ХАБАРИ ДОҒ

ДУТЕРТЕ-президенте, ки Обамаро “сагбача” гуфт!

  • Сешанбе, Июн 20 2017


Ҳафтаи гузашта мунтахаби Тоҷикистон бо Филиппин бозии гарме карда, мутаассуф, бо айби дарвозабон, бо ҳисоби 3:4 шикаст хӯрд. Ҳини бозӣ, мухлисе бонг мезад, ки агар филиппиниҳо ғолиб наоянд, президенташон мисли наркокурйерҳо онро мепарронад. Ин даъворо чандин бор аз ун мухлис шунида, рӯзи дигар таърихи Филиппинро варақ задаву бо ин зиндагиномаи аҷиби Дутерте шинос шудам, ки пешкаши Ихвон ал СССР мегардад. Мо метавонем!

Родриго Дутерте - Президенти Филиппин баъди он машҳури олам шуд, ки президенти абарқудраттарини олам Барак Обамаро барои интиқодаш аз бераҳмона мубориза бурдани Дутерте алайҳи нашъаҷаллобон сагбача хонда, назди иблисаш равон кард (сукин сын, пошел он к черту). Қабл аз ин Раиси собиқи СММ Пан Ги Мунро “аблаҳ”-у роҳбарияти Иттиҳоди Аврупоро "дӯзахиён" гуфта буд. Дар кишвараш аз он маҳбубу серҷонибдор гашт, ки дар вақти раиси шаҳри Довао буданаш ончунон алайҳи нашъаҷаллобу нашъакашон муборизаи беамон бурд, ки дар 2 сол ҳатто 1 нафараш ҳам намонд; ё кушта шуданд, ё маҳбас ва ё фирорию бадарға!
Гузашта аз ин дар шаҳр умуман сигоркаширо мамнуъ эълом дошт. Воқеан Филлипин солҳои охир аз ҷиҳати истеҳсол, истеъмол ва фурӯши маводи мухаддира дар ҷаҳон яке аз ҷойҳои нахустинро ишғол менамояд. Тибқи баъзе маълумот ҳар шахси сеюми ин кишвар ба маводи нашъадор сари кор доранд. Баъди оне, ки июни соли 2016 Дутерте бо тахаллуси “ҷазодиҳанда”(каратель) Президент интихоб гардид, муборизаро дар сатҳи давлатӣ пурзӯр намуда, ба пулис иҷозати бе суду прокурор  қатл кардани нашъаҷаллобонро дод.
Танҳо дар 3 моҳи нопурра 3600 нафар намояндагони “нарко-бизнес” кушта гардиданд. Боварнокарданист, вале дар 6 моҳи президентии ӯ 1200 нафар аъзои “нарко-мафия” бо ихтиёри худ, аз тарси кушта шудан, ба мақомот ҳозир шуда, гуноҳашонро иқрор ва маҳбасӣ гардиданд.
Мана, мешудаст-ку?!


Абдуқодири АБДУҚАҲҲОР
журналист

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter