ХАБАРИ ДОҒ

Ману ҷавонии ману ҷавонии ҷавонони муосир

  • Душанбе, Май 22 2017


Мо ва баҳси мо-10

Аз ҷавонон покдомонӣ талаб кардан хатост,
Дар баҳорон оби ҷӯ дар ҷӯйборон соф нест!


(Соъиби Исфаҳонии Тоҷик)


Усулан ин баҳси ман нест! Зеро умри мо ба ҷое расида, ҳарчанд ба назар ва дар акс ҷавонтар бинмоем ҳам. Вале мушкили идеологии ҷавонони муосир маҷбурам кард, ки ин мавзуъро ба баҳс кашам. Ба вежа, вақте «Дугоникҳои СССР» ахиран навиштанд, ки хатмкунандаҳои мактабҳои имсоларо куллан аз ҳама хушиҳои даврон-занги камолот, шабнишинӣ (дар рӯз албатта), маҳфили шарикдарсон ва ҳатто шунидани суруди маъруфи Занги Охир маҳрум кардаанд.
Саволи матраҳ имрӯз ин аст, ки 1 ҷавон дар даврони мо бояд чӣ коре кунад? 100% мувофиқам, ки студент набояд бо мошин ба дарс ояд. Шояд ин тасмим дар пасманзари аварияҳои эркаписарони чанд вазиру мансабдор гирифта шуд. Вале оё унҳо дигар ба дарс пиёда меоянд? Мошинро аз мошин фарқ бояд кард. Фарзандони камбағалҳо низ мошин доранд: Мошин имрӯз сарват-роскош нест. Мошин атрибути арзонтарини ашёи зиндагонист. Фарзи мисол, ҳамсояи ман, Наврӯз, дирӯз бар ивази $300 автои Нексия гирифт. Магар ин сарват аст? Ҳазорон ҷавонон мошин доранду бо он аробаи шалақи зиндагонӣ мекашанд. То донишгоҳ 4 нафарро мебаранду меоранд ва дастмузд мегиранд 24-30 сомонӣ. Ин барои 1 сарватманд пул нест. Барои 1 донишҷӯи камбағал сарват аст! Бо ин пул ӯ ҳам рӯзи худро мегузаронаду ҳам рӯзии падару модарашро меёбад. Вале акнун бояд ягон донишҷӯ на то дарс ва на баъди он ба мошин нашинад...
Ин тасмими мо дар ҳолест, ки фарзи мисол, дар Амрико, аз синфи 9 ҳама бо мошин меояд. Ва ягон проблемае дар ягон мактаб нест, зеро назорат ҳаст. Мақомоти қудратӣ бояд кор кунад. Онҳо ҷои масъулиятро бар дӯш гирифтан, онро, яъне масъулиятро аз сар соқит карда, мошинронии студентони 18-28-30-соларо (!!!) қатъан манъ кардаанд!
Ба тарабхонаву марказҳои дилхушӣ рафтани ҷавонон манъ аст! Пас куҷо раванд ҷавонҳои мо? Аҳа, ба...масҷид? Ун ҷо ҳам манъ аст. Ба марказҳои бозиҳои компутарӣ? Ун ҷо ҳам манъ аст!!! Кор то ҷоест, ки дар аксари шаҳру навоҳӣ, ба вежа, Душанбеи азиз, ҷои бозии атфол намондааст. Ҳамаро хона сохтанд! Имрӯз ҷавон метавонад рост мактаб раваду рост ба хона баргардад. Ҳаргиз тарафдори сакалтугардии ҷавонон нестам, ки худам падари 4 навболиғам ва мехоҳам ҳамеша дар хона бошанду китоб хонанду дарс тайёр кунанд. Вале аз барои савоб, мо-насли ворастаи шӯравӣ, магар 24 соат дар 1 шабонарӯз дар хона менишастем? На!
Кинотеатрҳо буд (рӯямонро аз Худо нагардонем, дар ҷавонӣ қариб ки театр намерафтем!), консертҳо буд, дискотекаҳо буд (на мисли имрӯза ҷои фаҳшо буданд ин клубҳо он замон!), сайру сайёҳати дастаҷамъӣ буд, экскурсияҳо буд... Кадом мактаб ё донишгоҳ имрӯз ҷавононро ба кино ё сайёҳат мебарад? Директори мактабҳо аз тарси курсии ба хуни дил ба даст овардаашон дар бораи экскурсия ҳатто шунидан намехоҳанд! Оҳоооо, мабодо 2 кас ҷанг кард, директор «мепарад». Дар мактабе, ки ман мехондам, ҳар рӯз ҷангу хархаша, дуздиву кордкашӣ буд. Мактаб хеле криминал буд. Аммо ягон директорашро барои ягон авбошу бетамиз намеронданд. Дар натиҷа маҳз ана ҳамин хел мактабҳо ба олами фарҳанг садҳо зиёӣ ва корманди давлатӣ ҳадя мекарданд. Зеро гӯсфандро аз пои худаш ва бузро аз пои худаш меовехтанд.
Ҳоло бошад чӣ? Танҳо аз рони директор медорем! Барои ҷанҷоли 3 авбош дилхоҳ муаллими хидматкардаро бе ягон азияти виждон меронанд. Зеро «ҷои холӣ» лозим... Вале бо ин ҳама ситам боз сари ҷавонон аст. Биёед, 1 бор дуруст андеша кунем, ки дар ҳамин Соли Ҷавонон 1 ҷавон бояд чӣ коре кунад?
Мошин рондан манъ аст!
Ресторан рафтан манъ аст!!
Дискотека рафтан манъ аст!!!
Масҷид рафтан манъ аст!!!!
Мулоқот кардани ҷавонҳо манъ аст (духтарону писарон медонанд, ки милиса 2 нафарро дар порк дид, ҳатман медорад ва ин дар ҳоле, ки кӯчаву хиёбонҳо пур аз фоҳишаҳост)!!!!!
Телефон бо худ доштан манъ аст (студентон)!!!!!!
Интернет-кафе рафтан манъ аст!!!!!!!
Эй масъулин! Барои 1 ҷавони Тоҷик дар асри 21 чӣ манъ нест???
Шояд муздурӣ ва ғуломӣ дар Русия?... Боз чӣ дигар?
Чунин "сахтгирӣ" ҳатто дар даврони шӯравӣ набуд...
Ман сахт патриотам ва эҳсос мекунам, ки Қонуну қарорҳои сахти ахирӣ муҷиби дилсардиву саркашии ҷавонон мегарданд. Фаромӯш накунед, ки ҷиноёт дар кишвар ҷавон гашта истодааст (тибқи иттилоъи расмӣ) ва фикр намекунед, ки шояд яке аз сабабҳояш маҳз сахтгирии аз ҳадд беши мо-насли калонсол аст? Ба ҷавонон озодӣ ва ҷавонӣ диҳед, то вораставу ватанпараст шаванд. Ҷавониро дар қафас кардан, хатарҳои идеологӣ дар пай дорад. Шумо 1 бор бо фарзанди худ дар ин бора гуфтугӯ кардаед, ки аз Қарору Қонунҳои қабулкардаатон розиянд ё на? Ин ҳамаро аз дилсӯзӣ навиштам, ки мебинам, наслҳо аз ҳама гусаставу дуртарак мешаванд. Дигар тасмим аз шумост. Мо метавонем!

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter