ХАБАРИ ДОҒ

Аввалин зодрӯз дар озодӣ пас аз 14 соли маҳбас

  • Душанбе, Май 29 2017


(Ба 59-солагии Ёқуб Салимов бахшида мешавад)

Шояд 25-30 сол қабл оид ба Ёқуб Салимов дар доираи маҳдуди одамон медонистанд. Аммо воқеаҳои февралии соли 1990 номи ӯро бештар вирди забонҳо намуд. Ӯро яке аз саркардаҳои ин ҳаводис дониста, 1 муддат зиндонӣ ҳам карданд. Аммо Амирқул Азимов, ки он замон тафтиши ин ҳодисаҳоро дар Прокуратураи генералӣ ба уҳда дошт, соле пеш иқрор шуд, ки Ёқуб аслан бегуноҳ буд ва ҳатто рӯзҳои баргузории ин ҳодисаҳо дар Тоҷикистон набудааст. Дар рӯзҳои аввалини гирдиҳамоиҳои майдони "Шаҳидон" ва "Озодӣ", ки баҳори соли 1992 иттифоқ афтода буд, номи Ёқуб дубора ба 1 чеҳраи хабарсоз бадал ёфт. Хоса, баъди он ки пас аз даъвати шоири шинохта Зиё Абдулло, ҳамроҳ бо Ғаффор-Седой, Н.Лоиқов, Исматча ва чанд шахсияти дигари номдор дар байни 2 майдон ҷо гирифтанду аз пайомадҳои ногувори ин ихтилофот ҳушдор доданд. Садои онҳоро нашниданд, ё шунидан нахостанд. Ихтилофот ҷиддитар шуд ва ҳамин тавр ба хунрезиҳо печид. Мардуми майдонҳо ҳар кадом ба зодгоҳи худ баргаштанд. Вале Ёқубу Ғаффору Исмату Музаффару Кайҳон ва теъдоде аз зиёиёни дигари вилояти Кӯлоб, ки акнун тамғаи "вовчик"-ро ба онҳо часпонда буданд, ба зодгоҳи худ-Кӯлобу Вахш баргашта наметавонистанд. Дар пойтахт ҳам барояшон хавфи зиёде вуҷуд дошт. Инҷониб, ки тобистони соли 1992, пас аз даъвати дубораи донишҷӯён барои таҳсил ба пойтахт омада будам, чанд бор дар ситодашон меҳмон будам. Медидам ва мешунидам, ки чӣ гуна барои гирифтани пеши роҳи хунрезии бештар дар мамлакат ва аз бедодгариҳо раҳо намудани зодагони вилояти Кӯлоб, ки ҳоло ҳам дар Душанбе ба сар мебурданд, чӣ қадар ҷонканиҳо анҷом медиҳанд. Дар навбати худ эҳсос мешуд, ки онҳо чизи дигареро пай бурдаанд. Аз ҷумла, ишораҳошон ба ин буд, ки Тоҷикистонро дигар як ҷанги қавмӣ ва маҳалгароёна фаро гирифтаасту онҳо қурбонии ин ҳолат гаштаанд. Аммо дар зодгоҳашон низ "ҳукми" онҳоро хонда буданд.

Бозгашт ба Вахш
Онҳое, ки қиссаи ба Вахш баргаштани Ёқубро дар тобистони соли 1992 медонанд, шояд то ҳанӯз боварашон намеояд, ки он шабу рӯз чунин иқдом кардан имкон дошт. То нисфи раҳ бо мошин, баъд пиёда ва чӣ тавр аз "асорат" раҳо ёфтани ӯву гуруҳаш 1 филми пурдаҳшатро ба хотир меоранд. Вале Ёқуб бо бачаҳояш ба Вахш расид. Барои бовар кунондани дигарон, ки "одами худист", чӣ корҳое накард. Талош мекард, то гуфтушунидро бо қумандонҳову саркардаҳои ҷониби мухолиф барои пешгирии хунрезии бештар, ба роҳ монад. Нақл мекунанд дар Фронти халқӣ замоне шубҳа пайдо шуд, ки Ёқуб ба назди қумандону саркардаҳои ҷониби мухолиф рафта метавонад ва ҳарфҳое, ки дар ин бора пешашон мегӯяд, шояд худтаърифсозие беш нест. Аз ин рӯ, боре ҳамроҳаш нафареро ба ин музокирот фиристоданд. Ин ҳамсафараш баъдан, вақте пас аз суҳбат бо мухолифинашон дар мошин ба назди ҳамсафон бармегаштанд, захмҳои бадани худро нишон дод ва гуфт, ки чӣ гуна ҳангоми ҳарфгӯиҳои қотеъонаи Ёқуб, ҳамроҳони қумондонҳои ҷониби мухолиф аз пӯшт ӯро бо корди автомат (штик-нож) “ҷазо” медоданд. Ин ҳарфҳоро вақте дар ситодашон шуниданд ва захмҳои ҳамсафари Ёқубро диданд, бовар намуданд, ки ӯ бо чӣ душворӣ, аммо ҷавонмардонаву сарбаландона пеши рақибон масъалагузорӣ мекард, баҳс менамуд....

Дар курсии вазорат
Тибқи ривояти яке аз ҳамсафони Ёқуб, ки ҳамеша ӯро ҳамроҳӣ мекард, ба курсии Вазири корҳои дохила расиданаш дар иҷлосияи 16-ум дар Хуҷанд низ қиссаҳои ҷолиб дорад. Дар ибтидо, ба гуфтаи ин шоҳид, Ёқуб ба гирифтани курсии вазирӣ қатъиян розӣ намешавад. Вале ӯро Бобои Сангак розӣ кунонид. Сангак он рӯз гуфт: “Бачаҷон, фикр дорӣ ба ҳамин полковнику генералҳое, ки мегӯӣ, бовар кардан мумкин аст? (ва ба он чанд нафаре, ки ҳамроҳаш буданд, бо ангушти ишора нишон дод) Оё ҳаминҳо набуданд, ки ба Набиев хиёнат карданд? Оё инҳо ба ҳукумати нав, ки таҷрибаи давлатдорӣ надорад ва дар лаҳзаи душвор сари қудрат омадааст, метавонанд хидматгузор бошанд?”.
Танҳо пас аз ин Ёқуб розигии худро дод...

Ҳомии фарҳанг ва фирорӣ
Дар ин давра созмони иҷтимоии "Бохтар"-ро таъсис дод ва дар доираи он ба аҳли адабу фарҳанг кӯмаки моливу моддӣ мерасонд. Интихобот гузашт, мамлакат ҳам, ба ғайр аз чанд ноҳия то ҷое тинҷ шуд. Аммо фармони аз кор гирифтани Ёқуб Салимов садо намедод. Танҳо августи соли 1995 баъди тақозои чандинбора ӯро сафири Тоҷикистон дар Туркия таъин намуданд. Солҳои 1996-97 бошад, раиси Кумитаи гумруки Тоҷикистон буд. Вале августи соли 1997 ҳодисаҳое рух доданд, ки дар тақдири минбаъдаи сиёсиву иҷтимоии Ёқуб Салимов тағйирот ворид намуданд. Маҳз ин ҳодисаҳо, ки ба ҷанги 2 гуруҳ-Аминҷон ном 1 наздики Ёқуб ва бачаҳои Суҳроб Қосимов вобаста буд, ӯро маҷбур намуд, ки хоки Ватанро тарк намояд.
Ёқуб то соли 2003 дар озодӣ буд. Дуруст аст, ки то ин замон аллакай хабарҳое паҳн шуданд, ки дар хориҷа Ҳизби халқии ҷумҳурихоҳонро таъсис додааст, аммо аз фаъолиятҳои он хабари дигаре пахш нашуд. Дертар китобаш бо номи “Азиатский синдром” ба нашр расид, ки он бештар ҷанбаи таҳлилӣ дорад ва шахсияти мухолиф будани муаллифро бозгӯ намекунад. Дар ҳамин ҳол, 21 июни соли 2003 расонаҳоро хабари боздошти Ёқуб Салимов дар Маскав пур кард. 24.02.2004 Ёқубро аз боздоштгоҳи “Лефортово”-и ФСБ-и Русия ба Тоҷикистон истирдод намуданд. Ӯ баъдан дар 1 мусоҳибааш аз маҳбас навишт, ки ин хоҳиши худи ӯ буд, ки ба Тоҷикистон интиқолаш бидиҳанд. 25.04.2005 Суди олӣ Салимовро барои 16 сол ба зиндон маҳкум намуд.
Ӯ 10 соли умрашро дар СИЗО тани танҳо паси сар кард. Пешопеши интихоботи президентии соли 2013 Ёқуб зимни мусоҳибае аз зиндон, ки дар нашрияи “СССР” чоп шуд, баъзе ҳарфҳои дилашро гуфт. Бо ин ҳама, дар ҳамин мусоҳибааш изҳор дошт, ки ҳанӯзам ба Президент Раҳмон вафодор асту агар дар интихобот имкони раъй медошт, овози худро ба ӯ медод...

Озодӣ
Ёқуб танҳо 21 июни соли гузашта (2016) ба озодӣ баромад. Ин ҳам танҳо дар натиҷаи афв дар баробари дигарон ва 2 сол кам шудани муҳлати маҳбусиаш. Дӯсти Ёқуб Салимов, ки аз лаҳзаҳои муҳимтарин бо ӯ будаву шоҳиди анқариб тамоми рухдодҳост, рӯзи баромаданашро ба ин тарз нақл кард:
-Ҳамон рӯз аввал маслиҳат буд, ки Ёқубро соатҳои 8-9 аз маҳбас озод мекунанд. Вале шабона якбора ба мо занг заданду гуфтанд, ки саҳар барвақт соатҳои 4-и субҳ барои бурданаш биёем ва бе ягон воҳима. Аз рӯи гуфташон амал кардем. Шояд ба ин хулоса омаданд, ки агар ӯро дар давоми рӯз ҷавоб диҳанд, мардуми бисёр, журналистон ҷамъ мешаванд ва ҳангомае сар мезанад. Субҳи барвақт рафтем. Бо 1 мошини назарногир ва ҳамагӣ 2-3 нафар. Ёқуб баромад. Хурсандиамонро ҳадду канор набуд. Дар роҳ, вақте аз кӯчаҳо бо мошин гузар мекардем, аз Ёқуб, ки ба кадом фикре машғул буд, пурсидам:
- Аввалин таассуротат аз озодӣ чӣ гуна аст?
- Медонӣ, ман дар бораи чӣ фикр дорам?, - ба суолам бо савол посух дод ӯ ва илова кард: “Ҳоло дар ҷайбам ақаллан пули 1 бузро надорам. Агар мабодо ягон кас саҳар ба хона ба дидорбинӣ биёяд, пешашон чӣ ҳоҳам гузошт?”.
Воқеан, мо дар ин бора фикр накарда будем. Мо танҳо аз озодии ӯ изҳори хушнудӣ мекардему бас. Ба хонааш расидем. Пас аз мулоқот бо пайвандонаш Ёқуб гуфт, то саҳар каме хоб кунад, чун субҳ мумкин ягон кас аз дараш дарояду ӯро дар ҳолати ошуфтагиву бедорхобӣ пай набарад. Хоб рафт... Саҳар хест ва дар ҳавливу пеши хонааш 100, шояд ҳазорон нафарро вохӯрд ва чандин дег хӯрокҳоеро, ки дар ҳолати омодашавӣ буданд. Ӯ ҷониби ман бо нофаҳмӣ нигоҳ кард. Дар посух гуфтам:
-Ба Худо, ин кори мо нест. Худи мардум овозаи омаданатро шунидаву омаданду оварданд...
Танҳо пас аз ин дар чеҳраи Ёқуб табассуми зебо пайдо шуд. Ин табассум шояд маънии қаноатмандиеро дошт, ки мардум ӯро ҳоло ҳам фаромӯш накардаанду ҳамоно эҳтирому эътирофаш мекунанд...
Мавлуд хуҷаста!
Худо кунад, ки дар 60 –солагиатон, ки соле пас иншоаллоҳ иттифоқ меафтад, шоҳиди гардиши боз ҳам ҷолибтар дар ҳаётатон гардед, омин!


Раҷаби Мирзо,
журналист

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter