ХАБАРИ ДОҒ


Ҳамин соат, ки Тоҷикистон ба ҷашни Ваҳдати Миллӣ ва таҷлил аз 20-умин солгарди муҳимтарин санадаш-Имзои Протоколи Сулҳ омодагӣ дорад, рӯбоҳу шағолакон-душманони хонагии мо сагҷакишро сӯи ин дастовард шуруъ кардаанд. Мо итминон дорем, Тоҷикон дигар ба фитна намеафтанду бештар аз ин, мушти ҷамъиятӣ бар даҳону пасисарие ба пушти ҷангандозон хоҳанд зад. Зеро бори аввал нест, ки ин анд рӯбаҳак моро ҷанг андохтаву думро хода карда, сӯи ғарбу шарқ фирор мекунанд, то мисли саг устухоне пешашон партоянд. Онҳоро Худо задааст ва мо ба худозада коре надорем. Аммо дар нисбат ба Сулҳи Тоҷикон фоторепортажи вежае омода кардаем, ки пешкаши ҳама аъзои Ихвон ал СССР мегардад. Мо Метавонем!

Ҳамааш аз майдоншиниҳои примитив сар зад. Мардум, ки ба дом афтода буд, ҳиҷ бовар надошт, ин шиорпартоиҳо ба ҷанг мекашад. Хоса, дар мавриде, ки тамомии 15 ҷумҳурии собиқ узви СССР ба митингшинӣ одат мекард...


Аммо митингҳои перестройкавии мо вежагӣ доштанд: Қувваҳои демократӣ ва зиёиён (дар симои Демпартия ва Растохез) нафаҳмиданд, ки чигуна лигоми тазоҳурот ба оҳистагӣ, вале мутмаинан ба дасти исломистон мегузарад...


Истинтоқи оммавӣ-телевизионии Навҷувонов-Вазири ВКД қадами нахустин сӯи ҷанг шуд. Субҳи дигар ҳамшаҳриҳои Вазир ба майдон рехтанд ва истеъфои Раиси Шӯрои Олӣ Сафаралӣ Кенҷаевро талаб карданд. Бо ин ҳама, зиёиёни бадахшӣ тавонистанд тарафдорони худро қабл аз оне, ки майдон ба дасти муллоҳои шиорпарто гузарад, аз майдон бароранд.


Шоири шиорпартои майдонҳо Бозор Собир шуд, ки ба эҳсосот дода шудаву даъвоҳои антиконститутсионӣ мекард. Устод Бозор агар имрӯз аз ун рафтораш пушаймон шуда бошад, пас Тоҳири Абдуҷаббор-садри Растохез ҳамон шабу рӯз  хатари ҷанг ва хавфи панисломизмро ҳис карда, абадан аз оппозитсия буррид...


Ҳофизи майдон ва қаҳрамони чандрӯзаи он Ҷурабек Муродов шуд, ки бо репликаи «1 бор мард шавед!» ба истеъфои Қаҳҳор Маҳкамов замина гузошт. Маҳкамов рафт, вале қаблан гуфт: «Ман мераваму шумо пушаймон мешавед!!!» Толпа артисти халқии СССРро рӯ-рӯи даст ба назди микрофони майдони Ленин кашид, то баъдан ӯро партофтаву фаромӯш кунад. То ҳанӯз СССР интизор аст, ки устод Ҷӯрабек-бузургтарин сарояндаи муосир хотироти худро дар бораи ин рӯзҳо пешкаши мардум менамояд. Мо чоп мекунем. Мо Метавонем!


Бе шакку шубҳа барангехтани ҳайкали бузурги Ленин миллионҳо нафарро такон дод. Сухангӯи артисткаи халқии РСС Тоҷикистон-Марям Исоева ва ашки гулӯгираш дили миллионҳо нафарро захмин намуд. Ӯ аз номи халқ мегуфт, ки ин пайкараро барқарор кунанд...


Интихоботи соли 1991-ро коршиносон интихоботи воқеан ҳам демократӣ ва бидуни аналог дар таърихи ҶТ мешморанд. Дар ин маърака қудратҳо дар 2 ҷабҳа қарор гирифтанд: Зиёиён ва демократу исломистон дар 1 ҷониб ва... ХАЛҚ аз сӯи дигар. Бадбахтии ҳама аҳли зиё буд, ки фикр доштанд, авом бе ақлу бе савод аст. Ин бархӯрд миллатро аз зиёиён пурра ҷудо ва қудратро ба дасти олами ҷиноӣ-Робенгудҳои маҳаллӣ дод.


Демоисломистон ба ҳадде шикасти оштинопазири худро дар симои Худоназаров тоқат карданд. Аммо ҳамагӣ барои чанд моҳ. Баҳори соли 1992 бо майдони Шаҳидон шуруъ шуда, бо майдони Озодӣ хатм ёфт.


Муҳимтарин воқеа-таъсисёбии майдони №3 ё антиҷангӣ бо ибтикори Ёқубу Исматча шуд, ки байни 2 ҷиноҳи ба хуни ҳам ташна хайма задаву даъвои сулҳу иттифоқ карданд. Аммо кор кайҳо аз кор гузашта буд....


Даҳаи аввали моҳи май Майдони Озодӣ, ки аз ҳукумати конститутсионӣ пуштӣ мегирифт, аз пойтахт бадар шуда, дар роҳ мавриди шабехун қарор гирифт. Ин фоҷеа сабаб шуд, ки дар Кӯлоб Фронти халқӣ бо сарварии Сангак Сафаров таъсис ёбад. Идеологҳои ин ҳаракати мусаллаҳ мулло Ҳайдар, Рустами Абдурраҳим ва Қурбон Зардак шуданд.


Дар тамомии ҷануби Тоҷикистон оташи ҷанг бархест, ки хушку тарро месӯхт. Дигар касе намедонист кӣ кисту ким киро мекушад? Қурғонтеппа, Душанбе, навоҳии тобеи марказ ба коми фано рафтанд. Миллионҳо нафар ба Кӯлобу Суғду Ӯзбакистону Русияву Афғонистон гуреза шуд.


Дар Афғонистон мазорҳои ғарибони Тоҷик қад барафрохтанд, ки беҳтарин бозгӯи шарҳи ҳоли гурезагони Тоҷиканду 1 умр аз ин қубур лаънату нафрин бар сӯи ҷангандоз хоҳад рафт...


Раҳмон Набиев аз тарси ҷон Давлати Тоҷиконро фурӯхта, дар фурӯдгоҳ ба протоколи истеъфояш имзо гузошта, ба Хуҷанд гурехт. Сари қудрат Ҳукумати мусолиҳаи миллӣ бо сарварии Акбаршо Искандаров омад, ки тақрибан ягон коре аз дасташ намеомаду садди роҳи нифоқ нагардид...


Душманони синфӣ ҳарчӣ мегӯянд ё на, вале ба Бахти Баланди Тоҷикон, дар сессияи фавқулоддаи №16 сари қудрат ҷавони тақрибан ба олами сиёсӣ ношинос, Эмомалӣ Раҳмонови 40-сола омад. Шиори ин ҷавон «Ман ба шумо Сулҳ меорам!» буд ва пештоз бубояд гуфт, ки ҷавонмардона дар ин қавлаш истод. Мо Метавонем!


Ҳукумати нави Тоҷикон дар хазина пул, дар бонкҳо захираи тило ва дар амборҳо 1 халта гандум надошт. Ин дар шабу рӯзе буд, ки дар пойтахт барои 1 булка нон одам одамро мекушт, мепарронд, лагад мезад...


Бо ин ҳама Ҳукумат ба гуфтушунуфт сар кард. Гуфтушунидҳо барои Сулҳ мушкил мегузаштанд. Аммо Эмомалӣ Раҳмонов шахсан дар ҳама музокирот иштирок мекард, ҳатто дар мавриде, ки ба ҷонаш хатар таҳдид дошт. Бо ин ҳама, баъди 5 соли расои ҷанги гражданӣ гуфтушунудҳои позитив дар Афғонистон (ниг. ба акс) ва Эрон (ниг. ба акс) то ба имзои Протколи Сулҳ дар Маскав (ниг. ба акс) оварда расониданд.


Ваҳдати миллӣ ва Сулҳи Тоҷикон дастоварди бе назири Миллати мост, ки дар ҷаҳони муосир аналог надорад: Нест давлате дигар, ки тӯли даҳсолаҳои ахир аз ҷанг бадар омада бошад, ба вежа дар олами Шарқи Исломӣ. Вале мо бадар омадем ва ба ҷанг, иншооллоҳ, ҳаргиз барнамегардем. Зеро меъмори ин Сулҳ бо Мост ва Мо Метавонем!!!

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter