ХАБАРИ ДОҒ

Редаксия супориш дод: Қӯрғонтеппа рав!

  • Панҷшанбе, Июн 29 2017


Пешопеши ҷашни таърихии 20-солагии Ваҳдати Миллӣ бо супориши редаксия тасмим гирифтем ба ш.Қӯрғонтеппа-маркази вилояти Хатлон сафар намоем. Интихоби ин шаҳр бесабаб набуд, зеро ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992-1997 маҳз аз ҳамин шаҳр оғоз гардид. Мо хостем ба мардум нишон диҳем, ки баъди Сулҳ ин шаҳр чӣ дастоварду пешравие касб кардааст.

 Ҳукумати нави Қӯрғонтеппа: «Намедонем, намедонем!»
16.06.2017. Соат бо вақти Қӯрғонтеппа 8:30 дақиқа.
Бо мухбири минтақавиамон дар вилояти Хатлон-Баҳодур Уроқов, аллакай дар назди Ҳукумати ш.Қӯрғонтеппа қарор доштем. Хостем пеш аз боздид нахуст бо раиси шаҳр-Абдуалим Исмоилзода мулоқот намоем, аммо роҳбари дастгоҳи эшон, ки ҳамин ҳоло ба кор шурӯъ кардааст, таъкид намуд, ки раис хеле серкор асту баъдан биёем. Мо ҳам хуб гуфтему хостем дар бораи рушду равнақи шаҳр аз роҳбари дастгоҳ маълумоти бештар бигирем. Лек ӯ, шояд аз вазифаи нав меболиду коре ба дигарон надошт ва ё дар умум аз ин масъулияти бар дӯшаш афтода худро гум карда буд, ки натавонист дархости моро қонеъ намояд. Ҳар чизе мепурсидем, мегуфт, ки «намедонам, намедонам!». Мо қаблан низ зиёд ба ин шаҳр сафар мекардем ва ҳеҷ гоҳ бо чунин бархӯрд рӯбарӯ нашуда будем, зеро командаи раиси пешин, мӯҳтарам Амируллои Асадулло, пухтакор буду роҳбари дастгоҳ аз тамоми омору воқеоти шаҳр дақиқан огоҳ…

 Шаҳре, ки обод аст!
16.06.2017. Соат бо вақти Қӯрғонтеппа 9:00 дақиқа. Бо Уроқов аз ҳукумати шаҳр баромада сайругашти хешро оғоз кардем. Қӯрғонтеппа дар 3-4 соли охир ба куллӣ қабои хешро нав карда, биноҳои наву замонавии бисёрошёна, Қасри нави фарҳанг, марказҳои савдо, меҳмонхонаҳои муосир пайдо, боғу хиёбонҳо гулпӯш ва ороста шудаанд. Мо дар тӯли рӯз аз беморхонаи марказӣ, бинои ШВКД, факултаи педагогика ва варзиши Донишгоҳи давлатии ш.Қӯрғонтеппа ба номи Н.Хисрав, қаҳвахонаи «Марворид», маркази савдои «Ёвар», хоҷагии деҳқонии «Ғайратҷон», бозори марказӣ ва микрорайонҳои ин шаҳр дидан намудем. Тавре Орзуи Карим-ҳамкорамон дар Қӯрғонтеппа мегӯяд, агар 5 сол пеш пас аз шом дар ҷодаҳои Қӯрғонтеппа аҳён-аҳён одамонро дидан мумкин буд, ҳоло ҳар шаб сокинон бо фарзандони худ ба маркази шаҳр омада, назди фаввораҳои шодоб нишаста истироҳат мекунанд. Шаҳр чароғон буда, марказҳои дилхушии калонсолон ва кӯдакон то поси шаб барои мардум бозанд. Хуб, маълум аст, ки дар ободии имрӯзаи Қӯрғонтеппа саҳми роҳбарияти қаблии шаҳр, хоса, раиси пешини он Амируллои Асадулло ва командаи эшон кам нест ва ҳар чизе, ки ҳоло Қӯрғонтеппа дорад, ба шарофати меҳнату заҳматҳои ӯст.

 Ошхонаи ифлоси «Бохтариён»
16.06.2017. Соат бо вақти Қӯрғонтеппа 21:00 дақиқа. Пас аз хӯроки шом сӯи меҳмонхонаи «Бохтариён» роҳ пеш гирифтем. Қаблан низ зимни сафарҳои корӣ дар ин меҳмонхона истода будам. Меҳмонхона, ки 2 сол пеш бунёд шудааст, назар ба дигар меҳмонхонаҳо тозатару хизматрасонияш ҳам хуб буд. Аммо ин бор аз меҳмон шудан дар «Бохтариён» пушаймон шудам. Шабро дар утоқи хубу барҳаво рӯз карда, субҳ барои субҳона ба ошхона фаромадам. Чун моҳи шарифи Рамазон аст, танҳо 3 миз барои меҳмонон ҷудо шуда буд. Рӯи ин мизҳо пур аз нонрезаву равған ва пасмондаи хӯроки шом буд. Кормандонаш субҳ рӯи мизҳоро хуб пок накарда, болояшон боз ҳам нону чойю шакар гузошта буданд. Маро дида пешхизмат 1 чойник чой овард. Сипас аз мизи дигар 1 пиёларо гирифта, онро пуф карда, пешам гузошт. Аз чирку ифлосии чойнику пиёла ва дастархони часпаки рӯи миз ғашам омад. Даруни чойник низ сиёҳ буд. Пешхизмат бароям 2 дона тухм ва ҳасиби бирён гузошт, ки он ҳам бетаъм буд. Баъдан дар долон дидам, ки он зан ошпазу пешхизмат не, балки фаррош будааст! Хулоса, пас аз хӯрдани чунин субҳона ва пардохти 200 сомонӣ барои 1 шаби хоб дар утоқи ба қавле «полулюкс» аз меҳмонхона баромада рафтам. Дар ҷаҳони меҳмондорӣ муҳим нест, ки соҳиби меҳмонхона кист, муҳим он аст, ки озода бошаду хизматрасонӣ ва муносибати хуб дошта, анвои хӯрокҳояш дар ҷои поку тамиз омода шавад, на мисли «Бохтариён»!

 Исмоилзода аз журналистон мегурезад!?
17.06.2017. Шанбе!!! Соат бо вақти Қӯрғонтеппа 11:00 дақиқа. Маротибаи 4-ум ба Ҳукумати ш.Қӯрғонтеппа рафтем, то бо раиси шаҳр вохӯрем. Рӯзи гузашта низ 3 маротиба-субҳ, нисфирӯзӣ ва бегоҳ ба қабули Исмоилзода рафтем, лек бенатиҷа. «Раис нест. Раис банд аст, раис дар иншоотҳои ҷашнӣ!»-чунин буд ҷавоби масъулин ва муҳофизонаш. Имрӯз ҳам ҳамон муҳофизи раис баромада гуфт, ки «раис шуморо қабул намекунад, раис меҳмон дорад, муовини кадом вазире дар назди ӯ нишастааст!» ва ин ҳам новобаста аз он, ки тибқи дастури президенти кишвар ҳар 1 вазиру раису роҳбар бояд рӯзи шанбе шаҳрвандонро қабул намояд!!! Ин дастури Президенти ҶТ аст ва ба «намекунаду наметавонаду намехоҳади раис» бастагӣ надорад! Аммо мо аз ин тасмими «худам шоҳу табъам вазирӣ»-и Раис нороҳат нашудем. Зеро кӣ будану набудани раиси навро медонем ва дар матлабҳое вобаста ба н.Шаҳритус ҳам нигоштаем. Аҷобат ин аст, раисе, ки дар Шаҳритус тақрибан коре назаррас накарда буд, чигуна ба курсии раёсати бузургтарин шаҳри вилояти Хатлон нишаста бошад? Воқеан дар бораи кору бори оперативии Абдуалим Исмоилзода факт ҳам дорем: Вокунише, ки ҳангоми раиси н.Шаҳритус буданаш навиштаву имзо кардааст, пас аз 1 моҳи аллакай раиси ш.Қурғонтеппа таъин шудани Исмоилзода ба идораи мо расид…
Боздиди мо аз ш.Қӯрғонтеппа идома дорад. Вале пештоз мегӯем, ки раиси нав ҷои раиси кӯҳнаро дар дилу дидаи халқ ва сохту сози шаҳр гумон аст, ки гирифта тавонад. Мепурсед, чаро? Гӯшбақимор бошед, ки Мо метавонем!


Ҷамила Ҳусейнова,
Баҳодур Уроқов,
СССР, Душанбе-Қӯрғонтеппа-Душанбе

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter