо? Чаро шиоре, шеъре, таронае, суруде, клипе дар бораи онҳо нест?
Ана ҳамин идеологияи хом аст, ки мо то ҳол дар симои Гурдофарид-зани патриот меҷӯему дар хуни Куруши Кабир ҷасорату ғайрат. Ва то қаҳрамонҳои мо дақюнусиянд, то мо қаҳрамони муосир наметарошем, намесозем, ба миллат ҳадя намекунем, косаву табақу туалети урусро насл бар насл хоҳем шуст!
Сахт гуфтам? Суол талаб мекард. Мо Метавонем!

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter