ХАБАРИ ДОҒ

Чаро фаросати обӣ надорем?

  • Душанбе, Июн 19 2017


Узви Ихвон-ал-СССР, Рамазон Бобоев, сокини маҳаллаи Содиқови шаҳри Кӯлоб бо телефони 93 322 25 22 ба газетаи СССР занг задаву гуфт, ки ман 1 шикояти обӣ дорам. Дар ш.Кӯлоб роҳҳоро аз маҳаллаи А.Фирдавсӣ то чанд маҳаллаи дигар таъмир доранд. Бо баҳонаи таъмири роҳ мардум аз пеши худ труба-лӯлаҳои ҳаҷмаш гуногунро ба лӯлаи асосии об зада, фишори обро тамоман кам кардаанд. Кор то ҳаддест, ки бархе ҳатто нассоси обкашӣ задаанд, ки дар натиҷа об то ба мардуми дар боло мезиста аслан намерасад. Аз раҳбарияти шаҳр ва ашхоси масъул эҳтиромона хоҳиш дорам, ки ба мардуми бефаросат ҳамин нозукиро бифаҳмонанд…

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter