ХАБАРИ ДОҒ

Ғаффор-седой: Номаҳои маро ба боло намерасонанд!

  • Душанбе, Июн 12 2017

Маълумотномаи расмӣ
Мирзоев Ғаффор Раҳмонович, тахаллусаш «седой», соли таввалудаш 1956, зодаи шаҳри Кӯлоб, сокини ш.Душанбе, кӯчаи Деҳотӣ, миллаташ Тоҷик, маълумоташ Олӣ. Пеш суд шудааст:
1.    Соли 1975 бо моддаи 220 қ.2 (авбошӣ) КҶ РССТ ба мӯҳлати 2 солу 6 моҳ аз озодӣ маҳрум карда шуда, ҷазо бо татбиқи моддаи 23 шартан татбиқ карда нашудааст;
2.    Соли 1983 бо моддаи 112 (расонидани зарари миёна ба саломатӣ) КҶ РССТ ба мӯҳлати 2 сол аз озодӣ маҳрум шудааст. Аз муассисаи ислоҳотии н.Ёвон шартан пеш аз мӯҳлат озод карда шудааст.
Рутбаи низомиаш генерал-лейтенант; то ба ҳабс гирифтанаш дар вазифаи Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ фаъолият мекард.
Дар таърихи 6.08.2004 аз тарафи Шӯъбаи тафтишотии Сарпрокуратураи ҳарбии ҶТ ба ҳабс гирифта шуда, 11.08.2006 бо Ҳукми Коллегияи Ҳарбии Суди Олии ҶТ бо моддаҳои 270, 160, 134 қ.1, 191 қ.2, 233 қ.3, КҶ (таҳрири соли 1961), 255 қ.2, 104, 289 қ.3, 291 қ.2, 245 қ.4, 179 қ.2, 393 қ.3, 247 қ.4, 131 қ.2, 338, 327, 326, 314 қ.2, 368 қ.1, 306 КҶ ҶТ аз рутбаи низомии генерал-лейтенант ва мукофотҳои давлатӣ маҳрум шуда, ҳукми абад гирифта, дар изолятори тафтишотии №1 ш.Душанбе аз 15.08.2006 нигоҳ дошта мешавад.

«Ба Ватану Президент хиёнат накардаам!»
Ғаффор Мирзоев (Ғаффор Седой)-фармондеҳи собиқи Горди миллӣ, дар дидор бо хоҳараш Оиша аз зиндон паём фиристодааст, ки ӯ “жертва”-и дасисаи чанд бадхоҳ шуда буд, вале ба Ватан ва ба президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳаргиз хиёнат накардааст. Бону Оиша бо дархости бародари зиндонияш ин дархости зиндонии №1-ро расонаӣ сохт...
Ғаффор Седой, яке аз чеҳраҳои дар гузашта пурнуфузи Тоҷикистон ва аз лидерони Фронти Халқӣ, ки 11 сол пеш ба ҳабси умрбод маҳкум шуд, дар ин паёми худ гуфтааст, ки дар айбномаи зидди ӯ моддаи 305-и Кодекси ҷиноятӣ, яъне хиёнат ба Ватан аслан набуд ва инро журналистон бофтаанд. Оиша Мирзоева дар сӯҳбат бо 1 сайти хабарӣ гуфтааст, ки рӯзи 20.05.2017 бо акааш дар зиндон мулоқот дошт. Афроди маҳкум ба ҳабси абад дар 1 блоки хос дар дохили маҳбаси №1-и ш.Душанбе нигоҳ дошта мешаванд ва тибқи қонун, хешовандон дар 6 моҳ фақат 1 бор метавонанд бо маҳбуси умрбод аёдат кунанд. Оиша дар бораи вазъи акааш гуфтааст, ки "сиҳату саломат буд, шукри Худо, ягон ҷояш дард намекунад...”.

Зиндонҳои советӣ бадтар буданд
Ҳарфи Оиша Мирзоева то ҷое сиҳат аст, зеро шахсан Ғаффор Седой 5 сол пеш аз дохили зиндон дар сӯҳбат бо журналист Парвин Ализода ва хос барои газетаи СССР гуфта буд:
“Дар нисбати ман муносибат дар асоси талаботу меъёрҳои қоидаву қонун ва низомномаи маъмулӣ сурат мегирад. Ман мардам, касе ғайри қонун сӯям даст бардошт, ман тарафаш мушт мебардорам. То ҳанӯз ягон навъ озору ранҷро дар баробари банда раво надидаанд. Он нафароне, ки гӯё мудофеи ҳуқуқҳои моанд, аслан бозори касбии худро гардон мекунанд. Дар ҳама давру замон рӯзноманигороне буданд, ки дар пайи кадом 1 ҳадафу ғарази сиёсӣ қалам мекашиданд. Боз ҳам таъкид мекунам, ки ҳеҷ гуна фишорро эҳсос намекунам. 2 сол дар боздоштгоҳи КНБ будам, 6 сол ин ҷо ҳастам. Нисбати ман касе ҳақорат, зӯроварӣ накардааст. Магар ин ки дар маҳдудияти гашту гузор қарор дорам. Аз дигар сӯ мо-маҳбусон дар зиндон ҳам бошем, шаҳрванди Тоҷикистонем ва Конститутсия ҳимояи манфиатҳои моро кафолат медиҳад… Бузургтарин озоре, ки дар ин ҷо дорем, ин бори миннати бекорӣ кашидан аст. Худ ба худ меандешам, ки чаро дӯшбори давлат бошем, дар ҳоле ки дасту бозӯи қавӣ дорему коре намекунем? Мехостам ба коре моро банд созанд, то лоақал муфтихори давлат нашавем, пурра. 1 ҳиссаи таъминотро аз ҳисоби худ таъмин созем. Суди мо ба давлату ҷомеа расаду ба хонавода зиёнамон камтар расад. Ин ҳама шароитҳои зиндагиро, ки аз ҳисоби давлат барои мо муҳайё кардаанд, чун мебинем, худро ноором эҳсос мекунем. Чаро ки моро имкони кору таъмини ризқу рӯзӣ намедиҳанд… Агар ба қиёс бигирем дар аҳди Шӯравӣ, ки ман зиндонӣ будам, даст ба рӯи дил гузошта, иқрор мекунаму исрор, ки шароите, ки ҳоло ҳаст борҳо беҳтар аз он аҳду овон аст. Дар зиндонҳои советӣ оддитарин шароити санитарию гигиенӣ риоя намешуд, кӯрпаву болишт ва сару либоси маҳбусон аз ғояти чирку ифлосӣ пур аз шабушку кайк буд. Болои ин қонунҳои нонавиштаи зиндонҳои шӯравӣ ва табақабандии маҳбусон сахттар аз ҷазои гирифта маҳсуб меёфт… Ин ҷо таъкиду нуктагирӣ дар нисбати шароитҳо бисёр аст. 1 воқеиятро аз шеваи корбарии сарвари сарраёсат Иззатулло Шарифов ногуфта наметавонам: Ӯ қариб ҳар моҳ аз ҳама ҳуҷраҳои зиндон дидан мекунад. Боре дид, ки 1 ҷойи рахти хоби ман андаке кандааст. Зуд шахси мутасаддиро ба наздаш хонда, танбеҳ доду дастур, то рахти хобамро фавран табдил кунад. Магар ин камоли масъулиятшиносӣ нест?”.

ВАО раддия диҳанд!
Ба қавли Оиша, акааш фақат аз матбуот, аз ҷумла, аз радиои "Озодӣ” хост, то дар масъалаи гӯё бо ҷурми хиёнат ба Ватан зиндонӣ шудани ӯ раддия диҳанд. Ғаффор гуфт, “ман ҳеҷ гоҳ ба Ватан хиёнат накардаам ва дар парвандаи ман ин иттиҳом аслан набуд. Ман дар тамоми 13 соле, ки сари кор будам, баракс ба Ватан хидмат кардам. Метавонистам мисли дигарон ба Маҳмуд Худойбердиев ҳамроҳ шавам, вале накардам, баракс ин полковники хоинро аз кишвар рондам.” Ғаффор ҳамчунин ба хоҳараш гуфтааст, ки ба номи президенти кишвар бо дархости афв муроҷиатномаҳои батакрор менависад, вале ин номаҳоро ӯро ба боло намерасонанд:
"Дар пеши кормандони идораи зиндонҳо гуфт ин гапро, ки ман нома менависам, инҳо намебаранд. Акаам гуфт, “ман роҳеро пайдо мекунам, ки номаам ба дасти Ҷаноби олӣ бирасад”.
Ба гуфтаи Оиша, бо ин вуҷуд, ки инак, акааш қариб 12 сол боз дар маҳбас аст, умед ба зиндагӣ ва озодиро аз даст надодааст. Дар ин 12 сол 3 фарзанди ӯ ба воя расида, дуи онҳо дар Англия ва сеюмӣ дар Дубай мактабҳои олиро хатм кардаанд. Ғаффор 1 духтари 30-сола ҳам дорад, ки маъюб аст. Хонаводаи ӯ аз замони маҳкум ба зиндони умрбод шуданаш дар Дубай зиндагӣ мекунанд.

Аз камазист то генералӣ
Номи Ғаффор Мирзоев 36-солаи ронандаи “дальнебойшик”-и Камаз дар баҳори с.1992, вақте ҳамроҳ бо Тӯрахонов Нусратулло Саидович (маъруф бо лақаби Исматча), Ёқуб Салимов, Нурулло Лоиқ ва чанд тани дигар дар байни 2 майдони ба ҳам зидди Озодӣ ва Шаҳидон хаймаи алоҳида заданд, вирди забон шуд. Ӯ дар муноқишаҳои мусаллаҳонаи с.1992 ибтидо аз Ҳукумати муросои миллӣ пуштибонӣ мекард ва ба ин далел аз зодгоҳаш-шаҳри Кӯлоб ронда шуд. Вале дар поёни тобистони соли 1992 бо тарафдоронаш, аз ҷумла, Исматча ва Ёқуб ногаҳон тағйири сангар карда, ба тарафи Фронти халқӣ гузашт. Баъди пирӯзии ФХ Ғаффор муовини фармондеҳи Горди миллӣ ва вақте фармондеҳи ин Горд Файзулло Абдуллоев дар дараи Ромит кушта шуд, сардори он таъйин гардид. Горди миллӣ дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар водии Рашт бар зидди нирӯҳои мухолифин меҷангид. Дар солҳои 1996, 1997 ва 1998 Горди Ғаффор дар саркӯби нирӯҳои полковники шӯришгар ва хоин Маҳмуд Худойбердиев низ нақши муҳим бозид ва назорати минтақаҳои муҳиме, чун ш.Турсунзода ва корхонаи алюминсозиро ба даст овард. Ӯ он солҳо президенти Кумитаи миллии олимпӣ ҳам буд ва ҳамчунин дастаи футболи "Олимп-Ансол”-и Кӯлобро спонсорӣ мекард. Дар моҳи январи соли 2005 генерал-майор Ғаффор Мирзоев аз мақоми фармондеҳи Гвардияи миллӣ озод ва ба ҷои ӯ Давлаталӣ Раҳмоналӣ таъйин гардид. Баъди 3 рӯз Мирзоев ба мақоми раиси Агентии мубориза бо маводи мухаддири Тоҷикистон таъин шуд. Вале моҳи августи соли 2004 Ғаффор Мирзоев вақти ба кор омаданаш дар саҳни ҳавлии Агентӣ дастгир гардида, дар соли 2006 бар асоси 34 моддаи Кодекси ҷиноятӣ ба ҳабси умрбод маҳкум шуд.
Ғаффор Мирзоев, тибқи гуфтаи хоҳараш Оиша, ҳоло дар 1 камера бо 3 нафаре, ки дар солҳои ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон дар сангари муқобил меҷангидаанд, нигоҳ дошта мешавад. Табъан байни онҳо дар бораи ҳаводиси он солҳо баҳсҳои тунде ҳам сурат мегирад ва чандин бор ҳатто ба занозанӣ печидааст. Ӯ ба хоҳараш гуфтааст, ки дар ин баҳсҳо низ ҳамеша аз ҳукумати кишвар ва сиёсати он пуштибонӣ мекунад.


Шаҳрзоди Амин
СССР

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter