ХАБАРИ ДОҒ


Далерӣ кун, ки майдон аз далер аст-4

Ин матлаб аслан бояд нашр намешуд, ки шояд дар арафаи ҷашни Ваҳдат аз сӯи ман чун ман-манӣ қабул гардад. Вале чун анд нафаре дар Интернет, ба таъбири худашон, сари банда «ҳуҷуми иттилоотӣ» роҳандозӣ кардаанду бо пешвоёнашон, ки дар Аврупо аз Тоҷикӣ рӯ тофтаву фарҳанги издивоҷи миёниҳамии мардонро таблиғ мекунанду худ низ аз ҳамин тоифа ҳастанду мардпарастии пассивро баргузидаанду фикр доранд, касе бо онҳо нест-зидди онҳост (ва дуруст ҳам меандешанд!) бо паразитҳои ҳаммаҳаллаҳояшон зери Фейк (имзои мустаор) аз банда суол кардаанд, ки «ҳамин СМ барои миллат чӣ кардааст...» инро менависам...
Вақте шумо журналист набудед (ҳоло ҳам паси ин касб пинҳонед, вале дар асл ба он тааллуқ надоред!) ва бо шуруъи ҷанги гражданӣ, ба таъбири момои Сайбӣ, «думро хода карда!», ба диёри бобоиву Русияву Аврупо рафтед, ман бо журналистони асили Тоҷик, ки барчидани номашон ба дарозо мекашад, ба пойтахт баргаштаву дар зери тирборон таронаи Сулҳ гуфтам.
...Моҳи декабри соли 1992, ки ҳокими мутлақи Душанбе ҷаноби Марг буд (исме, ки аз шуниданаш пушти куртаи очаатон меларзидед), ман бо иттифоқи дӯстонам-Сайидҷаъфар, Қурбон ва Одина Бӯриев (додари Ҷаббор-десанти раҳматӣ) 5000 гурезаро аз водии Фарғона ва Сирдарёи Ӯзбакистон тавассути Хуҷандшаҳр ба Қурғонтеппа овардам! Ин нахустин корвони сулҳу ваҳдат буд, ки шаби сардтарини моҳи декабри соли 1993 вориди истгоҳи Роҳи Оҳани Сарбанд шуд. Ҳини убур аз гузаргоҳи Сариосиё, вақте марзбонони ӯзбак аз сари таҳқир, на таҳқиқ, 2 халта биринҷу 1 флаг равғани муҳоҷиреро рехта, «силоҳ ҷустанд», ин ман будам, ки гуфтам, то биринҷро солдатҳои он афсар аз сари нав ғунд наоваранд, поезд ҳаракат намекунад ва тамомии мусофиронро пиёда кардам. Даштро одам гирифт. Афсари ӯзбак маҷбур шуд биринҷро ғунд оварад. Баъди ин гуфтам, акнун равғанро ҷамъ кун ва ба чалак рез!!! Об аз дидаи он афсар рафт, пӯзиш хост ва то набахшидамаш гаранг монда буд. Савганд, ки то рӯзи мурдааш ӯро чунин Ифтихори Тоҷик думболагир хоҳад монд! (Акнун суоле матраҳ аст, ки оппонентҳои ман оё ин корро карда метавониста бошанд?).
Вале пӯзиши афсару чумосозии он «ататурк» охири кор набуд. Чун ба Қурғонтеппа омадем, даҳшати пирӯзе дар симои Файзалӣ Саидов-ҳамоне ки ҳамчун хоби даҳшатангез ин «псевдоавторҳои интернетӣ» аз ӯ фирорӣ буданд, мову гурезаҳои Тоҷикро мунтазир буд. Бо 1 ҳарф, сарбаландона аз ин имтиҳон ҳам гузаштему муҳоҷирин ба хонаҳошон рафтанд... Ин нахустин корвони Сулҳ буд, ки ба Ватан баргашт...Зеро тақозои Ҳукумати конститутсионӣ буд, ки гурезаҳо баргарданд!
Соли 1993, соате, ки аз ҷӯйборони Вахш ҷои об, хун мешорид, бо устод Ҳаким Қурбон, Собири Абдурразоқ ва Мираҳмади Амиршо-журналистони сарбадори Тоҷик, аз Панҷу Қумсангир, Вахшу Колхозобод ва Қурғонтеппа сафари кор анҷом додем. Миссияи мо гирдовари информатсия барои қатли омми тоҷикон аз сӯи ғайритоҷикон буд, ки аз хориҷа пуштибонӣ мешуданд. Ин сакалтуҳои интернетӣ 1 бор медиданд, ки мардуми зодаи Раштонзамин мо гурӯҳи Тоҷикони сарпарасташонро дида, чигуна ашки шодӣ мерехтанд. Мо бар дили онҳо умед ва бовар коридем. Ин ман будам, ки бо ҷамиъи дӯстон ба «логовои Султони Чол» даромадем ва аз Раҳмони Чол қотеъона талаб кардем, ки ба кӯмаки Тоҷикони н.Панҷ шитобад, ки бо «алавмонии ҳамин Фейкҳои интернетӣ» хонаашон месӯхт! Ин ману мо будем, ки Сайидшо Шамоловро дар ҷабҳааш дидему сӯҳбат оростем... Тоҷикони водии Вахш, ба вежа, навоҳии Панҷу Қумсангир то ҳанӯз дар ёд доранд, ки сабаби аз марг эман монданашон аввал Худо, сипас бародарон Чолову Шамолов шуд ва миёнҷигари ин ҳама кӣ буд...низ Худову таърих медонад!!!
Ин ман будам, ки нахустин интервюро бо Мирзо-Ҷага ташкил кардаву ҳарфи сулҳашро ба дигарон расонидам. Ва ун Мирзо Зиёев буд, ки дар бораи ана ҳамин фейкбачаҳои тарсуи пушти имзои мустаор пинҳон мегуфт:
-Дар Тоҷикистон маҳаллае ҳаст, ки пур шикоятнавису дурӯғбофанд ва сагашонро аз шери дигар маҳалла боло мегузоранд...
Ин ман будам, ки нахустин шуда, дар марзгаҳи Айвоҷ фирориёни ӯзбактабори Тоҷикистонро, ки Ислом Каримов дар мошини «самосвал» оварда, чун қум ба замин мерехт, пешвоз гирифтаву мусоидат кардам, то ба ватанашон бозгарданд (онҳоро ҳам тухмаи киштаи ҳамин Фейкҳо беватан карда буд). Оре, барои ман миллати Тоҷик тамомии Тоҷикистониёнанд ва онҳо ҳамватани ман буданд!
Ва ахиран ин ман будам, ки ба аёдати модари пири яке аз доҳиёни шумо-фейкбачаҳои ношуд рафтам: ба ин хотир, ки ӯ замоне ҳамкасби ман буд. Ин дар рӯзе буд, ки худи шумо метарсидед ҳатто номи ин модарро бар забон баред...
Барои ин ҳама талоши ваҳдати Тоҷикон борҳо лату кӯб шудаву захмӣ шудам, вале аз роҳи Росте, ки Давлати ман баргузида буд, барнагаштам. Мо Метавонем!
Ин матлаб худнамоӣ нест. Ҳақиқате талхест, ки ба анд Заҳҳокбачча, ки аз худ Рустами замон метарошанд, бояд гуфта мешуд! Ҳарчанд медонам, ки ҳазорон-ҳазор нафар дар он шабу рӯзи тақдирсоз мисли ман паҳлӯи Давлати Ҷавони Тоҷикон буданд, ки дар талоши Сулҳ, Ваҳдат ва сарҷамъсозии тоҷикистониёни азиз буд. Ин Ваҳдат муяссари созандагон шуд, ки имрӯз чун хоре ба чашми сӯзандагону аловмонҳои он ҷанги гражданӣ мехалад. Вале мутмаин бошед, ки дигар ин миллат бо шумо нест. Зеро ин миллат аз зиллататон огоҳ аст. Ин миллатест, ки ӯро наметавон бо кокулчаҳои сар, гӯшвораҳои нуқрагини худ, ишқварзӣ бо мардони африқоӣ, бо таблиғи ҳамҷинсгароӣ, бо даҳшату ваҳшати бофтае, ки ба шумо «ҳаққу ҳуққи паноҳандагӣ дар Аврупо» медиҳаду ба миллат сарсониву саргардонии навбатӣ, фиреб дод. Осмонирангед осмонӣ, яъне ба ранги «голубой» боқӣ бимонед, вале донед, ки Мардони Тоҷик ҳаргиз бо шумо нестанд. Ва медонед, чаро? Оре, аккурат, Мо метавонем!
PS: Ман феъли баде дорам, ки номардонро меёбаму мекӯбам! Вале чигуна метавон на марду на зан-ҷинси миёна, инъин, хунсо, осмонрангеро кӯфт??? Касеро, ки аллакай Худо задааст...

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter