ХАБАРИ ДОҒ

SOS: РОҲИ 114-МИЛЛИОНА ВАЙРОН ШУД!

  • Чоршанбе, Апр 19 2017

Қисмате аз шоҳроҳи Айнӣ-Панҷакент, ки бо маблағи беш аз 114 млн доллар сохта шуда буд, чӯкидааст. Ба гуфтаи шоҳидон ва мусофирон роҳе, ки дар ин қисмат фурӯ рафтааст, тақрибан 50 метрро ташкил медодааст. Ин ҳодиса дирӯз ба вуқӯъ пайваста, ба андешаи коршиносон сабаби он бесифат сохта шудани роҳ будааст. Дар маросими ба истифодадиҳи роҳи Айнӣ-Панҷакент, ҳанӯз 1 сол муқаддам худи сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ширкат карда, таъкид намуда буд, ки ҳанӯз роҳ камбудиҳои зиёд дорад ва он бояд ислоҳ гардида, бояд солиёни зиёд ба мардум хизмат расонад. Аммо инак бо гузашти ҳамагӣ 1 сол қисмати ин роҳ фурӯ рафтаву чанд ҷои дигараш аллакай гармошка шудааст. Менеҷери роҳ Анзур Раҷабов гуфта буд, ки «ҳар 1 километри роҳ ба маблағи 1 млн доллар сохта шудааст ва сифати хуб дорад». Мо борҳо аз бесифатии роҳи мазкур гуфтаву навишта будем, аммо пинаки касе напарид. Оё пули давлат бесоҳиб аст? Магар касе барои бесифатии ин роҳ муҷозот намешавад? Ин бепарвофалакӣ то кай идома меёбаду моро то куҷо мебараду боз чандин миллион доллар маблағҳои давлат обу лой мешавад? Мавзӯъро пайгир мемонем!
Хуршед Фозилов

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter