ХАБАРИ ДОҒ

Боздошти «Крёстный отец»-и Тоҷик дар Русия

  • Душанбе, Июн 19 2017

ВКДи Русия яке аз лидерони олами криминал ва мафияи тоҷик дар Маскав-Лутфулло Муҳаммадиевро ҳабс кард. Дар ин бора хабаргузориҳои русӣ навиштаанд. Оҷонсии Росбалт бо такя ба манбаъи боэътимод аз пулис гуфтааст, ки «Анвар» (исми мустаори Лутфулло) дар шаҳри Вязники вилояти Владимир, дар паноҳгоҳаш боздошт шудааст. Хотиррас мешавем, ки моҳи ноябри соли 2016 Лутфулло бар асари тиркушоӣ дар «сход» бо ҳоҷӣ Абдуҷаббор ном авторитети дигари мафияи Тоҷикон захмӣ шудаву фирор карда буд. Он замон пулиси Маскав гуфт:
-Лутфулло дар паноҳгоҳе шифо меёбад ва баъди сиҳҳат ёфтанаш Маскавро «разборкаҳои гангстерӣ»-е чун тиркушоиҳои Амрикои солҳои 1930-40 интизор аст. Тиркушоии мазори Хованск пеши ин разбор бозии кӯдакона хоҳад намуд...
Воқеан ҳам пулиси Маскав Лутфуллоро яке аз дастандаркорони тиркушоӣ дар мазори Хованск мехонд. Ҳарчанд, моҳе пеш суди Маскав барои ин куштор чанд русеро дастгир кардаву ҳабс намуд.


Ту кистӣ, гангстери тоҷик?
Росбалт навиштааст, ки Лутфулло собиқ фармондеҳи яке аз ниҳодҳои қудратии милисаи Тоҷикистон аст. Аммо генерал Ҷӯрахон Маҷидзода-собиқ сардори УБОП ҶТ соле қабл ин иддаоро рад карда, гуфта буд, ки «Муҳаммадиев корманди қатории оперативӣ буд, ки барои рафтору аъмоли бадаш ҳанӯз 15 сол муқаддам аз сафи милитсияи Тоҷик ронда шуд».
Генерали Тоҷик ҳамзамон шубҳа кардааст, ки «мафиози дигари Тоҷик» Ҳоҷӣ Абдуҷаббор умуман ҷинояткор бошад. Ӯ он замон гуфта буд, ки «сокини н.Рӯдакӣ, ҳоҷӣ Абдуҷаббор, то ҷое медонам, тиҷорати рушдкарда дорад ва ба ҳамдиёрон кӯмак мерасонад. Тибқи иттилои расмии ВКД ФР, ки дар дасти ман ҳаст, ӯ ягон бастагӣ ба воқеоти мазори Хованск надорад». Генерали Тоҷик он замон бар назаре буд, ки «Тоҷикони соҳибобрӯ, ки дар Маскав бизнеси таъин доранд, ба касе халал мерасонанд» ва ин аст, ки ишонро сиёҳ мекунанд.
Бо ин ҳама хабаргузориҳо навиштаанд, ки Лутфулло бо граната, наркотик ва адабиёти экстремистӣ дастгир шудааст. Дар қиболи «Анвар» (он же Лутфулло) бо 2 банди Кодекси ҷиноии ФР №222 (ғайриқонунӣ нигоҳдории силоҳ) ва №228 (ғайриқонунӣ нигоҳ доштани маводи мухаддира) парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Адабиёти мусодирашуда ба экспертиза ирсол ёфтааст ва дар сурати тасдиқ ба «мафиози Тоҷик» парвандаи таблиғу ташвиқи терроризм низ боз мегардад... Хуллас, каппаи собиқ милиса ва гангстери феълӣ хоҳад сӯхт...

Мафиоз, аробакаш ё...?
Расонаҳои русӣ менависанд, ки Лутфулло қаблан садри гурӯҳи фаврӣ-зарбазани ОПГ (организованная преступная группировка)-и Ҳоҷӣ Абдуҷаббор ном тоҷик будааст. Ҳоҷӣ Абдуҷабборро расонаҳо чун авторитети олами ҷиноии Тоҷик дар Маскав муаррифӣ мекунанд. Ба қавли манобеъ, Абдуҷаббор сароғоз бригадири аробакашҳои яке аз бозорҳои Маскав буд. Аммо ба тадриҷ ба бовари Олеги Ашхободӣ-«Вор в Законе», ки муҳоҷирони кори тоҷикистониро контрол мекард, даромад. Ин ошноии онҳо бо миёнчигарии Шӯҳрат Яхшимуродов-«Шуха аз Душанбе» муяссар шуд. Шуха «смотрящий»-и Олег буд. Воқеан ҳам Шуха бо супориши (!) «Вор в законе»-ҳои русиявӣ ба Душанбе омадаву чанд сол пеш мехост, қонунҳои авторитетӣ ва криминалиро дар кишвари мо роҳандозӣ кунад...

Шуха-положенец
24.04.2014 таҳти ин ном «В Москве убит таджикский предприниматель Шухрат Яхшимурадов» дар расонаҳои русии Маскаву Душанбе мақолае чоп шуд. Вале манобеъи газетаи СССР ба мо дигар ҳуҷҷатро пешниҳод карданд, ки дар он марҳум на чун «предприниматель», ки чун авторитети криминал муаррифӣ мешавад. Рӯ биорем ба факт:
«Айни ҳол дар ҷумҳурӣ ҳолатҳои пайдошавии «Олами ҷиноӣ» ба миён омадааст. Сабабҳояш зиёд шудани шахсони дар давлатҳои муштаракулманофеъ судшуда мебошанд, ки ҳангоми ҷазо берун аз кишвар бо қоидаҳои «Ҷаҳони Ҷиноӣ» шинос мешаванд ва дар навбати худ ин қоидаҳоро бо ҳар роҳ дар муассисаҳои ислоҳии ҶТ ва дар байни шахсони пеш маҳкумшуда паҳн карда истодаанд. Соли 2003 аз ҷумлаи пеш судшудагон дар ФР Яхшимуродов Шӯҳрат Муродович, бо лақаби «Шуха», сокини маҳаллаи 8-марти ш.Душанбе, аз тарафи обрӯмандони олами ҷиноии ФР дар ҶТ ҳамчун пешвои олами ҷиноӣ-«Авторитет» интихоб шудааст. Ӯ дар ш.Москваи ФР истиқомат намуда, мунтазам ба Душанбе меояд ва дар байни гурӯҳҳои ҷиноятпешаи ҶТ ҳамчун шахси обрӯманди олами ҷиноӣ-«Положенец» эътироф шудааст.
Яке аз наздикони ӯ М.Р. бо лақаби «Батя», сокини Душанбест, ки пеш бо ҷурми дуздӣ суд шудааст. «Батя» тамоми кисабуронро ҷамъ карда, 1 гурӯҳи дуздони кисабурро таъсис додааст ва 1 миқдор пулҳои дуздиашонро ба Шуха, ҳамчун пули «Общак» медиҳад. Бар ивази ин пул Шуха либосу хӯрокворӣ харида, ба зиндониён дастовез-«грев» мефиристад. Вақтҳои охир муносибати Шуха ва Батя вайрон шудааст. Аммо баъзе аз гурӯҳҳои ҷиноятпешаи собиқ вилояти Кӯлоб Шухаро тарафдорӣ накардаанд. Ҷинояткоре бо лақаби «Бек», сокини н.Восеъ, ки дар ҳеч куҷо кор намекунад, ҷои зисти муайян надорад, таъиноти Шухаро эътироф накарда, бо намояндагони ӯ муноқиша кардааст. Бар асари ин, гурӯҳҳои ҷиноятпеша, ки ба намояндаи Шуха маблағ месупориданд, акнун ба Бег месупоранд. Бег айни ҳол олами ҷиноиро «грев» мекунад!
Нуралии Нурбодӣ (с.тав.1974), сокини ш.Маскав, авторитети дигарест, ки низ Шухаро писанд намекунад. Ин шахс бо ФСБ алоқаи зич дорад. Бинобар ин бо гурӯҳҳои дигари ҷиноятпеша беҳурматӣ зоҳир мекунад. Аз ин рӯ, байни гурӯҳи ӯ ва Шуха муноқишаи яроқнок, яъне разборка рух додааст. Нуралӣ атрофи худ тоҷикони кӯҳистон, ба вежа, Ванҷро ҷамъ кардааст...»
Ин порае буд аз «корнома»-и Шуха, аз маълумоти расмӣ, ки хотиррас мешавем, 24.04.2014 дар Москва кушта шуд...
Вале баргардем сари қаҳрамонҳои феълии ин гузориш...

Ҳоҷӣ ва Лутфулло
Тибқи иттилои расмии мақомоти дахлдори Москва мафияи Абдуҷаббор аз тоҷирони Тоҷиктабори бозорҳои Маскав маблағ рӯёнида, ба «законник»-ҳои урус медодааст. Табиист, ки фоидае аз ин додуситад ба буҷҷаи худи клан мерехт. Барои шахсони саркаш ва ҳифзи бизнеси полудааш Ҳоҷӣ Абдуҷаббор «бригадаи қудратманд» таъсис додаву Лутфулло ва Мустафоро садри он мегузорад. Баъдан Ҳоҷӣ-бобо аз итоати Шуха (ниг. ба боло) бадар меравад. Чанде ба баъд Мустафо-гангстери ин мафия, ки гурехта ба Кострома рафта буд, дар назди даромадгоҳи хонааш 14 тир хӯрда мефавтад. Моҳе ба баъд Шӯҳрат Яхшимуродов (он же Шуха) дар Домодедово кушта мешавад: Хун ба хун? Шояд!...
 
Мусор барои бизнес
Ҳар нафаре фикр мекунад, мусор-ахлот пул нест, хато мекунад. Мусор пул аст, махсусан, агар ҳаҷмаш калон бошад. Лутфуллову Ҳоҷӣ Абдуҷаббор, ба гуфтаи манобеъи русӣ, дар баробари ситонидани пул аз тоҷирону коргарони тоҷик дар бозорҳои Маскав, аз онҳо талаб мекунанд, ки ҳар шом картону алюминиюми партобшударо ҷамъ кардаву ройгон ба «қабулгоҳҳои вежаи онҳо» супоранд. Бо ин роҳ ин гурӯҳ миллионҳо рубл даромади муфт ва бидуни андоз ба даст меорад! Манобеъ меафзоянд, ки онҳо алюминий ва картонро дар ҳаҷми «заводу фабрикаҳо!» ба даст овардаву обу лой мекардаанд!!! Ба ин бизнес Лутфулло раҳбарӣ мекард. Ноябри с.2016 Лутфуллоро дар Маскав, дар «стрелка» (гирдоии олами ҷиноӣ барои разбор) мепарронанд. Аммо ӯ ҷон ба саломат мебарад. Расонаҳои русӣ менависанд, ки моҳи марти соли равон, баъди шифои навбатӣ, Лутфулло бо Рустам Эшон ном авторитети дигар, ки дар хидмати Мераб Ҷангваладзе-Вор в законеи гурҷӣ будааст, разбори бузург мекунад, ки он бо шапошапи бузург ва тиркушоӣ хатм ёфт.
Ин охирин разборкаи гангстери Тоҷик дар Маскав буд, ки хотиррас мешавем, аз ноябри с.2016 аз гурӯҳи Ҳоҷӣ Абдуҷаббор баромадаву гурӯҳи вежаи худро таъсис додааст. Мақомоти русӣ гуфтаанд, бо ҳабси Лутфулло-«Анвар» ба разборкаҳои хунини криминали навтаъсиси Тоҷик дар Маскав нуқтаи таммат гузошта шуд. Вале оё воқеан ҳам чунин асту Лутфулло аз онҳое, ки ӯро «подстава» кардаанд, аз зиндон қасд намеситонад? Суолест матраҳ. Ин дар ҳолест, ки ҷони худи Лутфулло дар маҳбас зери хатар қарор дорад. Зеро дар зиндонҳои русӣ, онҳоеро, ки авторитетҳоро мекушанд, бо  паниру фатир пешвоз намегиранд... Мавзуъро пайгир мемонем. Мо метавонем!
Гузориши Росбалт дар мавриди боздошти авторитетҳои Тоҷик дар мавридест, ки санаи 15.12.2016 Асадулло Маҳмудови 49-сола, раҳбари собиқи ҷамъияти Тоҷикони шаҳри Магнитогорски Русия дар натиҷаи 1 суиқасди фармоишӣ кушта шуд. Бино ба гузориши пулиси Магнитогорск, қотил Асадулло-яке аз намояндагони бонуфузи тоҷикони муқими ин минтақаро дар кӯчаи Тевосян, бинои 17, ба дилаш 1 тир задааст. Фарзияи асосии пулис куштори фармоишист. Маҳмудов замоне кушта шуд, ки ба мошинаш (тамғаи Dodge) нишаста, мехост аз ҳавлии биное, ки зиндагӣ мекард, берун равад. Владимир Шишков-сухангӯи кумитаи тафтишоти Русия дар Магнитогорск дар робита ба куштори Маҳмудов гуфт: "Имрӯз (15 декабр) дар назди яке аз биноҳо дар кӯчаи Тевосян ҷасади як сокини маҳаллӣ бо аломатҳои марги маҷбурӣ – захмҳои тир ёфт шуд. Парвандаи ҷиноӣ кушода шудааст. Барои маълум кардани ҷузъиёти ин ҷиноят силсилаи тадбирҳои тафтишотӣ ва чораҳои фаврии ҷустуҷӯӣ ба роҳ монда шудааст.”
Маҳмудов дар гузашта раҳбарии ҷамъияти тоҷикони Магнитогорскро бар ӯҳда дошт ва баъди тарки ин мақом ба соҳибкорӣ машғул буд. Ӯро аз намояндагони бонуфузи ҷамъияти тоҷикони шарҳри Магнитогорск ва вилояти Челябинск ном мебаранд. Асадулло дар Магнитогорск ширкати таксиҳои "маршрутка” доштааст. Асадулло Маҳмудов-зодаи ҷамоати Заргари н.Бохтари вил.Хатлон буда, Донишкадаи политехникии Тоҷикистонро хатм кардааст. Ӯ ҳанӯз дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ба Русия рафта, дар онҷо тиҷорати худро ба роҳ монда буд. Аз ӯ як фарзанд ятим монд. Далели суиқасд ба ҷони Маҳмудов ҳанӯз маълум нест, вале ин аллакай 4-умин куштори соҳибкорони тоҷик дар Магнитогорск дар 2 соли охир буд. Яке аз онҳо Ҳадятулло Абдуллоев-соҳибкори дигари низ зодаи н.Бохтар буд. Ҳадятулло 22.01.2015 ғайб зад ва ҷасадашро танҳо баъди 10 рӯз аз ҷангалистоне берун аз шаҳр пайдо карданд. Наздиконаш мегуфтанд, ки ӯро барои пул куштаанд.


М. Мубориз
Махсус барои СССР

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter