ХАБАРИ ДОҒ

Вақте дар Қурғонтеппа қиматист, Душанбе илоҷ надорад!!!

  • Душанбе, Июн 19 2017


Моҳи гуноҳсӯз, моҳи баста шудани шайтонҳои ҷиннӣ ба мо омад ва моро боз бар арсаи мубориза бар нафс во гузошт, моҳи мубораке, ки «агар мусалмон бузургии онро медонист, ҳатман орзу мекард, ки 12 моҳи сол, балки тамоми умр Рамазон бошад» ба назди мусалмон омад. Омад Рамазон, аммо… Рамазон моҳи 9-ум дар гоҳшумории қамарист ва теъдоди рӯзҳояш 30-то буда, дар луғат ба маънои «шиддати гармо ва тобиши офтоб ба регистон» меояд. Рамазон мисли дигар моҳҳои қамарӣ ҳамеша дар чархиш аст. Аз ин рӯ, гоҳе Рамазонро дар сардии зимистон ва гоҳе дар гармои тобистон ва гоҳе дар фасли хазонрезу гоҳи дигар дар рӯзҳои фараҳбахши баҳорон пешвоз мегирем. Чун рӯзҳои қамарӣ нисбат ба рӯзҳои соли шамсӣ камтар аст, аз ин рӯ ҳамасола моҳҳои шамсӣ 10 рӯз пештар фаро мерасанд. Чархиши даврии Рамазон (яъне, рамазоне, ки имсол дар 27 май омад) метавонад баъд аз 36 соли дигар мувофиқ ба ҳамин рӯз ояд. Бад-ин хотир ба боварӣ метавон гуфт, инсоне, ки беш аз 80 сол умр бинаду ҳанӯз аз замони кӯдакӣ ба рӯзагирӣ одат кунад, ҳамагӣ 2 чархиши Рамазонро шоҳид мешаваду бас!

Гуноҳи худ бар сари шайтон бор мекунем!
Вақте гуноҳ мекунем одат кардаем, ки онро ба гардани шайтони рондашуда гузорему аз худ 1 шахсияти поку бе олоиш тарошем, ба гунае, ки гуё аз мо гуноҳе сар назадаву аслан сар намезанад. Гуноҳҳоро менамоему масъулияташро ба шайтон вомегузорем. Аммо моҳи Рамазон ин ҳама «поктарошиҳо»-и моро маҳв месозаду чеҳраи ҳақиқии моро ба мову атрофиён нишон медиҳад. Дар моҳи шарифи Рамазон, ки тибқи ривоятҳо «шайтонҳо ба занҷир кашидаву баста мешаванд» дигар наметавон гуноҳи кардаро ба гардани шайтон гузошту аз худ «мусичаи  бегуноҳ» тарошид. Оё мо дар мактаби рамазонӣ забонро ба ростгӯӣ ва ҳақиқат одат мекунонем, ё ҳанӯз дурӯғ «тоҷи суҳанҳо»-ро ташкил медиҳаду ғайбат «зару зевар»-и маҳфили мост? Чаро дар бораи шайтон ҳарф задем? Инак, мутоила кун хонанда, шайтон гунаҳкор аст, ё савдогар???



Нархи гарон дар Рамазон
Ҷои таассуф аст, ки соҳибкорон-савдогарони мо моҳи шарифи Рамазонро на ҳамчун моҳи хайру сахо ва ибодату накӯкорӣ, балки ҳамчун моҳи «даромад» ва «бо қимати болову бемисл фурӯхтани молҳо»-и худ мешиносанд. Инак, ин ҷо ҳам шайтон гунаҳкор аст!? Шайтоне, ки баста шудааст...
Дар ш.Қурғонтеппа 2 бозори калонтарин мавҷуд аст, ки нархҳоро дар моҳи шарифи Рамазон гарон карданд. Инак, пой гузорем ба бозори Ҳоҷӣ Шариф, ки яке аз бузургтарин бозор дар кишвар аст. Дар ин бозор деҳқонони минтақаи Қурғонтеппа маҳсулоти бо арақи ҷабин рӯёнидаро аз нимашаб барои субҳ ворид мекунанд. Лек ҳамаи маҳсулотро соҳибкорону тоҷирон шабона бо мошинҳои гаронвазн харида, ба дигар вилоятҳои кишвар ва берун аз он арзон харидаву мебаранд. Суол мекунед, ки чаро дар фасли гармо, ки бояд ҳамаи маҳсулот арзон шавад, гарон мегардад? Ана посух ба шумо. Зеро маҳсулоти ниёзи аввалияро берун аз кишвар содирот мекунанду миҷҷаи касе хам намехӯрад!

Гӯшт 38 сомонӣ. Чаро? Кунҷора қимат!
Дар ин моҳи шариф дар бозори Ҳоҷӣ Шариф нархи гӯшт то 38 сомонӣ фурӯхта мешавад. Ба фурӯшандаи гӯшт суол додам, чаро дар Рамазон гӯшт қимат шуд, гуфт: «Чаро ҳамаи шумо ба мо ҳамла мекунед, ки гӯшт қимат шуд? Чаро аз фурӯшандаҳои кунҷора намепурсед, ки чаро кунҷораро гарон мефурӯшед? Гӯшт қимат шуд, ки ба кунҷора ниёз дорем мо!».
Нархи картошка 4-4,5 сомонӣ, пиёз 2-2,50 сомонӣ, шакар 7,30-7,50 сомонӣ, нишолло зарфи 0,5 литр 4-6 сомонӣ, помидор 5-8 сомонӣ, тухм 1 донааш 70 дирам-1,20 сомонӣ, сабзӣ 2-3 сомонӣ, 1 литр шир 3-3,5 сомонӣ, ҳандалак 4-10 сомонӣ, бодиринг 1,50-2,50 сомонӣ, чакка 1 кг 9-12 сомонӣ...
Ягона чизе, ки дар ин бозор арзон ва ҳатто ройгон аст-ВИЖДОН мебошад!

Мардум нороҳату масъулин хап
Зебо-сокини ш.Қурғонтеппа дар сӯҳбат гуфт: "Коргарони калон, қозиҳо, ҳатто президент гап мезананд, ки бозор арзонӣ шавад, халқ хӯрад. Инҳо баръакс, мегӯӣ, ҳамин моҳи Рамазонро бо беқарорӣ интизоранд. 1 кг биринҷ то 7-8 сомонӣ шудаст, ки ҳамин 2-3 рӯз пеш 5-6 сомонӣ буд. Нахӯд 9 сомонӣ, чанд рӯз пеш 6-7 сомонӣ буд. Помидор 5-8 сомонӣ. Даҳшат! Нархҳо қариб 50% баланд шуданд. Мо одамони шаҳр "харидахӯрем". Дар 1 хона 6-8 нафарем, хеле гарон аст барои мо харид кардан".
Дар суҳбат масъулону нозирони бозорҳо гуфтанд, ки сабаби болоравии нархҳо афзудани содироти маҳсулоти кишварзӣ ба хориҷи кишвар аст. Баъд худи деҳқонон низ маҳсулоташонро нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта қиматтар мефурӯшанд.

Деҳқон ун деҳқони боинсофи қабл нест!!!
Аксарияти нархҳо дар 2 бозори маркази вилояти Хатлон-Фаровону Ҳоҷӣ Шариф 1 хеланд. Манзура-фурӯшандаи меваю сабзавот дар сӯҳбат мегӯяд, ки сабаби боло шудани нархи меваю сабзавот худи деҳқононанд. Мо савдогарон он қадар бе виҷдон нестем, ки 2 маротиба қимат фурӯшем. Нархро деҳқон боло мекунаду мо маҷбурем болояш боз чанд сомонӣ гузорем! Вале деҳқонҳо гуноҳро сари ҷаллобон мезананд. Дар шоҳроҳи Қурғонтеппа-Душанбе худи деҳқонон ба фурӯши помидор машғуланд. Банда қариб ҳамарӯза аз ин деҳқонон помидорро бо арзиши 3-4 сомонӣ мехарам. Дар сӯҳбат деҳқонон гуфтанд, ки медонем дар бозори марказии Қурғонтеппа ҳамин гуна помидорро бо арзиши 5-10 мефурӯшанд, пас чаро мо арзон фурӯшем? Ана ин аст, дигар деҳқони мову ҷаллобу қаллоби мо. Рамазон муборак! Мо Метавонем!


Баҳодур Уроқов,
СССР. вилояти Хатлон

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter