ХАБАРИ ДОҒ

Далерӣ кун, ки майдон аз далер аст

Ҳафтаи гузашта бо Латифи Пидром, вакили парлумон ва яке аз шарафмандтарин Тоҷики Афғонистон дидор кардам. Латиф, ин ки воқеан марди вораста, ҷасур, нотарс, далер, шердил, миллатдӯст ва фарзона аст, бори дигар бароям кашф гардид. Аммо маро чизе дигар дар ин дидор ба андеша бурд: Ҳар Тоҷике, ки дар ин маҳфил сухан мекард, аз ҷасорати Пидром ёд овардаву ҳатман (тақрибан) чунин меафзуд: Мо ҷасорати пиндори Шуморо дар он сӯи Омӯ гӯш карда, дар ин ҷониби марз...зонуҳоямон аз тарс меларзад...
Наход мо то ҳамин ҳадд миллати тарсуем, ки ҷасорати 1 ҳаммиллат зонуҳоямонро ин ҷо ларзонад?... Наход ҳатто ҷасорати Латифи Пидром-Тоҷики воқеан ҳам вораставу шарафманд...моро талхакаф намояд??? Ба пиндори ман, интеллигенсияи мо баъзе чиро ё намефаҳмад ва ё фаҳмидан намехоҳад. Бо чунин «дилбардориҳо» ҳаммиллатонро шумо метарсонед, ҷанобон. Тарс аз шуҷоат ҷои фахр нест. Ифтихор ин аст, ки мо-билкулл дар ин набарди шадиде, ки Пидром дар Афғонистон дорад, бояд дар паҳлӯяш ҷо бигирем. Пинҳон намекунам, ки бо ӯ задухӯрди лафзиву навишторӣ дар қабл доштам. Аммо мавқеи имрӯзаи Пидром сахт писандам аст. Балки мавқеи ман низ ҳаст. Ӯ боре дар ҳузури ҷавонони Тоҷики Афғонистон мегуфт (тақрибан): «То шумо дар барам ҳастед аз манофеи Тоҷикон пуштибонӣ мекунам, вале агар дар барам 1 нафар ҳам набошад, савганд ба номи Худо, 1 зарра мавқеамро тағйир намекунам ва то ҳастам аз миллати Тоҷик пуштибонӣ хоҳам кард!». Ҳамон замон гуфтам, ки «Савганд, то ман ҳастам Латиф танҳо нест!» ва шукр, ки ҳамакнун шинос ҳам шудем.
Мавқеи Пидром чист? Ӯ мехоҳад Тоҷикони шарафманд шарафмандона дар ин сарзамин зиндагонӣ кунанд! Ӯ зидди фашизми паштунист!! Ӯ дар зимн аз мавқеи ӯзбаку туркману балуҷу дигару дигар ақвоми хурд низ пуштибонӣ мекунад. Ӯ мехоҳад Афғонистон ба коми таассубгароёни паштун наравад ва марзҳои мо дар он сӯ ором ва ба дасти Тоҷикон бошанд. Мавзеъи мавқеяш қобили қабул аст. Бинед, ки бо таҳаммулпазирии тарсолудаи интеллигенту сиёсатмадорҳоямон гоҳвораҳои тамаддуни хеш-Самарқанду Бухороро, дар оғози асри пор раҳо кардем. Имрӯз ҳатто кор ба ҷоест, ки дигар намехоҳанд ва намегузоранд роҷеъ ба ин ситами ҳазорсолаи дуввум мо ҳатто нависем: гӯиё бар манофеи сиёсати роиҷи имрӯза посухгӯ набудааст. Аммо ҳар сиёсатмадору горе-идеолог бояд донад, ки то Тоҷик даъвии Самарқанду Бухоро намекунад, оянда надорад! Айнан ба ҳамон шева Кобулу Мазори Шарифу Қандаҳорро аз Тоҷикони Афғонистон гирифтаниянд ва ин танҳо ӯст, ки хатарро дарк кардаву намегузорад хатои муҳлики солҳои 20-и асри 20 такрор шавад.
«Тоҷикон аз ҷасуртарин, далертарин ва нотарстарин миллатҳои оламанд, ки ба ҳар зӯргӯ бо зӯр посух хоҳанд дод!». Ин низ иддаои Латиф аст.
Хонандаи гиромӣ! Магар Тоҷикони Афғонистон мисли ману ту Тоҷик нестанд? Пас чаро мову шумо лотоку туалети урусро мешӯему он шарафмандон на???
...Ғурури Тоҷикӣ ба мо аз бобоҳомон мондааст. Бобои ман, шахсан, бо намояндаи Ленин-Дуров вохӯрдаву дар с.1921 масъалаи мухторият ва истиқлолияти сарзамини имрӯзаи Тоҷиконро, дар ҳамин марзу буми кунунӣ матраҳ карда буд. Бобои ту низ паҳлӯи ӯ буд, хонанда! Мутмаинан буд. Зеро мо миллати пурғурурем, на ч(у)мо, ки имрӯз муаррифимон кардан доранд. Аммо чаро ин ғурур моро раҳо кард? Зеро тӯли 70 сол сари мо ҳарб буд: ҷанги иттилоотӣ, ки мехостанд миллати моро бегонапарасту дӯстҷӯву ошнобоз ва фарҳангӣ, на ҷангӣ муаррифӣ кунанд. Дӯст омад танг дар оғӯш гир, душман ояд нон те, қотили падарат меҳмон шуд-иззат гузор, ба дода қаноат кун, зи нодода манол ва ғ. ва ҳ. Усулан, дар 70 сол идеологияи тарсугардонии миллати ҷасурро ташдид бахшиданду бас. Зеро сар аз Александр то Чингизу Қутайба ибни Муслим ва ахиран манғиту панғиту болшевик сари мо ҳамин фишорҳо буд. Аммо чун аз идеологҳои 70 соли тарсупараст мо қаҳрамон сохтем, Тоҷикони ун тарафи марз аз ин ғоя канор монданду ҷасорати хешро ҳифз карданд! Боре ҳам бо Барот Юсуфӣ-журналисти вораста ва Тоҷики ҷасур сари дастурхоне сӯҳбат доштем. Хеши Барот, ки нахустин бор аз Афғонистон омада буд, мегуфт «Сари 1 паштунро бо коса шикастам, чу гуфт, дар Душанбе бо тоҷикдухтарон ишқварзӣ кардааст». Мову Барот таҳдор хандидем ва шарм доштем. Зеро дар ҷамъияти мо ақаллан 1 Тоҷик нест, ки аз инчунин шармандагӣ ақаллан бо камонғулак ҷилавгирӣ кунад. Вале агар мабодо кард, пулиси ҷоноҷонамон ҳабсаш мекунад. Чунки дар мо ҷасорат криминал шудаасту ҷасур ҷинояткор...
Имрӯз низ идеологияи зиддимиллии моро русҳо давом медиҳанд. Кор то ҷоест, ки қирғизе метрои Санкт-Петербургро тарконду онҳо думи Тоҷикро гирифтанд. Зеро хомӯшии мо ба онҳо ин имкониятро медиҳад. Ва ин дар ҳолест, ки роҳбарони Қирғизистон, ҳатто аз боздошти террористони қирғиз изҳори норизоият карданду аз табодули компанияи антитеррористӣ ба антиқирғизӣ садд гузоштанд. Парлумони мо бошад ҳамоно хомӯш аст...
Ба миллат бояд ҷасораташро баргардонид. Чигуна? Оддӣ ва сода: ҷасоратро бояд реклама кард. Ақаллан байни памперсҳои «Эдӣ-Бейбӣ» ва дорувори «Грип-нол», чанд сония ҷудо куне(м)д ва Тоҷикони далеру пурғурур ва ҷасурро намоиш диҳед. Дорем, чунин Тоҷиконро, мисли Латифи Пидром! Ещё как дорем!!!
Таъриф намекунам: факт меорам. 1 Тоҷик дар Армияи Советӣ 1 полкро басанда буд. Ягон Тоҷик чмо набуд!!! Имрӯз чӣ? Ҳоло тамомии каналҳои урусӣ маҳз бо обрӯрезии миллати мо банданд. Шумо низ 4 намоиши антиурусӣ созмон диҳед, аввал меранҷанд, дағ-даға мекунанд, фишор меоранд ва 7 рӯз пас...пӯзиш мехоҳанд, номаъқулиҳои рӯзафзуни худро қатъ мекунанд. Инро чун нафаре наменависам, ки садҳо тан аз хизматонаш аз Армияи советӣ сар аз Озарбойҷон то Туркману Арманистон чун дӯст мекобанду меёбандаш, инро чун нафаре мегӯям, ки дар дили фарҳанги империя ба воя расидааст. Мо Метавонем!

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter