ХАБАРИ ДОҒ

Ҳусейн-писари 3-уми Қурбони Чол даргузашт

  • Душанбе, Июл 17 2017


Тавре расонаҳои хабарии интернетӣ менависанд, Ҳусейн Чолови 29-сола, писари сеюми Қурбони Чол-фармондеҳи маъруфи замони ҷанги шаҳрвандӣ, 8.07.2017 дар 1 садамаи нақлиётӣ дар ш.Душанбе фавтид. Ҷанозаи ӯро худи ҳамон рӯз дар зодгоҳаш, дар 1 қабристони ш.Кӯлоб, паҳлӯи қабри падараш ба хок супурдаанд. Тибқи манобеъи хабарӣ, Ҳусейн дар ш.Душанбе мезист ва бо мошини «Лексус”-аш дучори садамаи нақлиётӣ шуд. Тафсилоти ин хабар ҳанӯз дастрас нест. Хабари ҳалокати ӯро ибтидо сомонаи www.hamsinf.com нашр кард, вале гуфт, сабаби марги писари фармондеҳи собиқ ҳанӯз рӯшан нест. Ҳусейн, инак 2-умин писари Қурбон Чолов аст, ки айни ҷавонӣ мефавтад. Хотиррасон мекунем, ки акаи ӯ Панҷшер Чолови 31-сола 7.12.2014, ҳамагӣ 1 моҳ баъди вафоти падараш дар Душанбе ба таври ногаҳонӣ аз олам чашм пӯшида буд. Худи Қурбони Чол 5.11.2014 дар синни 54 бар асари фишори хун ва сактаи қалб даргузашт. Ҷанозаи ӯро дар зодгоҳаш шаҳри Кӯлоб дар оромгоҳи маҳаллаи «Қишлоқи тиллоӣ” ба хок супурда буданд.


Панҷшери Чол кӣ буд?
Панҷшер замони ахир (то замони марг), ба тиҷорат машғул буд ва маркази тиҷоратии “Панҷшер”-и назди бозори «Саховат»-и ш.Душанбе ба ӯ тааллуқ дошт. Бозори «Панҷшер», ки дар маҳдудаи рӯизаминии собиқ бозори Саховат сохта шуда буд, аз муосиртарин бозорҳои Тоҷикистони баъдиистиқлол буду ҳаст. Ин маркази тиҷоратӣ, ё худ бозор, хеле васеъ буда, дорои дӯкону фурӯшгоҳ, супермаркетҳои замонавӣ, ошхонаҳои ҷадид аст. Роҷеъ ба ин бозор хеле сару садоҳо зиёд буданд, ки фарзандони элитаи сиёсӣ бо ҳар роҳу восита мехостанд онро харанд, ё аз худ созанд, аммо бародарон Чоловҳо ба ин монеа мегузоштанд. Акнун дигар сарнавишти ин бозор номаълум мемонад… Ва низ овозаҳое имрӯз байни мардум мечархад, ки гӯиё солҳои наздик бозорро бар тибқи Генплан чаппа мекунанд ва ҷояш парк месозанд.


Панҷшер аз чӣ мурд?
Наздикони Панҷшер дар сӯҳбат ба расонаҳо гуфта буданд, ки ӯ пас аз марги падараш гирифтори бемории мармуз шуда, дар назди табибон табобат мегирифт. Вале мегуфтанд онҳо, бемориаш чандон вазнин ва нигаронкунанда набуд ва маргаш боиси ҳайронии аҳлу пайвандон шуда. Ин дар ҳолест, ки Панҷшер пас аз марги падари маъруфу номиаш-Қурбони Чол, ки писари нахустин ва эркаи қумандон будӣ, комилан аз зиндагӣ дилсард шуда буд. Мегӯянд, баъди сари падар, ӯ бештари вақти худро дар танҳоӣ мегузаронд ва хеле зиқ буд.
Исми Панҷшер дар тӯли умри кӯтоҳи худ ҳамагӣ 1 бор, санаи 26.11.2013 расонаӣ шуд. Ин ҳам вақте ки тасодуфан 1 пиёдагардро зада буд. Захми он пиёдагард чандон сахт набуду зуд сиҳҳат ёфт. Вале Панҷшери Чол тамомии пардохти ӯро ба гардан гирифт ва дар назди хабарнигорони ТВТ мардона иқрор карда буд, ки он соати наҳс каме сархуш буду ногаҳон ин пиёдагардро зер кардааст. Бо ин ҳама ӯ ҷарима баста шуд ва озод гардид.
Панҷшер, мисли падараш Қурбони Чол, дар ш.Душанбе вафот кард ва ҷасадашро ба шаҳри Кӯлоб бурдаву паҳлӯи падараш-Қурбони Чоле, ки ҳанӯз худоии чилашро нагирифтаанд, ба хок супориданд.


Фавти Қурбони Чол
Ҳарчанд Қурбони Чол-маъруфтарин ва машҳуртарин чеҳраи ҷанги граждании Тоҷикистон дар солҳои 1992-97 замони ахир бемории вазнин дошт, аммо маргаш мисли тундар дар ҳавои соф садо дода буд. Қурбони Чол, ки аз авторитетҳои шаҳри криминалитарини собиқ РСС Тоҷикистон дар солҳои шӯравӣ буд, 33 рӯз пештарак аз писараш-Панҷшер, дар таърихи 5.11.2014 дар синни 54 аз дунё гузашт. Баъдан гуфта шуд, ки Қурбон борҳо ҷарроҳӣ шудаву ҳатто дар хориҷа дили сунъӣ гузошта будааст…ки ин иддао бештар ба овоза шабеҳ буд, ки ба ҳақиқат наздик бошад.


Қурбони Чол кӣ буд?
Қурбони Чол яке аз асосгузорон ва чеҳраи номдортарини Фронти халқии Кӯлоб буд, ки дар сари кор овардани ҳукумати конститутсионӣ нақши бориз дошт. Тавре Қувваталӣ Муродов-раҳбари бахши тиббии Фронти Халқӣ дар суҳбат бо расонаҳои хориҷӣ гуфтааст, ки бо Чоловҳо бори аввал зимистони соли 1993 дар Қӯрғонтеппа дучор омад ва он замон аслан ҳарфи аввалро дар ин оила падарашон мезад: “Худи Қурбон 1 ҷавони боғайрату ҷасур ва бомаънӣ буд. Гуруҳи ӯ аз Ургутмаҳаллаи Қӯрғонтеппа гирифта, то Колхозободу Ҷиликӯл ҷангида буд. Ӯ ба Панҷ нарафт. Масъулияти Панҷ ба зиммаи бародараш Султон буд.”
Хонандаи закӣ ва узви Ихвон ал СССР медонад, ки дар солҳои ин ҷанг ва пас аз он низ разборкаҳои криминалӣ ва баҳсу кашмакашҳои милливу маҳаллӣ ва территориявӣ зиёд мешуданд. Ва ҳар гоҳе, ки ин баҳсҳо то задухурд мекашиданд, қумандонҳо ва ҳукуматдорон аз Қурбони Чол хоҳиш мекарданд, ки ба баҳс нуқтаи таммат гузорад. Омадани Қурбону бародаронаш кофӣ буд, ки дилхоҳ баҳс ҳаллу фасл шавад. Боризтарин разборкаи Чол бо Маҳмуд Худойбердиев дар шаҳри Қурғонтеппа рух дода буд, ки полковники саркаш-Маҳмуд, дар соли 1994-95 мехост, Қурғонтеппаро ҷудо кардаву ба Ӯзбакистон қӯш созад (ин гирудор баъди сари Сангак Сафарови номӣ матраҳ мешуд. Дар зиндагонии Сангак Маҳмуд куҷо дилу гурдае дошт, ки зидди дед барояд?).
Он замон, кор қариб ба ҷанги дохилии Фронти халқӣ мекашид, вале бар тибқи шаҳодати шоҳидон, бародарон Чоловҳо ба Қурғонтеппа омада, ба масале «алови чашми Маҳмудро гирифтанд» ва ӯ чанд сол хомӯш шудаву танҳо соли 1997-98, ки Чолҳо аз мақомот дур шуданд, аз худ дарак дода буд, ки тамоман қиссаи дигар аст… Ва аммо бархе аз разборҳои Чоловҳо бо аҳолии худи шаҳри Кӯлоб, ба вежа дахолати онҳо ба маъракаи интихоботии Султон Қуввати номӣ, нуфузи онҳоро дар миёни аҳолии сарбаланди Кӯлоб коста сохта буд.


Султони Чол-рамзи  ҷанги гражданӣ
Дар бораи биографияи Султони Чол бошад, Раҷабмурод Акрамзода-собиқ омӯзгори мактаби №29-и деҳаи Чойхонаи н.Ёвон, дар яке аз шумораҳои газетаи мардумии СССР бо чанд мисраъ шеър навишта буд:
Султон шаҳидай, чашмони Султон шоҳидай,
Қомати базеб миҷгони Султон шоҳидай.
Ӯ ҷони ширин фидо намуд баҳри Ватан,
Орзуву амоли ҷони Султон шоҳидай.
Султони Чол 20.10.1962 дар кӯч.Гагарини (ҳоло Абдулло Мӯсо) ш.Кӯлоб таваллуд ёфтааст. Ӯ хатмкардаи мактаби №1 ш.Кӯлоб аст. Султони Чол дар мактаб бо баҳои хубу аъло мехонд ва ба дарсҳои таърих, адабиёт ва тайёрии ҳарбию тарбияи ҷисмонӣ шавқи бештар дошт. Ӯ ҷавони ватандӯст буд. Қаҳрамониҳои Рустаму Сӯҳроб, Сиёвуш, Шерак, Темурмалику Восеъ ӯро дар рӯҳияи ватанпарварию нигоҳубини марзу хоки Ватан будан ба воя расонид. Баъди хатми мактаб соли 1985 ба Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ дохил шуда, соли 1990 онро хатм намуд. Чемпиони Кӯлоб, вилоят ва РСС Тоҷикистон оид ба бокс буд.


Султон амини «қаротегиниҳо»-и Панҷ
Султон дар таъмини амнияти ҷони даҳҳо ҳазор тоҷикони водии Қаротегину Дарвоз дар н.Панҷ саҳм гузоштааст. Дилхоҳ сокинони маҳаллӣ медонанд, ки агар Султон намебуд, онҳо зинда намемонданд! Ӯ ҳамзамон барои баргардонидани гурезаҳо аз хоки Афғонистон саҳмгузор буд. Аз соли 1994 то 1998 полковники Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон шуда кор кардааст. Султон ҳамагӣ 36 сол дошту соҳиби 4 фарзанд буд: Шамшер, Сарвиноз, Алишер ва Холисамоҳ. Ҳамсараш Гулшода низ ӯро бо тамоми ҳастиаш дӯст медошт ва дар симои ӯ бахти хонаводаашро медид… Мутаассифона, дар айни камолот марги нобаҳангом Султони ватандӯстро 2.08.1998 аз аҳли оилаву пайвандону ҷигарбандонаш ҷудо кард ва то ҳол сабаби марги ӯ фош нашудааст… Бархе марги ӯро бо заҳрпошӣ агар олуда медонистанд, зумрае мегуфтанд, ки муътод гардида буд ва бархе аз наздикон дар фавташ ҷодугарони маҳаллиро гунаҳкор дониста, теъдоде аз муллоҳои ҷодугари маҳаллиро сахт азият доданд. Воқеан ҳам, имрӯз, ба пиндори мо замоне расидааст, ки ин ҷодугаронро мисли Чоловҳо бояд дубора сахтакак ҷазо дод, то ба зиндагонии мардум камтар дахолат созанд. Яъне Чолҳо беҳтарин кор карданд, ки ҷодугаронро дафъ намуданд!!!


Раҳмони Чол-стротеги №1
Полковник Раҳмони Чол аз стротегҳои бародарон ва раиси ситодашон буд. Ӯ хеле нафари корозмуда ва соҳибдониш ҳам маҳсуб мерафт, ки чанд илми олӣ дорад. Раҳмони Чол вежагии дигаре ҳам дошт, ки хеле нафари миллӣ ва соҳибдониш буд. Ӯ аз нахустин қумандонҳои саҳроӣ шуд, ки макри ҷанги Тоҷиккушро дарёфт ва Тоҷиконро новобаста аз маҳаллу макони зист, бо 1 чашм дид ва ҷони садҳо ҳазор нафарро харид. Бо талошҳои ӯ фармондеҳони аршад ҷони ҳазорон Тоҷикони ба масал «қаротегинӣ»-ро ки тамағаи «вовчик» ҳамаашонро ҳадафи тир қарор медод, наҷот доданд! Имрӯз бояд ошкоро гуфт, ки агар Чоловҳо ва қумандон Шамолов намебуданд, турку арабҳои вилояти Қурғонтеппа шояд тоҷикеро зинда намегузоштанд. Мо медонем чӣ мегӯем. Мо Метавонем!


Сулаймон кӣ буд?
Бояд гуфт, ки санаи 5.03.2017 ҷасади Сулаймон Раҳмонзоди 21-соларо сокинони н.Восеъ ёфтанд. Ӯ писари Раҳмони Чол буд. Яке аз наздиконаш гуфта буд, ки Сулаймон гирифтори бемории рӯҳӣ буд ва 1 ҳафта пеш аз хона ғайб зад. Дар бораи марги ӯ Араби Дустмурод-сокини деҳаи Нонҷемас дар СССР гузориш дода буд. Худи Раҳмон бошад с.2016 бо гуноҳи қочоқи маводи мухаддир зиндонӣ шуд ва 2 рӯз пештар аз марги писараш-Сулаймон дар зиндон даргузашт.
Бародарон Чоловҳо чанд нафаранд?
Дар шаҳри Кӯлоб Чоловҳо баъди ҷанг хеле маъруф шуданд. Ҳарчанд то ҷанг ҳаёти оддӣ ва фақиронае дошта будаанд. Падари хонавода, Аҳмад Чолов буд,  ки 9 писар дошт: Қурбон, Султон, Раҳмон, Давлат, Сулаймон, Кишвар, Фирдавс, Файз ва Ҷавҳар. Ин оилаи бузург аз маъруфтарин хонаводаи қумондонҳои ҷанги шаҳрвандианд, ки чанд соли ахир комилан нуфузи худро аз даст дода, аз саҳнаи сиёсӣ дур шудаанд. Аҳмади Чол (падарашон), Султон ва Қурбон Чолов бандагиро хатм карданд. Панҷшер, Раҳмон, Ҳусейн ва Сулаймон низ бо онҳо пайваст, ки ҷумлагиро Худо биомурзад ва раҳмат кунад. Фирдавси Чол, ки зиндонӣ буд, баъди фавти бародараш Қурбон, тибқи Қонуни афв озод шуд. Давлати Чол-бародари дигар ва ҳамакнун аз ҳама маъруфи Чоловҳо ин лаҳзаҳо зиндонист ва парвандааш дар бастагӣ ба ҷалби ҷавонони кӯлобӣ ба ҷиҳоди Сурия баррасӣ мешавад. Дигар бародарони Чоловҳо ҳамакнун бо тиҷорат машғуланд.


...Оила намунавӣ набуд!
Вале бо ин ҳама наметавон гуфт, ки ин оилаи намунавӣ буд. Дар ин миён бархе аз намояндагони ин сулола ба таъбири маъруфи он давру замона ба беспределӣ даст мезаданд, ки муҳаббати сокинони Кӯлобро дар нисбат ба онҳо коҳиш медод. Афроди шӯрапуште, ки атрофи ин хонавода ҷамъ шуда буданд, низ ба бетартибиву бенизомӣ даст мезаданд, ки дар ҷамъ ангушти таъкид сари Чоловҳо мерафт. Вале бо ин ҳама аксарият шоҳиданд, ки худи Қурбони Чол-сарвари ин фамилия, ягон бор, ягон нафарро сақат нагуфтааст, таҳдиду таҳқир насохтааст. Ба пиндори 1 нафари хеле зирак, «Қурбони Чол охирин намояндаи сулолаи мафияи Ситсилия дар Амрико-Дон Карлеониро ба хотир меовард, ки мутаассуф ё хушбахтона даврони онҳо пушти сар шуда рафт»…


Шаҳрзоди Амин,
СССР

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter