ХАБАРИ ДОҒ

Ризвон: “Роғун давлати исломӣ аст!” (саргузашти марде, ки армияи Сангакро бар зидди Ризвон бурд!)

  • Душанбе, Май 01 2017

Роғун сохта нашавад!-ин на танҳо шиори уламову удабову депутатҳои вақти мо буданд, ки ҳанӯз ҳам дағ-даға карда, лофи ватанпарастӣ мезананд. Ва на танҳо сарварони ҳамсоякишварҳо зидди бунёди Роғун буданд. Замоне Роғунро маркази хилофати ислом, чизе ба мисли Мавсули Ироқи имрӯза карданӣ буданд. Яъне Давлати ба ном исломӣ, ки дар Ироқу Сурияву Лубнон хуни мусалмон мерезад, дар Тоҷикистони азизи солҳои 90 аллакай репетитсия мешуд ва Худоро шукр, ки аз он бало мо вораҳидем. Ин мақола беҳтарин тӯҳфа ба ҷашнвораи 20-солагии Ваҳдати Тоҷикон аст. Хонед, зеро фаромӯш кардан дорем, он даҳшатро, ки оқибати нек надорад. Мо метавонем!

Аз СССР: Неъматулло Давлатов, сокини кӯчаи Қурбон Мавлони шаҳраки Обигарм, аз ш.Роғун дар меҳмонии газетаи мардумии СССР гуфт, ки “азбаски ман кадри замони пур аз файзу бараккати Шӯравӣ ҳастам, СССРро зиёд мехонам. Инчунин, газетаи СССР аз он ҷиҳат маро сахт писанд аст, ки роҷеъ ба паҳлӯҳо ва таърихи ҷанги бемаънии бародаркушии Тоҷикистон зиёд менависад...”.
Меҳмони 77-солаи СССР бисёр хоҳиш кард, ки 1 қиссае пур аз даҳшати соли 1992-и шаҳраки Обигарм ва Роғунро ба СССР бигӯяд то нашр шавад. Мо метавонистем, ки ба ин ривоят аслан аҳамияте надиҳем, то замоне ки муаллиф дар меҳмонхонаи СССР, дар оғоз, ҳангоми нақли 1 лаҳзаи он давраи пур аз ваҳшоният худро дошта натавониста, гиристу чашмонашро бо рӯймолчааш пок карда гуфт: “Афсӯс, ки шумо он давра дар Роғун набудед. Вагарна бо чашми сар медидед, ки чи тавр Ризвони лаънатӣ сокинони осоиштаро сарсону саргардон намуд ва ҳатто Роғунро аз Душанбе буррида, Давлати Исломӣ карданӣ буд... Пас инро бояд нависед, то ҷавонон бидонанд, ки саркардагони ҷанги хунини Тоҷикистони соли 1992 киҳо буданд...”.

Ҷумъа: “Роғун давлати алоҳида аст!!!”
Соли 1992 раиси Шуъбаи амволи шаҳри Роғун будам. Рӯзҳои 19 ё 20.12.1992, тахмин соатҳои 16, қарибиҳои бегоҳ аз даруни хона, дар маркази шаҳр чанд садои тири “одиночка”-ро аз автомати Калашников шунида, берун аз ҳавлӣ баромадам, аз дур доду мағали бачаҳоро шунидам, ки мегуфтанд:
“Эй мардум, ҳама ба чойхона ҷамъ шавед...!” Хайр, ман ҳам “ради интерес” наздашон рафтам, ки чӣ гап бошад.
Дар муддати 1 соат мардуми зиёд дар майдончаи “Таги тут” ғун шуданд. Баъди чанд лаҳза чойхоначӣ баромаду гуфт: “Ҷамъ шудед?” Мардум садо доданд, ки “ҳо, ҳама ҳамин ҷост!”. Ҳозир ҳазрати Ризвон наздатон баромада гапашро мегӯяд. 1 маҳал, Ҷумъа-додари Ризвон назди тӯдаи “Таги тут” баромад, аммо Ризвон не. Ризвон буд, вале дар дохили чойхона. Ҷумъа гуфт: “Аз имрӯз сар карда, Роғун аз Душанбе ҷудост! Территорияи мо аз развилкаи Роғун сар мешавад, он тарафи развилка аз Ҳукумат аст, боқимонда аз мо! Ва ин шаҳри мо аз ин баъд Хилофати Исломӣ хоҳад шуд!!! Маркази Обигарм бо Афғонистон додугирифти доимиро ба роҳ мемонад. Ҳама урфу одату кори мо мувофиқи шариати исломии Афғонистон амалӣ хоҳад шуд...”.
Дар идома Ҷумъа афзуд:
-Акнун ба мо коммендант даркор! Коммендантро халқ худаш бояд интихоб кунад... Чӣ гуфтед???
Ин вақт 1 нафар марди миёнасол аз дохили тӯда садо баровард:
-Комменданти мо тайёр! Давлатов Абдулмаҷид!!!
Баъд Ҷумъа коммендант-Абдулмаҷидро наздаш, ба минбар даъват кард. Чун Абдулмаҷид назди ӯ рафт, Ҷумъа бо диққат қомати коммендантро аз нӯги по то мӯи сар, нигариста гуфт:
-Мешавад! Розӣ ҳастӣ?
Абдулмаҷид гуфт:
-Мешавад! Ман розӣ ҳастам!!!
Ҷумъа боз ба гап даромад:
-Акнун баъди интихоби коммендант ман 1 эълон барои шумо дорам:
Нашунидам нагӯед!!! Аз ин пас, аз соати 20-и бегоҳ то соати 8-и саҳар “вақти коммедантӣ” ҷорӣ мешавад ва агар дар ин вақту соат нафаре аз сокинони Обигарму Роғун берун барояд, ҷазо мебинад, шиканҷа медиҳем! Фаҳмидед??? Яъне ё сангсораш мекунем, ё мепарронем!!! Чӣ хел фаҳмидед?!!
Ҳама бо 1 овоз гуфтанд:
-Ҳо, дуруст фаҳмидем!!!
Мардум чун пароканда шуд, ман бо димоғи сӯхтаву ранҷур ва бисёр хаста ба хона омадам. Вақте болои кӯрпачаи кати айвон нишаста “оҳ”-и чуқур кашидам, ҳамсарам бо фарзандонам пурсиданд, ки “додо, тинҷӣ аст???”. Ҳама воқеаро ба онҳо нақл кардам. Аз байн 1 рӯз гузашт. Дигар тоқат накарда ба занак гуфтам:
-Акнун, ман ба Душанбе меравам. Паноҳат ба Худо! Дар Обигарм дигар ҳукумат нест. Аҳволи мардум беҳад бад мешавад, чунки Ризвон Роғунро Давлати исломӣ эълон кард! Барои мо маълум аст, ки исломиҳо кистанду бо мо чӣ мекунанд...
Занак гуфт:
-Бирав, дадаш! Ман розӣ! Раву дар фикри барқарории Ҳукумат шаву ба мардум ҷону дам бидеҳ. Ман дуоят медиҳам, бирав!!!

Фирор аз “Давлати исломии Ризвон”
22.12.1991, соати 6-и саҳар ба Душанбе бо 1 нафар ҳамроҳам-Мирзомиддин Аминов (ӯ ҳоло дар қайди ҳаёт асту шоҳиди ҳодиса) пои пиёда ба роҳ баромадем. То развилкаи Роғун расидан қариб аз 15 пости худсохти Ризвон гузаштем. Дар ҳар 1 пост моро манъ карда, дағалона ва бо ҳақорат мепурсиданд, ки куҷо меравед. Ҳатто бо қундоқи автомат ҳам заданд, лек мо 1 гапро маҳкам қапидему мегуфтем:
-Мӯсафеди падарамон дар Беморхонаи Қарияи Болои Душанбе гузаштанд, бояд ҷасадашро биёрем.
Бо азобу шиканҷа то Файзобод омадем. Мирзомуддин гуфт, ки “ман дар Файзобод 1 ҳамкурс дорам, хонааш дар сари роҳ. Чӣ хел аст ки хонааш равем?”. Хонаи ҳамкурсаш рафтем. Ҳамкурсашро аз дур дидем, ки ба фикрам болои хона баромада, ба чорвояш каҳ мефаровард. Ҳамкурсаш моро дидан замон дохили хонааш шуд, аммо наздамон набаромад. Ба ҷои ӯ писараш омаду дарро кушод. Ба писараш гуфтем, ки “дар ин бевақтии шаб мехоҳем, дар хонаатон бимонем”. Писараш гуфт: “Дар хона ҷо надорем, шароит нест!”
Яъне, ки нахост! Пас қафо гаштем. Дар фикр рафта, ба ҳамраҳам гуфтам, ки “дар деҳаи Доваи н.Файзобод боҷаам хона дорад...”. Ба Дова омадем. Боҷаам-Муҳаммадулло ҳоло ҳам зинда аст. Хонааш омадем. Бисёр нағз қабул кард. Обу иззати бисёре намуд. Шаб он ҷо истодем. Пагоҳ хестем, ки пойҳоямон варам кардагӣ: Аз зарби роҳгардӣ! Вақте аз ҷо хестем, роҳ гашта натавонистем. Писари боҷаам-Ҳусейн равғани зард оварду пойҳоямонро массаж кард ва гуфт: “Акнун шумо чанд соат дар пеши печка шинед, чунки ҳоло роҳ гаштан намешавад. Ман бошам марказ рафта ягон мошин меораму шуморо то маркази ноҳия мебарам”. Ин гапро гуфту аз ҷо хест. Баъди чанд вақт мошини тамғаи Вилюси сардори милитсияи ноҳияро бо шофераш гирифта овард. Баъд ба шофер гуфт, ки “ин ҳардуро назди сардори милитсия мебарӣ”. Вақте ба мошин нишастем, моро назди сардори милитсияи ШКД, ба ошёнаи 2-ум оварданд. Сардори милитсия, полковник Назримадов моро хуш қабул кард. Вақте бо мақсади мо пурра ошно шуд, гуфт:
-Дуруст, Ризвон дар ноҳияи мо низ то ҳамин дирӯз буд. Ин ҷо ҳам шӯру валвала бардошту 1 корманди моро ҳатто паронд. Баъд, вақте дид, ки дар ин ҷо наметавонад ҳукм ронад, рӯ ба ҷониби Роғун қамчин зад. Ҳоло ман медонам, ки ӯ дар Роғун маскан гирифтааст...”.
Аз Назримадов пурсидем, ки “мо ба пойтахт мехоҳем равем, аммо дар Душанбе аз кӣ ва аз куҷо кӯмаки ҳарбӣ бипурсем? Ба мо роҳ нишон деҳ!...”.
Сардор гуфт:
-Айни замон фақат бо ин кор КГБ сару кор дорад. Бояд назди сардори КГБи республика равед...

Дар меҳмонии КГБ
Баъд ӯ наздаш 2 нафарро ҷеғ зада, онҳоро ба мо шинос карда гуфт, ки “инҳо ҳар 2 корманди КГБ ҳастанд. Яке майор, дувумӣ капитан. Ҳоло ташкил мекунам, шуморо ба бинои КГБ, ба Душанбе мебаранд”. Номи капитани КГБ дар ёдам ҳоло ҳам ҳаст, ки Неъматулло буду баъдтар дар Нуробод ӯро паронданд. Аз пояш тир хӯрд. Ҳоло зинда асту дар нафақа. Назримадов ҳар 2-ро супориш дод, ки “инҳоро мебареду дар Душанбе, ба КГБ месупоред”.
Моро ба КГБи пойтахт оварданд. Шаб дар меҳмонхонаи КГБ хоб кардем. Навбатдор-масъули КГБ омаду гуфт, ки “ошхонаи КГБ дар ихтиёратон, ҳар вақте чизе мехоҳед, раведу шикамро сер кунед, баъд сари масъалаи шумо фикр мекунем”. Хуллас, 1 рӯз баъд ва дар давом 2 рӯз полковники КГБ-Иброҳимов (миллаташ ӯзбек буд) бо мо сӯҳбат карду дар бораи авзоъи пур аз ташаннуҷи Роғун маълумот ҷамъ кард. Ӯ пурсид, ки “Ризвон чӣ қадар солдат дорад, ҷои хобаш дар куҷост, бо чӣ роҳе ба Роғун рафтан осонтар аст?...”. Мо ҳамаи роҳҳои расидан ба Роғунро гуфтем.
Боз 1 рӯзи дигар дар бинои КГБ истодем. Рӯзи дигар Иброҳимов моро наздаш даъват карда гуфт, ки “Ҳамаи маълумоти додаи шумо аз ҷониби афроди махсуси мо комилан тасдиқ шуд. Аммо ин ҷо 1 гапи дигарро шунидем. Мегӯянд, ки Ризвон 500 нафар солдат дорад. Ин гап рост аст, ё дурӯғ?”
Ба Иброҳимов гуфтем, ки “не, ин гап дурӯғ аст! Зеро ҳамон рӯзе, ки Ризвон дар Роғун тохтутоз дошт, дар атрофаш аз 60 то 80 солдат буд. Аз ин беш нест! Мумкин 100 солдат дошта бошад, аммо 500 нафар не!”
Субҳи рӯзи дигар, 1 нафар корманди дигари КГБ пешамон омаду гуфт, ки “ман началники контрразведкаи КГБ мебошам. Ана акнун шумо ба ман гӯед, ки мақсади омадани шумо чист?”
Ба сардори контрразведка гуфтем: “Дар Роғун дигар касе намондааст. Ба мо армия даркор, зеро мардум ҳама аз Роғун, бо ҳар роҳ гурехта рафтаанд. Мақсади мо ин аст, ки бояд Роғунро аз дасти Ризвон бигирем! Ризвон Роғунро аз Душанбе ҷудо карда, Хилофати Исломӣ сохтанист. Фаҳмидед мақсадро???...”
Ӯ гуфт: “Акнун шумо раведу дам гиред, боз сари ин масъала баъдтар сӯҳбат мекунем”.

Дар қабулгоҳи Сангак
Баъди пешини ҳамон рӯз танҳо маро 1 нафар корманди КГБ, ки худ ҳам шофёр буд, дар мошине шинонду ба майдони Озодӣ бурд. То майдони Озодӣ рафтан, роҳ ба роҳ бо ман сӯҳбат мекард ва гуфт, ки “армия дар ихтиёри КГБ не, балки дар дасти бобои Сангак аст. Инро бояд ту бидонӣ...”. Гуфтам, ки не, албатта!
Шофери КГБ маро назди Шӯрои Олӣ фароварду гуфт, ки “ман ҳамин ҷо меистам, ту рав ба кабинети Бобои Сангак ва мақсадатро бигӯ. Баъд биё, боз туро ба идораи КГБ мебарам. Туро интизор мешавам...” Хуб, гуфтаму ба Шӯрои Олӣ даромада, дари кабинети бобои Сангакро ангушт задам. Касе дарро кушоду ишораи даромадан намуд. Даромадам. Бобои Сангакро дар кабинеташ бо чанд нафар солдат ёфтам. Ӯ вақте мани ношиносро диду пурсид, ки барои чӣ омадаму чӣ мехоҳам, гапро нав сар карданӣ будам, ки бо 1 ишора ҳамаро аз кабинеташ берун баровард ва гуфт:
-Ана акнун гап зан, то ба сӯҳбати мо халал нарасонанд.
То ҳол ёдам ҳаст, ки болои мизи бобои Сангак 3 пачка сигорет меистоду кабинеташ пур аз дуди сигор буд. Дар миёни дуди сигор базӯр медидамаш. Хуллас, ҳама воқеаро барояш нақл кардам... Ва гуфтам, ки бобо, акнун барои мо ёрдами ту даркор. Ба мо армия бидеҳ, то ҳокимиятро барқарор кунем. Ӯ вақте ибораи “армия даркор аст!”-ро шунид, хело хандид ва бо ҳайрат пурсид:
-Ту аз Обигарм ҳастӣ?
Гуфтам:
-Ҳо, аз Обигарм ҳастам...
Бобои Сангак боз қоҳ-қоҳ зада хандид:
-Охир, 99% Обигарм вовчик асту худи Ризвон ҳам вовчик! 1%-аш бошад бачаҳои болоянд, яъне кормандони ҳукумат... Инро ту медонӣ???
Дар ҷавоб гуфтам:
-Бале! Ҳамин ман ҳам ба 1%-и гуфтаат дохил мешавам. Ана ҳамун 1% патриот асту дилсӯзи Ҳукумат. Инаш ҳам ҳаст. Ё не?!...
Бобои Сангак дар анҷоми сӯҳбат гуфт:
-Акнун, бирав ба ҷои хобат. Масъалаи армияро пагоҳ насиб бошад мебинем...

Дар 1 тонк бо Зуҳуров
Аз назди бобои Сангак баромадаму ба “мошинам” нишастам ва ба ҷои хоб омадам. Шаб истодем. Рӯзи дигараш, 13.01.1993, соатҳои 11-и рӯз ману ҳамраҳамро дар 1 мошин савор карданду аз бинои КГБ баромадем. Ба шоҳроҳи Орджоникидзебод даромадем. Дар ҳамин шоҳроҳ 10 танку БТРро дидем, ки дар 1 канори роҳ саф кашида истодаанд. Шофер моро назди танку БТРҳо фароварду худаш кадом тарафе рафт. Ҳамраҳамро ба танки сафи пеш шинониданду маро дар танки 3-уми мобайн. Вақте дохили танк шудам, 1 курсиро барои ман холӣ гузоштаанд. Чун нишастам, дар паҳлӯям 1 одами бӯзбалаи гармчеҳра ба ман салом карду гуфт:
-Биё, хайр, дар бораи сиёсат гап намезанем. Мисле, ки хаста метобӣ. Росташро гӯй, моро шумо куҷо бурданиед? Ва асли шумо аз куҷост?...
Мисли ин чанд саволе берун аз сиёсат дод. Гуфтам:
-Падарам ленинободӣ аст. 35 сол муаллими мактаб буд. Дар маҳви бесаводӣ нақши бориз дошт. Модарам бошад обигармӣ. Ман бошам имрӯз омодаам, ки барои пойдории Ҳокимият ҷонамро фидо кунам. Бо ин гуфтаниям, ки дили шумо аз ман дур наравад...
Дар омади гап ҳамсӯҳбатам гуфт:
-Маро шинохтӣ?
Гуфтам, ки не, аз барои худо.
Гуфт:
-Ман полковник Сайидамир Зуҳуров ҳастам...
Зуҳуровро дида, бовар кардам, ки ҳукумати конститутсионӣ барқарор ва “давлати исломӣ”-и Ризвону бародари каллаварамаш маҳв мегардад...

Давомашро дар газетаи  СССР №18 хонед


Мусанниф
Шаҳрзоди Амин

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter