ХАБАРИ ДОҒ

Тоҷик, яъне диловару пурғурур, аммо...

  • Душанбе, Июл 03 2017

Далерӣ кун, ки майдон аз далер аст-5

 

Агар дилхоҳ Тоҷик ҳамагӣ 10% аз 100% ғурури маҳаллагароие, ки дорад, дар нисбат ба миллат дошта бошад, ҳатто чеченҳо пеши мо сари таъзим овардаву қарс хоҳанд зад!!!
Тоҷик воқеан ҳам пурғурур ва диловар аст. Инро таърихи 25 соли истиқлолият низ собит кард. Дур намеравем, ҳамин ҷанги нангине, ки ҳоло рӯяш тамаркуз мекунем, воқеан ҷанги нанг буд, аммо на нангин! Зеро мардум барои ҳифзи нанг ба майдон рехт ва барои нанг ҷангид. Нанги маҳаллӣ, мутаассуф, на миллӣ. Ҳанӯз моҳи сентябри соли 1991, ки майдони «Озодӣ» хайма задаву ҳайкали Ленинро меканд, шоир ва файласуф Зиё Абдулло ба ман гуфт: «Сайёф, аҳамият деҳ, ки аксарияти кулли ин майдоншинҳо аз 1 маҳаллаанд!». Боварам наомад, то вақте ки дидам, дар соли 1992 дар 2 майдон Тоҷикистон ба 2 ҷабҳа табдил ёфт. Бештари маҳаллаҳои Тоҷикистон дар майдони №2 буду ақаллияти маҳаллӣ, яъне намояндагони 1 ҷониб дар майдони №1. Ин ҳам дарди бахайр. Бояд гуфт, ки дар майдони №1 ақаллан интеллигенсияи дигар маҳаллаҳо то шуруъи кашмакашҳо буд, вале чун садои тири аввал баромад, пешвоёни ун майдон тамомии маҳаллаи дигарро кофир ва ҳукму хунашонро ҳалол эълон карданд. Дар маҳалле, вақте такпӯши «хунолуда»-и зани солмандеро нишон додаву иддао карданд, ки ба номуси бонуи маҳаллаи мо таҷовуз кардаанд, дигар касе набуд, ки гӯяд, хун аз куҷост, ӯ ку духтар набуд. Ғурури маҳалл намегузошт ба ин суол посух ҷӯянд ва мардум хест!...
Дар мавзеъи дигар низ, аккурат, аз ҳамин ташвиқоти мантиқан бе маънӣ, вале нишонрас кор гирифтанд, ки гуфтанд, ҳар нафаре аз фулон маҳалла зан ё шавҳар дорад, агар ҷудо нашавад, кофир аст. Кори таблиғӣ то ҷое буд, ки дар н.Вахш фарзанди оилаеро, ки падараш аз 1 маҳаллаву модараш аз дигар буд, куштаву ҷасадро онгуна ба об афганданд, ки нимаш дар оби ҷӯйбори сард монду нисфаш дар берун. Табиист, ки нисфи зери офтоб пӯсид ва авомро нишон додаву гуфтанд: -Бинед, ки тарафи бо маҳаллаи мо омехтааш боқӣ мондаву тарафи ба ун маҳалла тааллуқмандаш пӯсида аст. Ғурури маҳалл имкони саволу посух надошт. Авом бовар кард, воқеан ҳам 1 тарафи ҷасад, ки напӯсидааст, мутааллиқ ба маҳаллаи ӯст ва хест!... Таблиғоти бе мантиқ, аммо нангин, ғурури маҳаллии моро бедор карду 5 соли расо ҷангидем...
Имрӯз низ аксарият бо ана ҳамон ғурури маҳалл ба сар мебарем. Дар Тоҷикистон низ чунинему дар Русияву Аврупову Амрико низ. Ғурури маҳаллӣ ҳич имкон намедиҳад, ки мо миллати ваҳид ва якто шавем. Кори мо то ҷоест, ки фарзи мисол, ягон нафар коре ношуд карду 100 кас гуфт, «эҳ, Тоҷик-да» ё «Тоҷикиш кардӣ!» ҳеҷ кас малӯл намешавад. Вале мабод, гӯем, ки «эҳ, Кӯлобӣ-да», «Зарафшониш кардӣ», «Ғармиш кардӣ», «Хайр, Помирӣ-да»... кор то ҷангу ҷанҷолу қатлу куштор мерасад. Яъне ғурури маҳаллии мо 90% болотар аз ғурури миллист! Ба таҳқиқ, хатари овезон сари мо, имрӯз ин аст, ки дар ақсои олам нест Тоҷике, ки аз миллат пуштӣ гирад. Ну, нест, и баста!
1 мисоли оддии дигар меорам, ки ҳамарӯза бо он вар мехӯрем, вале аҳамият намедиҳем: Фарзи мисол, дар ресторане 2-3 суруди помирӣ ё кӯлобӣ ё суғдӣ  пайиҳам садо диҳад, намояндагони дигар маҳаллаҳо дар ҷӯш меоянд. Ҳатман суруди маҳаллаи худро дархост менамоянд ва ё ба чунин тарабхона дигар намераванд. Вале суруди таронаҳои русӣ, ӯзбекӣ садо диҳанд, пожалуйста, ягон Тоҷикро пинакаш вайрон намешавад.
Ин ҳам дарди ба хайр аст. Олами виртуалии мо-Интернетро ба анкабутхонаи маҳалла табдил додаем. Дилхоҳ нафаре зидди шумо сухан кард, бовар кунед, ки аз маҳаллатон нест! Лайк мондагиҳо тақрибан ҳама ҳамшаҳриҳои шумоянд. Рӯиҳамрафта кори маҳалгароии мо ба ҳаддест, ки фарзи мисол медонем, 1 ҳамшаҳриямон кайҳо осмонранг шудаасту аз миллат рӯ тофтааст, вале ғурури маҳаллӣ намегузорад, бо ӯ паймони виртуалӣ набандем ва дар ҳамдилӣ бо ӯ ба намояндагони дигар маҳаллаҳо, ки ҳатто ҳамкору дӯсту ҳамсояи моянд, сангпартоӣ накунем. Дила(т)мон намешавад ба ин хиёнат равем, вале ғурури маҳалла моро ба ин роҳ мебарад. Ғурури маҳаллӣ ҳатто фурсат намедиҳад, фикр кунем, ки мо ҳама ТОҶИКем. Ғурури маҳал моро мутмаин мекунад, ки Тоҷики асил танҳо моему ҳаммаҳаллаҳоямон, на каси дигар...
Ғурури маҳалгароӣ дар мо ба ҳаддест, ки вақте ғосибе аз дигар кишвар ба давлати мо тохт, ҳамагӣ худро бе тараф гирифтем. Фикр кардем, ки худашон, яъне маҳаллаи дигар кишварро ҳифз кунанд, чун сари қудратанд: Бегона дар хонаи мо шуду мо хомӯш будем, зеро ғурури маҳал моро имкони андеша намедод, ки Ман Тоҷикам ва бояд бар ҳифзи Ватан баланд шавам...
...Аслан ягон ҷониб, ягон маҳалл, ягон диёреро паст заданӣ нестам. Зеро воқеан ҳам зарафшониву кӯлобиву бадахшиву ғармиву ҳисориву...ӣ мардуми ғурурманданд, аммо агар аз он ғурури бемаънии маҳаллӣ ҳадди ақалл 10%-ашро бар ғурури Миллӣ тавъам мекарданд, Тоҷик на дар дохили кишвар хор мешуду на дар Русия ч(у)мо...
Хеле сахт гуфтам? Худам ҳам дарк кардам, андаке гузаронидам. Аммо касе бояд инро мегуфт, ки ман ҳам гуфтам. Мо Метавонем!
PS: Қариб фаромӯш шуд: Ғурури маҳаллӣ дар санъату адабиёти мо онгуна рушд кардааст, ки дар суруду шеъру тарона, мабодо номи Хатлон омад, бояд оҷилан дар мисраъи дуввум Зарафшону Суғду Бадахшон қофия гардад ва баракс! Вагарна... Вагарна чӣ мешавад, худамон медонем; Ғурури маҳаллии мо поймол мегардаду адиб ё санъаткор душмани м(аҳал)иллат...

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter