ХАБАРИ ДОҒ

Рамазон дар пеш, нархҳо дар осмон!

  • Ҷумъа, Май 19 2017


Рамазон ҳам фаро мерасад! Ва аз ҳоло нархҳо дар бозорҳо ҷаҳидан доранд. Дар бозорҳои ш.Душанбе, минҷумла, дар бозори Саховат, 1 кг помидор то 25 сомонӣ ва помидори андак зарбхӯрда 15-18 сомонист. Аз роҳбари давлату Ҳукумат то раисони шаҳру ноҳияҳо дар масъалаи нархҳо гап мезананду таъкидҳо мекунанд, натиҷаи дилхоҳ нест! Наход мо қудрати бо ҳаннотон мубориза бурдану ба роҳ дароварданашонро надошта бошем? Ин савдогароне, ки дар мо ҳастанд, ба бозоргонҳо, савдогарони озод монандие надоранд! Онҳо ҳаннотони ба ҳукми Қонун даровардашуда мебошанд, онҳо дигар ба ҷавобгарӣ кашида намешаванд. Ман ба касе ғараз надорам, ки таҳти калимаи мусулмон чи моҳиятеро мефаҳмад, вале шахсан ман зери мафҳуми ин калима шахси фиребанда, дуруғғӯ, ҳиллагар ва найрангбозро фаҳмида истодаам. Пас чӣ тавр дилат аз тоҷири беақлу бефарҳанги тоҷик хунук нашавад??? Истеҳсолкунандагони маҳсулот шахсони боинсофанд, вале вақте мол ба савдогар расид, нархро бало зад!!! Ҳар гоҳе бо онҳо дар мунозира шавӣ, бисёриҳо қимат шудани арзиши $-ро пеш меоранд. Борро аз деҳқон 2-3 сомонӣ харида, 7-10 сомонӣ мефурӯшӣ ва барои ин садҳо қасам мехӯрӣ. Барои ин зану падару модаратро зери қасамҳои бемаъниат нагузор, ки дар охир муртад мешавӣ.


Комрони Далер,
Узви Ихвон-ал-СССР, ш.Қӯрғонтеппа

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter