ХАБАРИ ДОҒ

Кордзании корманди амният дар Кӯлоб

  • Душанбе, Май 15 2017

Ҷинояткорон ба тани лейтенант Юноев Муҳиддин, афсари Кумитаи амнияти миллии гурӯҳи шаҳру навоҳии минтақаи Кӯлоб 24 корд задаанд...

Шаби 13-уми май 1 корманди Кумитаи амният бо ҷароҳатҳои вазнин ба беморхонаи марказии вилоятӣ дар шаҳри Кӯлоб интиқол дода шуд.
Тибқи иттилои аз ин беморхона расида, шаби 13-уми май, тақрибан соати 22:40 дақиқа  ҷавонмарди беҳушеро овардаанд, ки дар тан ҷароҳатҳои зиёди захми корд доштааст. Духтурони беморхона, Чинаев ва Азимов ба таври фаврӣ беморро ҷарроҳӣ карда, вазъи саломатиашро тавонистанд то андозае беҳтар намоянд.
Ба иттилои Давлаталӣ Атоев-сардухтури беморхона, бемор ҷароҳатҳои зиёди кордӣ гирифта, то ба беморхона овардан аз баданаш хуни бисёре рафтааст. Баъди ҷарроҳӣ ва даводави табибон, ҳамакнун вазъи саломатии бемор андаке беҳтар гаштааст. Аммо, ба гуфтаи сардухтур, ҳанӯз ҳам ӯ нотавону дардманд аст ва дар шуъбаи эҳёгарӣ бистарист. Дар ин беморхона дигар иттилоъе надоданд.

7-8 не, 24 корд задаанд
Бино ба иттилои Раҳмоналӣ Имомзода, прокурори шаҳри Кӯлоб, шаби 13-уми май, тахмин соати 21-у 50-дақиқа дар назди бинои истиқоматӣ, воқеъ дар маркази шаҳр, гурӯҳи номаълум ба бадани 1 афсари Кумитаи амнияти миллӣ 24-зарбаи корд зада, аз ҷои ҳодиса ғайб задаанд. Қаблан расонаҳо дар бораи 7-8 захми корд иттилоъ дода буднд. Ҷаноби Имомзода гуфт, субҳи рӯзи дигар дар мавриди ин қазия дар прокуратураи шаҳр парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот бурда мешавад. Ба гуфтаи Имомзода, барои ҳар чӣ тезтар ошкор намудани ҷинояткорон гурӯҳи тафтишотии прокуратура, инчунин муфаттишони шуъбаи корҳои дохилӣ ва гурӯҳи оперативии Кумитаи амнияти миллӣ дар гурӯҳи шаҳру навоҳии Кӯлоб сафарбар гаштаанд.
Имомзода мегӯяд, дар пайи тафтишоти ҳодиса аз камераҳои назди бинои истиқоматӣ ва қаҳвахонаи «Шабчароғ», ки ҳодиса рух дода буд, истифода бурда шуд. Вале, мутаассифона, камераҳои наворгирӣ сифати нохуб доштаанд ва барои ошкор намудан мушкилӣ ба бор оварданд. Дар яке аз камераҳо давида гурехтани нафаре мушоҳида мешавад, вале андому чеҳраи ӯ дида намешавад. Прокурор ба бовар аст, ки дар кӯтоҳтарин мӯҳлат ҷинояткор ё ҷинояткорон ҳатман дастгир хоҳанд шуд.
Дар ҳамин ҳол, субҳи рӯзи якшанбе муовини вазири ВКД Абдураҳмон Аламзода бо 1 гуруҳи фаврӣ ба Кӯлоб омада, аз вазъи баамаломада ва рафти тафтишот шиносоӣ карданд. Дар ҳамин рӯз вазири тандурустии ҷумҳурӣ Олимзода ҳам ба беморхонаи марказии вилоятӣ омада, аз аҳволи афсари Кумитаи амният бохабар гаштааст.
   
Афсари КДАМ шароб наменӯшид!
Гуфта мешавад, ҳодисаи кордзанӣ ба бадани корманди Кумитаи амнияти миллӣ шаби 13-уми май дар назди бинои истиқоматӣ дар маркази шаҳр, ки ҳамин афсар бо 3-тан аз ҳамтоҳои худ дар хонаи иҷора мезистанд, рух додааст. Дар ҳамин бино қаҳвахонаи «Шабчароғ» фаолият дорад, ки ба гуфтаи кормандони он, ҳамин 4-тан афсарони КАМ ин ҷо ҳамарӯза хӯроки шом хӯрдаву ба манзилашон, ки дар болои қаҳвахона буд, мерафтаанд.
Беҳрӯз, корманди қаҳвахона мегӯяд, «қариб ҳар бегоҳ ин 4-нафар дар қаҳвахонаи мо хӯроки шом мехӯрданд. Бачаҳои боодобу бофаросатанд. Бо масъулият мегӯям, ки ҳамин бача ҳаргиз маю шароб наменӯшид, худаш ҳам «спортивный» бача буд. Ҳамон шоми 13-уми май ҳам 4-тан омаданд, хӯрок хӯрданд. 2-нафарашон ҳамиҷора буданд, ба манзили зисташон боло шуданд. Дуи дигар хайрухӯш карда, рафтанд. Тахминан баъди яку ним соат 2 тани ношинос ба қаҳвахона даромада, пиво фармуданд. Нағз ёд дорам, ки ҳамин лаҳза 1 ҷавоне бошаст аз назди қаҳвахона давида, гузашт. Баъди 1-2-дақиқаи дигар аз паси қаҳвахона садои баланди одамон баромад. Ба қафо рафтем, ки ҷавоне оғуштаи хун мехобид. Дар 1 лаҳза саҳни ҳавлӣ пуропури одам гашт, ҳатто мизоҷони қаҳвахона ҳам он ҷо омада буданд. Касе мегуфт, ки мошине оварда, ӯро ба беморхона баранд. Ман шитобон барои овардани мошинам рафтам ва дидам, ки қаҳвахона ҳама холӣ асту танҳо он 2 нафари ношинос нишастаанд. Баробари дидани ман гуфтанд, ки пивои моро кай меорӣ? Аммо ин 2-нафарро ман бори аввал медидам ва бо боварӣ мегӯям, ки аз мардуми шаҳр набуданд ва ҳар 2 ҳам бо либосҳои шинаму ороста ва бо костюм буданд».
Тибқи иттилои расида, корманди КАМ-и захмишуда лейтенант Юноев Мӯҳиддин буда, дар Кумитаи амнияти миллии гурӯҳи шаҳру навоҳии минтақаи Кӯлоб кору фаолият мекард.


Аслиддин Достиев,
СССР, Кӯлоб

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter