ХАБАРИ ДОҒ


Вақте ки паррандаеро дар қафаси тило ҳам гузорӣ дилгир аз зиндагию маҳрум аз озодӣ мешавад. Медонед, парранда худро дар осмони соф хушбахтарину хушҳолтарин мешуморад, аммо нафаре пайдо мешаваду рӯзи хушбахттарини ӯро ба бадбахтӣ табдил медиҳад. Ӯ дар қафас 3 ҳафта меистаду мемирад. Маргаш аз зиндонӣ шудан буд. Акнун биандешед, муҳтарам қонунбарорҳо, шумо зиндагии мо-ҷавононро ба мисли ҳамон паррандаи қафасӣ кардаед. Ҷавонро дар қафас орзуҳояш низ зиндонист, дар қафас наметавонад хурсандӣ кунад.
Ин чӣ ҳаётест, ки ҷавонон дар рӯзи хурсандӣ рақсу шодӣ накунанд, дар рӯзи занги камолот бо мактаби хеш хайрухуш накунанд? Ягона чизи бехатар, ки на ба инсон ва на ба ҳайвон зарар намерасонад, ин суруд ва мусиқист, ки шумо дар мактаб суруди занги камолотро барои мо хонандагон манъ кардед. Айб аст!
Ҳатто винетка-сурати дастаҷамъии хатмкунандаҳоро ҳам манъ кардаед. Шумо чӣ мақсад доред? Шабнишинӣ дар тарабхона, ки дидори охирини ҳамсинфон бо устодони гиромӣ мебошад, аз ин ҳам моро маҳрум кардаед. Ҳадди аққал рӯзона иҷозат бидиҳед, ки мо онро ҷашн гирем. Пас бигуед, мо насли наврас, ҷавонон-ояндаи миллат ба чӣ кор машғул шавем? Мо ба кӣ лозим ҳастем?
Мо, ростӣ аз чунин қонунҳо дилгир шудаем, ки зидди озодии мост! Шумо-калонсолони даврони шӯравӣ, ки мегӯянд он даврон хеле дунявиву пешрафта буду ин ҳама ҷашнҳоро манъ намекард, вақте моро аз винетка, занги камолот, хушҳолӣ, шабнишинии охирин маҳрум месозед, пас мо-ҷавонони имрӯз аз ҳама хушиҳо манъгардида, фардо ҳоли фарзандони худро аз ин ҳам бад намекунем? Мекунем! Чунин иқдоми қонунбаророн ояндаи ҷавононро ба мисли Давлати Исломӣ мегардонад! Медонед, сабаби ҷангу ҷанҷолҳо дар Ироқу Сурия маҳз дар ана ҳамин нохушиҳост? Зеро вақте хуширо аз инсоният мегиред, даст ба нохушӣ мезанад! Мо ҷавонон озодиву занги камолоти худро интизорем!!! Мо Метавонем!


Омирона ва Ориёна Достиеваҳо,
хонандагони синфи 11-«в», мактаби №72, ш.Душанбе

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter