ХАБАРИ ДОҒ

Пешниҳоди Бохтарӣ қабул аст

  • Панҷшанбе, Апр 20 2017


(Вокуниш ба матлаби «Чаро директорҳо номзади илм нестанд?», СССР)

Вазорати маориф ва илм навиштаи Асадуллои Бохтариро бо номи «Чаро директорҳо номзади илм нестанд?» мавриди баррасӣ қарор дод. Муаллифи матлаб ба Вазорат пешниҳод кардааст, бояд танҳо муаллимоне, ки номзади илм ҳастанд, ба вазифаи директорони мактабҳо ва мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо таъйин карда шаванд. Алҳол дар ҳудуди мамлакат наздик ба 3175 нафар дорандагони дараҷаи илмии номзади илм ва 745 докторони илм ба фаъолияти илмию таълимӣ машғуланд, теъдоди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҷумҳурӣ бошад, аз 3800 адад зиёд аст. Аз ин рӯ, бинобар нокифоя будани шумораи умумии номзадҳои илм бо теъдоди мактабҳои таҳсилоти умумӣ аз ҳисоби онҳо таъйин намудани директорон дар ҳамаи мактабҳо ғайриимкон аст. Ҳукумати кишвар бо назардошти эҳтиёҷи муассисаҳои олии илмию таълимӣ тадбирҳои муҳим меандешад. Дар ин замина, барномаҳои давлатӣ қабул гардида, мавриди татбиқ қарор дорад. Инчунин, дар кишварамон санадҳои меъёрию ҳуқуқии вобаста ба талаботи замон тайёр кардани мутахассисони дорои дараҷаи илмии доктори илми фалсафа, доктор аз рӯи ихтисос (РhD) қабул гардида, дар назди аксарияти муассисаҳои олии таълимӣ ва Академияи илмҳо дар ин замина докторантура ташкил шуда, фаъолият карда истодаанд. Бо вуҷуди ин, пешниҳоди муаллиф ба эътибор гирифта шуда, вобаста ба имконият мавриди амал қарор дода мешавад.
Раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси Вазорати маориф ва илм

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter