ХАБАРИ ДОҒ

Редаксия супориш дод: Маршрутка(ба) шин!

  • Душанбе, Май 01 2017


Тайи 2 моҳи охир дар соҳаи нақлиёти ҷамъиятии пойтахт тағйироти зиёд ба амал омад. Мушкилоти ин бахши шаҳрдорӣ, ки яке аз муҳимтарин ва калонтарин соҳаи ш.Душанбе ба ҳисоб меравад, билохира ҳалли худро ёфта истодаанд. Аз ҳама муҳим хиёбону кӯчаҳои ш.Душанбе, ки аз теъдоди бешумори микроавтобусу таксиҳои хусусӣ ба дод омада буданд, имрӯз нафаси озод мекашанд, мисли садҳо ронандаҳои дигар, ки ҳоло бе телаву тамба метавонанд ҳаракат намоянд. О, мана мешудаст-ку?! Маълум аст, ки тамоми ин дигаргуниҳо ва ба танзим омадани фаъолияти нақлиёти ҷамъиятӣ ба фоидаи мусофирон ва ронандаҳои воситаҳои нақлиёт аст, зеро ш.Душанбе бояд ҷавобгӯи статуси пойтахт бошад. Вале боз ҳам новобаста аз танзиму назорат, ҳастанд ҷамъиятҳо ва ронандаҳое, ки нисбати мусофир ба дағаливу беэҳтиромӣ роҳ дода, парвои тартиботи шаҳрдориро надоранд. Чунин хатсайрҳо ва ронандаҳои сарҳуй боз мисли қабл ба озор додани мусофирон машғуланду халос, ба ивази пул аз бархе танбеҳу танқид ва беэҳтиромӣ мебинем. Мухбири СССР дар ин чанд рӯзи охир ҳангоми савори микроавтобусҳо дучори чунин муносибати хунукназарона гашт.

Маршрути №25: «Дальше намеравам!»
20.04.2017. Соат бо вақти Душанбе 14:34 дақиқа. Бо супориши редаксия бояд ҳуҷҷатеро таъҷилан ба 1 муассисаи давлатӣ бубарам ва бо ин мақсад дар рӯбарӯи Маҷмааи нашриёти «Шарқи озод» микроавтобуси №25 (рақ.давлатияш 9545 тт 05)-ро манъ намуда, савор мешавам. Дохили салони микроавтобус мусофир кам, бо ман 4 нафар шудем. Ронанда-ҷавони тозаю озода ва куртаи сафед дар тан, ҳини рондани мошин дам ба дам ба салон, яъне ба мо мусофирон нигоҳ мекарду «уфф» мегуфт. Ман ва 1 зани дигар, ки дар курсии ақиб нишаста бояд то маркази савдои «Пойтахт-90» мерафтем, шубҳа намуда ба сару рӯ ва либоси хеш чандин маротиба нигоҳ кардем. Пас аз «уфф»-гӯиҳои зиёд, билохира ронанда мошинро дар сероҳаи Донишкадаи Тоҷикию Славянӣ ва меҳмонхонаи «Азия гранд» манъ намуда, пулҳоямонро баргардонид. «Дальше намеравам! Бо 4 одам куҷо равам!?» гуфта, моро пас аз 10 дақиқа, дурусттараш соати 14:44 дақиқа аз микроавтобус фаровард. Ана, ҳамин хел аст муносибати аксарияти ронандагони микроавтобусҳо, хоса, «Старекс»-ҳо: хоҳанд мераванд, нахоҳанд не!

 Хатсайри №28: бесоҳиб ва бетартиб!
Хатсайри микроавтобусҳои №28 иваз шудааст. Ҳоло «Старекс»-ҳои ин хатсайр тавассути кӯчаҳои Фирдавсӣ ва Соҳилӣ гузашта, ба сӯи бозори «Корвон» мераванд. Мо аввал аз ин тағийрот хурсанд шудем, вале дере нагузашта дарк кардем, ки ронандаҳои сарҳуй ҳеҷ гоҳ ба фоидаи шаҳру мусофир кор нахоҳанд кард. Имрӯз 90% ронандаҳои «Старекс»-ҳои хатсайри №28 то назди бозори «Саховат» омада, вақте ба кӯч.Фирдавсӣ мерасанд, танҳо то бозори «Корвон» мусофир мегиранд. «То Зарафшон намеравам!»-гуфта мардумро фиреб дода нархи роҳкиро ба ҷои 1,60 сомонӣ 3 сомонӣ мекунанд.
22.04.2017. Соат бо вақти Душанбе 8:30 дақиқа. Дар к.Фирдавсӣ истода микроавтобусҳои №28 манъ мекунам. Дар 20 дақиқа 12 «Старекс» гузашт, ҳамаи ронандаҳои ин микроавтобусҳо гуфтанд, ки то маҳаллаи Зарафшон намеравем, ман бояд аз маҳаллаи Зарнисор ба мошинҳои самти Ҳисору Турсунзода нишаста ба он самт мерафтам.
«Касе аз инҷо то маҳаллаи Зарафшон намеравад, шинед то бозори «Корвон» меравед, аз он ҷо пас ба дигар маршрутка нишаста то Зарафшон рафтан мумкин!»-гуфт ронандаи микроавтобуси 13. Ба суоли ман, ки чаро дигар то Зарафшон намеравед, ронанда таъкид дошт, ки роҳашонро дур кардаанду аз к.Фирдавсиву Соҳилӣ гирифтани мусофир то маҳаллаи Зарафшон қимат мефарояд.
Ҳамон мошин ва ҳамон ронанда, ки 1 сомонии маро гирифта, то бозори «Корвон» бурда буд, дар истгоҳи назди бозор истода, «то охираш»-гӯён мусофир ҷамъ кард. Ман маҷбур шудам боз 2 сомонии дигар, оре, на 1,60, балки 2 сомонӣ дода, то ба охир равам! Чунин аст имрӯз тарзи кори хатсайри №28 ва дар ин ҷо мо рақами мошинҳоро намеорем, зеро фаъолияти ҳамааш чунин аст, бар хилофи талабот ва қоидаҳои нави кору ҳаракати тасдиқшудаи шаҳрдорӣ! Дар бораи тозагии мошину сару либоси ронандаҳои ин хатсайр бошад гап зиёд аст. Хулоса, дар хатсайри №28 на тартиб аст, на назорат ва чунин ба назар мерасад, ки ин хатсайр ё соҳиб надорад ва ё баръакс соҳибаш зӯр аст!

 Пулчинакҳои лаби роҳ, канӣ коррупсия?
Ҳолати дигаре, ки дар хатсайри №28 дидам, ин дар чанд нуқта истода аз ронандаҳо пул ҷамъ кардани ҷавонписарон аст. Дар истгоҳи назди бозори «Саховат» 4-5 ҷавонписар аз субҳи содиқ то шом истода, дод мезананду ба микроавтобуси навбатӣ мусофир пур мекунанд. Бар ивази ин кор аз ронанда 1 сомонӣ мегиранд. 1 ҷавони дигар дар чорраҳаи гардиши бозори «Корвон» низ истода, навбати микроавтобусҳоро ба танзим дароварда, барои дод гуфтану ҷалб кардани мусофирон аз ронанда 1 сомонӣ мегирад. Чунин амалро дар истгоҳи назди бозори «Корвон» низ дидан мумкин аст: ин ҷо 3-4 ҷавон бо пур кардани салони микроавтобусҳои хатсайри №28 машғуланд. Коре, ки дигар дар ягон хатсайри пойтахт нест! Ин ҷавонҳо кӣ ҳастанду чаро ин корро мекунанд, на ронандаҳо медонанд ва на мусофирони хатсайри №28?! Аён аст, ки бе иҷозати роҳбари хатсайр ва корхонаи нақлиёти 1 нафари бегона наметавонад вориди хатсайр гашта, ба пулчинӣ даст бизанад. Пас ин 10 ҷавон, ки ҳар рӯз аз саҳар дар хатсайри №28 истода, аз мардум ҷамъ кардаву пул мечинанд, ба роҳбари хатсайр бегона нестанд? Худ ҳисоб кунед, агар яке аз ин ҷавонон рӯзе 20 микроавтобусро пур кунаду 20 сомонӣ ба даст орад, пас 10 нафар дар 1 рӯз то 2000 сомонӣ ҷамъ мекунанд. Ин пули аз ҳаво ба даст омада ба кисаи кӣ меравад, маълум нест! Ку, коррупсия, ки ин ҳолатро бубинад!? Ин ҳолати фаъолияти ронандаҳову микроавтобусҳои танҳо 2 хатсайри ш.Душанбе буд. Мо ин мавзӯъро пайгирӣ карда, фаъолияти хатсайрҳои дигари шаҳрро низ ҳамчун мусофири оддӣ хоҳем дид. Бо мо бошед! Мо метавонем!


Мину Аминзода, СССР

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter