ХАБАРИ ДОҒ

Овоза: Аз хонаи Хайров $35 млн ёфтанд?

  • Душанбе, Май 22 2017


Баъди он, ки газетаи СССР дар шумораи қаблӣ перомуни “Шикори бузург” гузориш дод, то ҳол ҷомеаи кишвар аз амалиёти Кумитаи давлатии амнияти миллӣ инро интизоранд, ки “баъд...” чӣ шуду чӣ гузашт? Аҷиб ин аст, ки мақомоти қудратӣ то ҳанӯз сари пурсарусадотарин гирудори фасодкорони фасодзада хомӯшии кулл интихоб кардаанд. Ин дар ҳолест, ки кишварро “Ҳазрати Овоза” мепечад ва роҷеъ ба “қаҳрамониҳои фасодкорон” афсонаҳо мезоянд. Мисле, ки аз хонаи модари корманди дигари Агентӣ гӯиё 35 млн доллар ёфта бошанд...

Хомӯшии мақомот хабаргузориҳои хориҷиро серхонанда кардааст!


Сайти хабарии www.akhbor.com дар такя ба сайти "Паём” рӯзи 8 май навишт, ки "яке аз ширкаткунандагони ин бозҷӯӣ” хабар дод, ки маъмурони КДАМ ҳини кофтукоб аз хонаи модари Давлатбек Хайрзода (Хайров)-муовини собиқи раиси Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ 35 млн доллар пули нақд ёфтаанд”. Аммо қариб 3 манбаи наздик ба ҷараёни тафтиши делои мансабдорони боздоштшудаи ин Агентӣ дар сӯҳбат бо "Ахбор” аз ошкор шудани чунин маблағи бузург дар хонаи Хайровҳо дар дараи Ромит изҳори бехабарӣ карда гуфтаанд, ки ошкор шудани чунин миқдори бузурги пул ҳатман овоза мешуд ва ҳаргиз пинҳон намемонд... Аз ин пеш Қутбиддин Хайров-бародари Давлатбек оид ба кашфи маблағи бузург аз ин хона, гуфта буд, ки бародарам одами чандон пулдор набуд. Ёдрас мешавем, Давлатбек, ки 23.01.2017 аз мақоми муовини раиси Агентӣ "ба сабаби ба нафақа баромаданаш” озод карда шуд, намояндаи хонаводаи дар н.Ваҳдат пурнуфузи Хайровҳо аст. Бародари ӯ Қутбиддин муассис ва раҳбари дастаи ФК "Хайр”-и Ваҳдат ва аз соҳибкорони маъруфи минтақа буда, чандин корхона ва фурӯшгоҳи марказии ш.Ваҳдатро ба ӯ нисбат медиҳанд. Ӯ бар бовар аст, ки бародараш умуман гуноҳе надорад ва дар ин бора бо хабаргузориҳо сӯҳбат ҳам карда буд. Худи Давлатбек 24 апрел, тибқи хабарҳо, дар марзи ҷамоати Хистеварзи н.Б.Ғафуров бо н.Лайлаки вилояти Бодканди Қирғизистон ва тибқи овозаи дигар, дар фурудгоҳи Хуҷанд дастгир шуд. Қутбиддин дар боздоштгоҳи КДАМ қарор доштани Давлатбекро тасдиқ карда, гуфта буд, ки ӯ дар фурудгоҳи Хуҷанд, вақте ки мехост барои табобати 10-рӯза ба осоишгоҳи Минводии Русия биравад, дастгир шуд, на дар марз бо Қирғизистон.

Боздоштшудаҳо саломатанд?


Дар ҳамин ҳол, хабарҳое ҳаст, ки гӯё вазъи саломатии Фирӯз Холмуродзода, муфаттиши боздоштшудаи Оҷонсии зиддифасоди Тоҷикистон, вазнин шуда, таҳти назорати пизишкон қарор гирифтааст. Манобеи наздик ба тафтишот гуфтаанд, ки Фирӯз дар ҳафтаҳои охир қариб 2 бор дучори сактаи қалб шуда, барои табобаташ аз “Медгородок” пизишконро даъват кардаанд. Хотиррас мешавем, ки Фирӯз 1 моҳ пеш бо иттиҳоми "қаллобӣ" ва "суистифода аз мақом" дастгир шуда, дар боздоштгоҳи муваққатии ш.Душанбе нигаҳдорӣ мешавад. Сарчашмаҳои наздик ба тафтишот гуфтаанд, таҳқиқи қазияи ӯ идома дорад ва то кунун дар чаҳорчӯби делои ӯ Баҳринисо ном зан бозпурсӣ шудааст, ки гӯё дар робита бо иттиҳоми гирифтани миқдори зиёди тилло шаҳодат медиҳад. Ин зан, ба қавли манбаъ, қаблан бо ҷурми "қаллобӣ" боздошт шуда, гӯё муфаттиш (Фирӯз) бо ваъдаи озод кардани ин зан миқдори зиёди тиллоро талаб кардааст. Баҳринисо баъдан гӯё ба муфаттишони қазияи кормандони оҷонсии зидди фасод шоҳидӣ додааст, ки Фирӯз дар ивази раҳоии ӯ 6 кг тилло талаб карда буд. Афроди огоҳ аз қазияи боздошти Фирӯз ба "Ахбор” гуфта буданд, ки ӯ ҳангоми гирифтани маблағи бузурги пора барои пӯшондани 1 дело дастгир шуда буд. Баъдан хабарҳое паҳн шуд, ки дар ҷараёни кофтукоб аз манзили Фирӯз 1,3 млн доллар, 6 кг тило, кортҳои зиёди бонкҳои хориҷӣ ва 50 ҷуфт костюму туфлӣ ёфт ва мусодира гардида, ҳамчунин маълум шудааст, ки ӯ дар ш.Душанбе 31 манзил, 2 ҳавлии бошукӯҳи якеаш нимсохт дар маҳаллаи Чортут, 1 бӯстонсаро дар Варзоб ва 1 хонаи дигар дар Австрия дорад. Ин дар ҳолест, ки наздикони Фирӯз ин иддаоро рад карданд. Онҳо мегӯянд, ӯ ҳамон миқдор либосу шиму костюм дошт, ки барои 1 ҷавони замонавӣ басанда аст ва ин теъдод ҳаргиз 50-60 ҷуфт набуду нест. Роҷеъ ба кашфи миқдори дигари тилову пул низ онҳо шубҳа доранд... Ба қавли "Ахбор”, Фирӯз, ки рӯзҳои аввал аз додани баёнот саркашӣ мекард, баъдан ба ҳамкорӣ бо тафтишот оғоз кард. Тибқи хабарҳои “Ахбор”, боздошти Фаридун Беназирзода-муовини раиси гумруки ш.Хуҷанд, ки дар гузашта дар Агентии мубориза бо коррупсия кор мекард, маҳз бар асоси баёноти Фирӯз муяссар шудааст.

Чанд нафар боздошт шудааст?
Тибқи хабарҳои охирин, Фирдавс Ниёзбадалов, муфаттиши собиқи Агентии мубориза бо коррупсия (домоди генерал Амирқул Азимов-собиқ дабири Шӯрои амният), ки ҳафтаи гузашта ба шарти берун нарафтан аз манзили зист аз боздошт озод шуда буд, дубора ҳабс шудааст. Ӯ дар моҳи апрел дар ҷараёни амалиёти бузурги КДАМ ва Агентии мубориза бо коррупсия, дар қатори дигар раҳбарони дар гузашта баландпояи ин Агентӣ дастгир шуда буд. Вале баъдтар ӯ ва Ҷамолиддин Муҳаммадзода (Муборов)-сардори собиқи раёсати ташкиливу назоратии Агентиро ба шарти берун нарафтан аз маҳалли ҳист озод карданд. Ҳоло бошад наздикони Фирдавс, ки қаблан ин ҳамаро ҳангомаи дурӯғе беш намедонистанд, хабари боздошти дубораи ӯро тасдиқ, ё рад намекунанд. Генерал Азимов 15 май хабари боздошти домодашро шарҳ надода гуфтааст, ки “Ман дар ин бора ҳеҷ чиз намегӯям, ӯ корманди Оҷонсӣ ҳаст, сохторҳои тафтишотӣ аст, аз онҳо маълумот гиред." Ин дар мавридест, ки Азимов қаблан бо дили пур мегуфт, ки домодаш дар озодист. Ва ӯ хабари боздошти Фирдавсро "ҳангома" номида буд: "Ман намедонам барои чӣ дар расонаҳо чунин навиштаанд, вале ӯ дар ҷои кораш аст, оҷонсӣ раис дорад, муроҷиат кунед, онҳо ба шумо мегӯянд дар куҷост, вай дар иҷрои вазифааш аст, аниқ медонам."

Постскриптиум
Вақте газетаи СССР омода ба нашр буд, овозаи дигар расид, ки собиқ корманди Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ Умед Камолов-писари генерал Саиданвар Камолов-собиқ раҳбари Ташкилоти мададгори мудофиа (ДОСААФ)-и ҶТ дубора боздошт шудааст...

СССР


Ва аз ҳама охир: газетаи мардумӣ дар ин додуситад расман ягон касро муттаҳам ва ё гунаҳкор намекунад. Мо танҳо дар ин матлаб гузоришҳои хабаргузориҳои хориҷии Тоҷикӣ ва овозаҳои мардумиро ҷамъ овардем. Ба ин умед, ки ахиран масъулин дарк менамоянд, ки қазияи “Шикори Бузург” дигар ягон пардаи сиррӣ ва тамғаи махфӣ надорад. Ба мардум хабари саҳеҳ ва иттилои дақиқ бояд пешкаш гардад. Мо омодаем чоп кунем. Мо Метавонем!

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter