ХАБАРИ ДОҒ

Эпидемияи сунъӣ дар «Гравзавод»

  • Душанбе, Июн 12 2017

Ҳавзҳои «очистной»-ро афғонҳо моҳипарварӣ кардаанду мардум дар лаби кӯли коррезӣ хона сохта, кӯдакон мариз мешаванд ва шикоят аз дигар ширкат доранд...

Ҳафтаи гузашта ба идораи газетаи СССР 1 гурӯҳ сокинони маҳаллаи «Гравзавод»-и н.Фирдавсӣ омада, дар бораи вазъи нигаронкунандаи маҳаллашон, ки пас аз бунёди бинои истиқоматии баландошёна сар шудааст, шикоят карданд. Дар номаи расмии сокинон, ки беш аз 30 нафар имзо намудаанд, гуфта мешавад, ки проблемаҳои обиву экологӣ 4 сол пеш, пас аз сар шудани сохтмони бинои нави истиқоматӣ дар ин маҳалла оғоз гашта, то ба имрӯз ба 1 ҳолати бади санитариву экологӣ расидаасту бояд бонги хатар зад.

SOS: Моро мариз мекунанд!
Дар аризаи шикояти сокинон аз ҷумла омадааст:
«4 сол пеш Ҳоҷӣ Ҷамол-соҳибкор аз ноҳияи Фархор дар дохили «Грабзавод» (заводи сангу шағал) воқеъ дар наздикии пости БДАи ш.Душанбе, 1 хонаи 5-ошёнаро сохт. Канализатсия-коррези хонаи 5-ошёнаи ӯ аз дохили маҳаллаи мо гузашта, ҳама ҷоро зери бӯю таф гузошта, даҳҳо атфолро мублатои бемориҳои гуногун гардонидааст. Гап сари ин аст, ки конечка-истгоҳи қубури ахлоти хонаи 5-қабатаи Ҳоҷӣ Ҷамол дар поёни ҳавлии мо, дар 1 чуқурии сунъӣ мерезад. Болои ин, лӯлаи ахлотпартои ин бинои навсохти Ҳоҷӣ аз байни кӯчаи мо гузашта, колодец-чоҳро бо семблок сохтаанд. Чоҳҳои канализатсия бошад сарпӯш надоштанд ва мо маҷбур онро бо сангу шағал пур кардем. Рости гап, на шаб, на рӯз аз бӯи ахлоту оби ифлоси канализатсия хоб надорем. Дирӯз Мустафо-кӯдаки 3-солаи Файзинисо Назифова, сокини маҳалла дар чуқурии канализатсия афтида қариб мемурд. Даҳшатовараш ин аст, ки аз ҳамин оби канализатсия пашшаҳои заҳрнок пайдо шуда, даҳҳо кӯдакро ба бемории сироятӣ мубтало намуд. Инчунин, Ёсумани Аламзод (фарзанди Аламшоҳ Қувватов) расо 6 рӯз дар Беморхонаии сироятии маҳаллаи Зарафшони ноҳияи Синои пойтахт бистарӣ буд. Барои табобати ӯ волидайнаш садҳо сомонӣ масраф карданд. Тибқи пешгӯии пизишкон, бемории Ёсуман малярия-вараҷа аст, ки маҳз аз газидани хомӯшакҳои канализатсияи Ҳоҷӣ Ҷамол пайдо шудааст. Ҳамчунин Сумая Эргашева-духтари 1,5-солаи Маҳмуд аз дарди ин «инфексия» дар беморхонаи «Истиқлол» 15 рӯз бистарӣ буд. Мо бовар дорем, ки агар ин мушкилро дар ҳамин шабу рӯз аз байн набарем, дар гармии қаҳратуни тобистон сафи беморон ва намудҳои беморӣ садҳо карат меафзояд. Аҳолии маҳаллаи «Грабзавод» аксарият камбизоатанд. Мо чандин маротиба аз Ҳоҷӣ Ҷамол ҳамчун инсон хоҳиш намудем, ки қубури канализатсияи бинои 9-ошёнаи дохили заводро аз рӯи тартиб ва қоида ҷои дур бубарад. Аммо ӯ ба ҷои моро гӯш кардан бо дӯғу пӯписа муносибат мекунад ва мегӯяд, ки «Ин проблемаи шумо аст. Ба куҷое мехоҳед, нависед…».
Дар охир шикоятнависон аз газета хоҳиш кардаанд, ки аз ҷои воқеа дидан кардаву матлаби таҳлилӣ нависад. Бо ин ният мухбири мо худаш ба ин маҳалла рафт...

 Ҳавзҳои коррезиро моҳипарварӣ карданд!
Барои дидани ҳолати асли воқеа, рӯзи 3.06.2017 мухбири СССР ба маҳаллаи «Гравзавод» рафта, аз бинои нави истиқоматие, ки ширкати ҶДММ «Асрориён-2015» бунёд кардааст, дидан намуд. Бино новобаста аз он, ки масъулони ширкат мегӯянд, сокинон аллакай иқомат доранд, ба назари мо ҳанӯз ба истифода дода нашудааст-тирезаҳои холиву бепарда, набудани мардум ва умуман нишонаҳои зиндагиву рӯзгор далели ин гуфтаҳоянд (ниг ба акс). Ширкати сохтмончӣ лӯлаҳои обу коррезро аз байни биноҳо ва ҳавлиҳо кашида, то ба қитъаи ҳавзҳои коррезӣ, ки дар ин маҳалла қаблан аз замони шӯравӣ буданду то ба наздикӣ арзи вуҷуд доштанд, бурдаанд. Аммо имрӯз барои ин ширкат проблема он аст, ки қитъаи «очистка»-ҳавзҳои коррезӣ ва таҳшинии обҳои ифлосу бад, ки пештар даҳҳо га ҳудуд дошт, айни замон тақсиму фурӯхта ва хусусӣ карда шудааст. Ҳоло дар ҳавзҳое, ки барои тоза кардани оби коррезӣ бунёд шуда буданд, соҳибкори афғоне бо номи Матин моҳӣ парвариш мекунаду парвои мушкилоти мардуми маҳалларо надорад! Кӣ ва кадом мансабдори н.Рӯдакӣ қитъа ва ҳавзро, ки ба ҳудуди ин ноҳия дахл дорад ва моли давлат аст, худсарона ба шаҳрванди хориҷӣ фурӯхтааст, барои мо номаълум мемонад. Ва билохира, ин Матин кист, ки бо роҳи забту эҷоди монеа ҳавзҳои обу коррезиро барои моҳипарварӣ истифода бурда, намегузорад, ки коррези мардум ба ҳавзҳо бирезад!? Аллакай аз чанд ҳавз танҳо 1 порчаи он мондааст, ки он ҳам пур шуда, ба берун баромадан дорад ва агар ҳамин хел рафтан гирад, моҳҳои оянда дар маҳаллаи «Гравзавод» вазъияти фавқулоддаи экологӣ сар хоҳад зад, ки он пайомадҳои боз ҳам сангинтар дорад.

 Ҳамсоягӣ бо ахлот-интихоби худи мардум!
Аҷиб он аст, ки мардуми маҳал аз баду таф ва ифлосӣ меноланд, вале худ дар назди ҳавзҳои коррезӣ манзил бунёд кардаву зиндагӣ мекунанд. Ҳатто замине, ки имрӯз онҳо рӯи он мехобанду пой мемонанд, заминҳои собиқ «очистка» буд, ки раисони гузаштаи н.Рӯдакӣ ба қитъаҳо тақсим карда фурӯхтаанд. Агар дағалтар гӯем, мардум рӯи ахлот зиндагӣ доранд! Ба ғайр аз ин, аз аксарияти ҳавлиҳое, ки бо ҳавзҳои коррезӣ ҳамсарҳаданд, тавассути ҷуйборҳо оби ифлоси аз либосу зарфшӯи монда дохили ҳавз мерезад, ки он ҳам аз худ бӯи бад ихроҷ менамояд. Одамон дидаву дониста аз ин ҷо замин харидаанду хона сохтаанд ва акнун шикоят мекунанд, ки гирифтори бемориҳои сироятӣ мешаванд. Охир, танҳо нафас кашидан аз ҳавои ин маҳал инсонро касал мекунад, ҳоло обу алафу хӯрокаш 1 тараф истад. Аҷобати кор дар ин аст, ки ин заминҳоро ба мардуме, ки худ ихтиёран онро аз атрофи «ҳавзи очистной» харидаанд, роҳбарони н.Ленин ва сипас Рӯдакӣ фурӯхтаанду проблема акнун сари маъмурияти н.Фирдавсӣ ва ш. Душанбе ҳалқа задааст. Мо ин мавзӯро пайгирӣ мекунем. Мо метавонем!


Ҷамила Ҳусейнова,
СССР

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter