ХАБАРИ ДОҒ

Бонки «Эсхата» $7900-и дуздидаро кай бармегардонад?

  • Душанбе, Апр 17 2017


Ба идораи газетаи мардумии СССР рӯзи 10.04.2017 аризаи шикоятӣ аз номи шаҳрвандон Д.Саримсоқова ва И.Шарипов, сокинони шаҳри Панҷакент ворид гашт. Бояд қайд намоем, ки мо соли гузашта дар бораи қазияи ин 2 нафар бо намояндагии бонки «Эсхата» дар ш.Панҷакент матлаб нашр карда будем. Гап сари ҳамон пасандози Саримсоқова мерафт, ки ба ин бонк гузошта, сипас гум шуда буд. Вале то ба имрӯз ин проблема ҳалли худро наёфтааст. Намояндагии ин бонк, то сатҳи роҳбарияти бонки «Эсхата» то ба имрӯз мизоҷони қаблии хешро дар фиреб айбдор месозанд, ҳол он ки маблағи ба пасандоз гузошта шуда – 7900 доллари ИМА-и Саримсоқова дар худи бонк, дурусттараш дар ҳисобу китоби электронӣ гум шудаасту эшон наметавонанд пасандози худро бозпас бигиранд.
Дар аризаи Саримсоқова ин маротиб низ ин масъала бардошта шуда, ӯ мегӯяд, ки то ба ҳол 7900 доллари ИМА-пасандози дар асоси шартномаи ба намояндагии бонки «Эсхата»-и ш.Панҷакент гузоштаашро гирифта наметавонад.

Суд фиреб кард, ё бонк?
Саримсоқова дар аризааш менависад: «Дар ин давра якчанд маротиба қарорҳои суд қабул шуда маротибаи охир дар асоси аризаи мо оид ба аз даъво даст кашидан парвандаи гражданӣ қатъ гашт. Бояд хотиррасон намоям, ки аризаи ман ва ҳамсарам аз ҷониби судяи суди ш.Панҷакент Мақсудӣ Фирӯзҷон бо роҳи суистифода аз боварии мо гирифта шудааст. Мақсудӣ Фирӯзҷон ба мо гуфт, ки бо роҳбарияти бонк маслиҳат кардааст ва агар мо аз даъво даст кашем, бонк маблағи пасандозкардаи ҳамсарамро бе пардохти фоиз ба мо хоҳад дод. Мо ба ин бовар карда ариза навиштем, вале намояндаи суд ва бонк ин дафъа низ моро фиреб дода, пуламонро барнагардониданд. Дар тамоми марҳилаи мурофиаи судӣ ва таъин намудани ташхисҳои судӣ 1 чиз аз мадди назар дур мондааст. Бонк мегӯяд, ки ордерҳои хароҷоти хазинавие, ки гӯё дар асоси он мо маблағи пулиамонро аз бонк гирифтаем, дар асоси санад аз 19.02.2013 бо сабаби ба охир расидани мӯҳлати нигоҳдории санадҳо, ки 3 сол аст, нобуд карда шудаанд. Хоҳиш менамоям, диққат намоед: аризаи даъвогии мо ба дасти ҷавобгар, яъне бонк 16.01.2013 расидааст. Бонк бошад дидаю дониста, ки аризаи мо дар протсеси судӣ қарор дорад, санадро 1 моҳ баъд нобуд мекунад!? Магар ин ғайриқонунӣ нест?
Дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4.05.2000 таҳти № 203 мӯҳлати нигоҳдории ҳуҷҷатҳо 5 сол муқаррар карда шудааст. Илова бар ин ҳуҷҷатҳои баҳснок бояд то охири ҳалли баҳс нобуд карда нашаванд. Бонк ва ташхисгарон ба ҳуҷҷатҳои барномавии бонк, ки дар барномаи компютер нигоҳ дошта мешавад, ҳавола карда, хулоса доданд, ки мо пулро аз хазинаи бонк худамон гирифтаем. Ҳол он ки ҳуҷҷати расмӣ дар ин бора набуда, танҳо амалиёти ҳаррӯзаи бонк, ки ба воситаи барномаҳои коркардашуда фаъоланду ба талаботҳои ҳуҷҷатгузории электронӣ ҷавобгӯ нестанд, ҷой дорад».

Раиси пешинаи Эсхатаро суд карданду...
«Боз 1 нуқтаи муҳими дигар дар ин қазия он аст, ки бо ҳукми суди ш.Панҷакент аз 26.11.2010 Баҳриддинов Меъроҷ, собиқ раиси намояндагии бонки «Эсхата» барои содир кардани 1 қатор ҷиноятҳои тибқи моддаҳои 245, қисми 4 банди 6, 340 қисми 2 банди а ва 295 қисми 1-и КҶҶТба муддати 9 сол аз озодӣ маҳрум карда шудааст. Асоси ин ҷиноятҳо чӣ буд? Айнан қазия мо-дуздии пасандози мизоҷони бонк! Тафтиши парвандаи ҷиноятиро нисбати собиқ раиси намояндагии бонки «Эсхата» дар Панҷакент Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза алайҳи коррупсия гузаронидааст. Ордерҳои хароҷоти пулӣ, ки раиси собиқ бо имзоҳои сохтаи худ, вале бо имзои ҳақиқии хазинадорҳо ва муҳосибонаш кардааст, дар парвандаи ҷиноятӣ мавҷуд мебошад. Бигузор ҷинояткороне, ки бо роҳи ғайриқонунӣ ордерҳои хазинавиро нобуд кардаанд, ба ҷавобгарӣ кашида шуда, маблағи бо сад меҳнату заҳмат ҷамъкардаи мо – 7900 доллари амрикоӣ ба мо баргардад»-омадааст дар ариза.

Раиси Бонк: мизоҷон тӯҳмат мезананд!
Мо бо ин қазия хуб ошно ҳастем ва қариб тамоми ҳуҷҷатҳои бонкӣ ва судии Додарой Саримсоқова ва шавҳари эшонро дидаю омӯхтаем. Ҳатто боре ҳам шуд, ки ин масъаларо бо раиси бонки «Эсхата»-Хуршед Носиров низ ба миён гузошта будем, лек роҳбари бонк низ аз кормандонаш пуштибонӣ намуда, таъкид дошт,   ки тамоми банкирони «Эсхата» дасту дили пок доранду пули мизоҷонашонро намедузданд. Хуршед Носиров айбро ба гардани мизоҷ партофта, қайд карда буд, ки Саримсоқова пасандозашро гирифтаасту пайваста санги маломат ба сари кормандони «Эсхата» мезанад.
Мо тасмим гирифтем ин мушкилро то ҳадди охир пайгирӣ намоем ва бубинем, ки то чӣ андоза ин проблема воқеӣ аст. Ба ғайр аз ин имрӯз дар ҷомеа овозаҳои зиёд арзи вуҷуд доранд, ки ба фиребу найранг ва дасти нопоки кормандони бонки «Эсхата» вобастаанд. Шояд на ҳамаи камбудиҳои кормандон то ба гӯши Хуршед Носиров рафта мерасад ва ё раис худаш саъю талош мекунад то «гапи хона ба бозор набарояд»!?
Гӯшбақимор бошед, ки Мо метавонем!


Мину Аминзода
СССР

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter