ХАБАРИ ДОҒ

4 бародари Гулмурод кушта шуд

  • Душанбе, Июл 17 2017


Дар задухӯрди шоми 4.07.2017, дар деҳаи Ибрати ҷамоати Тугараки н.Восеъ, дар паҳлуи кӯҳи намаки Хоҷамӯъмин аз наздикони собиқ сардори ОМОНи ВКД ҶТ, полковники фирорӣ Гулмурод Ҳалимов 4 нафар ва ҳамсояи онҳо (ҳамагӣ сокинони деҳаи Дараи Фонии н.Варзоб) кушта шуда, сеи дигар дастгир шудаанд. Ба гуфтаи манобеъ, ин 4 ҷасад ҳоло дар сардхонаи бемористони ш.Кӯлоб қарор доранд. Дар задухӯрд бо наздикони Гулмурод, Анвар Ҳусейнов-муовини сардори раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккилонаи вазорати дохила (УБОП) захмӣ шудааст. Гуфта мешавад, яке аз фирориён Анварро бо корд аз дасташ маҷрӯҳ кардааст. Вале Бойназар Тағоев, сардухтури бемористони марказии н.Восеъ ба нашрияи "Пайк" гуфтааст, ҷароҳати Анвар вазнин нест ва бе мушкил сӯҳбат мекунад.
Ин 7 тан аз наздикони Гулмурод бо раҳбарии бародари 53-солааш Султонмурод Ҳалимов, ки қасди фирор ба Афғонистонро доштанд, нирӯҳои УБОП аз Душанбе ба таъқиби онҳо пардохта, ин гурӯҳро нимаи дуюми 4 июл, дар наздикии деҳаи Ибрат қапидаанд. Султонмурод то пайвастани бародараш ба гурӯҳи “Давлати исломӣ”, дар мактаби деҳаи Дараи Фонӣ омӯзгор буд. Сокинони Ибрат гуфтаанд, соатҳои байни 4-у 5-и рӯз ҳудуди 10-15 дақиқа садои тирпарониро шунидаанд. 3 тан аз наздикони боздоштшудаи Ҳалимов дар бозпурсиҳои аввал гуфтаанд, баъди боздошти писари Гулмурод ва аз Русия овардани бародарзодаи дигараш онҳо ба хулосае омадаанд, ки низ дастгир хоҳанд шуд ва ба ин сабаб хостаанд аз Тоҷикистон гурезанд. Яке аз онҳо гуфтааст, азбаски дар фурудгоҳу гузаргоҳҳои марзӣ онҳоро метавонистанд биқапанд, маслиҳат ин шудааст, ки пинҳонӣ аз минтақаи Чубеки н.Ҳамадонӣ ба Давлати Исломии Афғонистон гузаранд. Мақомот ҳоло тафтиш доранд, ки оё наздикони Ҳалимов дар Афғонистон қасди пайвастан ба ягон гурӯҳи тундрав, аз ҷумла, ДОИШ-ро доштанд? Асли волидони Гулмурод Ҳалимов аз н.Восеъ мебошанд ва дар ин ҷо хешу табори зиёд доштанд. Эҳтимол меравад, ки онҳо дар роҳ ба сӯи марз дар хонаҳои хешу табори худ паноҳ бурда бошанд. Ба назар мерасад, аз хонаводаи Гулмурод танҳо 1 нафар Саидмурод Ҳалимов, ки дар Раёсати маҳбасҳои Вазорати адлияи ҶТ кор мекунад.
Наздикони Гулмурод бедарак шудани 4 бародари ӯ-Назир, Комил, Фозил ва Султонмуродро тасдиқ карда, аммо гуфтаанд, ки то ҳол дар бораи кушта шудан ё дар чӣ вазъ будани онҳо хабар надоранд. Абдусалим Ҳалимов-падари Гулмурод ба расонаҳои хабарӣ гуфтааст, ки онҳо субҳи сешанбе гӯё барои кор ба н.Ҳисор рафта, дигар барнагаштанд. "Хеле вақт бекор буданд. Гуфтанд, ки дар н.Ҳисор ҷои кор ёфтаанд ва баъд аз анҷоми кор бармегарданд. Лекин то ҳол занг назадаанд ва даракашон нест". Ба қавли Абдусалом Ҳалимов, 1 гурӯҳ аз нирӯҳои интизомӣ манзилашонро дар Дараи Фонӣ кофтукоб карда, дар бораи тамоси онҳо бо Гулмурод Ҳалимов низ савол додаанд.


Исми кушташудаҳо:
1.Фозил Ҳалимов
2. Султон Ҳалимов
3. Афзал Абдурашидов (бародарзодаи Ҳалимов - фарзанди Хурсанд Ҳалимов)
4. Наим Раҳмонов-ҳамсояи Ҳалимовҳо (додарарӯси Саидмурод Ҳалимов)
Исми дастгиршудаҳо:
1.Алӣ Ҳалимов (писари Султонмурод Ҳалимов)
2.Комил Ҳалимов
3.Назир Ҳалимов.


Наим Раҳмонови 29-сола, ки манобеи расмӣ “роҳбалади” ин гурӯҳи 7-нафарӣ унвон мекунанд, аз нафароне будааст, ки бо наздикони Ҳалимов пас аз пайвастани ӯ ба ДИИШ риштаи дӯстиро наканда будааст. Раъно-модари Наим, 7 июл ба Радиои Озодӣ гуфтааст, ки аз сарнавишти писараш хабар надорад. Ӯ дар гӯристони марказии ш.Душанбе санги мазор метарошид ва ба гуфтаи наздикон он рӯз аз ҷои кораш бо бародару додарзодаҳои Гулмурод ҳамроҳ шудааст. Ба қавли очаи Наим, “саҳари сешанбе аз хона дуо гирифта, ба кор баромада рафт. Аз онҳо дигар хабар нест ва ягон иттилои дақиқ ҳам надорам. Қишлоқро Гулмурод Ҳалимов вайрон кард. Дар қабристони русҳо ҳамроҳи бародараш кор мекард. 4 июл то соати 11 дар қабристон кор карда ва аз бародараш иҷозат мегирад, ки ба хона равад. Вале баъдан ӯро надидем. Бародарони Ҳалимов дар куҷое будаанд, ки ӯро гирифта ҳамроҳи худ бурдаанд. Дирӯз хабар оварданд, ки дар Восеъ 3 бародари Гулмуродро паррондаанд, аммо дар бораи Наим ягон чиз нагуфтанд”. Наим соҳиби 2 фарзанд аст. Муродалии 87-сола, падари Наим аз кушта шудани чанд нафар дар задухӯрд дар Восеъ хабар дорад, вале намедонад, писараш дар миёни кушташудаҳост ва ё боздоштшудаҳо: “Имрӯз 5 рӯз мешавад, ки меноламу намедонам ӯ дар куҷост. Шаби сешанбе милисаи зиёд омада, хонаву оғил ва ошхонаро кофтанд. Пурсидам, ки чӣ мекобед? Боз саҳари чоршанбе омада, дубора хонаҳоро кофтанд, рақами шиносномаҳоро гирифта рафтанд. Бо умед нишастаем. Аз рӯи ҳамин шуда 1 бародарашро, ки дар ГЭСи Варзоб кор мекард ва бояд рӯзҳои наздик вазифаи баландтар мегирифт, аз кор озод карданд”.

7 нафар дар 1 Старекс
1 нафар шоҳиди амалиёти боздошт дар н.Восеъ гуфтааст, ки хешовандони Гулмурод савори 1 микроавтобуси "Старекс” буданд: "Дар назди деҳаи Ибрат онҳо аз "Старекс” фаромаданд ва ҳамин лаҳза 2 мошини дигар пайдо шуд, ки саворонаш дар даст силоҳ, вале дар дар тан либоси мулкӣ доштанд. Мо аввал ҳатто нафаҳмидем, ки онҳо милисаанд. Баъди каме таъқиби мусофирони "Старекс” тирпарронӣ сар шуд. Мисли дар филмҳо.”
Инчунин яке аз афсарони милиса, ки дар амалиёти боздошти хешовандони Гулмурод дар Восеъ ширкат кардааст, гуфтааст, маъмурони УБОПи ш.Душанбе аз қасди ба Афғонистон рафтани хешовандони Ҳалимов огоҳ шуда, аз Душанбе ба таъқиби онҳо пардохтаанд ва танҳо дар назди деҳаи Ибрат пайдо кардаанд: "Чанд бор онҳоро огоҳ кардем, ки ихтиёран таслим шаванд ва ба ҳаво тирҳои огоҳикунанда паррондем. Вале вақте Султонмурод Ҳалимов бо корд ба Анвар Ҳусейнов ҳамла оварда, ӯро захмӣ кард, маҷбур даст ба силоҳ бурдем.”
Хабари фирор ва задухӯрд бо наздикони Ҳалимов дар н.Восеъ дар ҳолест, ки ҳафтаи гузашта 1 бародарзодаи Гулмуродро аз ноҳияи Тахтамуқайи ҷумҳурии Адигеяи Русия ба Душанбе оварданд ва ҳоло дар суд муҳокимаи делои писари 18-солааш Беҳрӯзи Гулмурод, ки моҳи апрел баъди харидани чиптаи парвоз ба Маскав дастгир шуд, идома дорад.
1 манбаъ аз мақомоти интизомӣ ба расонаҳои хабарӣ гуфтааст, Насим Раҳматов- аз хешони дур ва ҳамдеҳаи Гулмурод зоҳиран бо 1 узви гурӯҳи “Давлати исломӣ” дар Афғонистон робита доштааст ва хешовандону ҳамсоягони фармондеҳи фирориро ба кишвари ҳамсоя ҳидоят кардааст. Тамос бо ин фардро Ф.Ҳалимов-бародарзодаи Ҳалимов, ки дар Адигея боздошт ва ба Тоҷикистон истирдод шуд, барқарор кардааст. Гуфта мешуд, ки бар зидди Ф.Ҳалимов дар Тоҷикистон бар асоси моддаи 401-уми Кодекси ҷиноӣ бо иттиҳоми зархаридӣ делои ҷиноятӣ кушодаанд. Манобеи хабарӣ мегӯянд, боздошти Ф.Ҳалимов дар пайи боздошту бозпурсии Беҳрӯз-писари 18-солаи Гулмурод дар моҳи апрел муяссар шудааст: "Пас аз боздошти писари Гулмурод Ҳалимов маълум шуд, ки яке аз тарғибгарони ҷалби ӯ ба сафи гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ” маҳз ҳамин бачаи амакаш будааст, ки бо номҳои гуногун бо ӯ тамос мегирад. Ҳарчанд, бачаи Ҳалимов бо дигар дӯстони падараш низ дар тамос будааст. Ҳоло кирдорҳои ӯро тафтишот баррасӣ мекунад."
Идораи ФСБ-Хадамоти федеролии амнияти Русия дар Адигеяи кишвари Краснодар 12 май хабар дода буд, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ин ҷумҳурӣ яке аз хешовандони полковник Гулмурод Ҳалимов-фармондеҳи собиқи ОМОН-воҳиди махсуси ВКД ҶТро, ки 2 сол пеш ба сафи созмони тундрави ДИИШ пайваст, дастгир кардаанд. Гуфта мешуд, ки ба зидди ӯ бар асоси моддаи 205-уми Кодекси ҷиноятии Русия бо иттиҳоми мусоидат ба фаъолиятҳои террористӣ делои ҷиноятӣ кушодаанд. Маркази матбуоти ФСБ-и ҷумҳурии Адигея гуфт, ки хешованди Гулмурод намозгузорони 1 масҷид дар н.Тахтамуқайро ба ҷанг дар сафи ДОИШ даъват мекард. Дар телефонҳои мобилии ин мард маводи таблиғотӣ ва ҳамчунин маълумоте ёфт шудааст, ки аз қасди худи ӯ барои сафар ба Туркия дарак медоданд.

Гулмурод Ҳалимов кист?
Гулмурод Ҳалимов соли 1975 дар Дараи Фонии н.Варзоб ба дунё омада, замони ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон, ки "боевик” шудан мӯд буд, ба Горди президентӣ пайваст ва баъди таҳсилу тамрин дар Амрикову Русия то мақоми фармондеҳи ОМОН расид. Гулмурод, ки дар мактабҳои махсуси Русияву Амрико тамрин гирифтааст, дар моҳи апрели с.2015 ғайб зад ва моҳи майи ҳамон сол бо нашри 1 видео дар Интернет хабар дод, ки дар Ховари Миёна аст ва ба сафи созмони тундрави ИГИЛ пайвастааст. 2 моҳ пеш маҷаллаи маъруфи “Таймс” бо такя ба қавли манобеаш аз кушта шудани Гулмурод хабар дод, вале мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ки ин иттилоъ то ҳол тасдиқ нашудааст. Вале сомонаи хабарии www.akhbor.com бо такя ба сарчашмаҳои хабарии худ дар мақомоти интизомии Тоҷикистон навиштааст, ки ҳаракатҳои ахири хешовандони Гулмурод мақомоти Душанберо ба хулосае овардааст, ки ин фармондеҳи созмони тундрави ДИИШ ғолибан зинда аст ва хешовандонашро раҳнамоӣ мекунад: "Талоши ба Русия ва аз онҷо ба Сурия ё Ироқ рафтани писараш Беҳрӯз, боздошти бародарзодааш дар Адигея ва кушта шудани 4 тан аз наздиконаш ва боздошти сеи дигари онҳо дар роҳи сафар ба Афғонистон нишон медиҳанд, ки Гулмурод худаш ин ҳаракатҳои хешовандонашро раҳбарӣ ва раҳнамоӣ мекард. Маълум аст, ки ДОИШ баъди шикастҳои пайдарпай дар Ироқу Сурия нақша дорад, то ҷабҳаҳои ҷангашро ба манотиқи дигар кӯчонад. Осиёи Марказӣ яке аз чунин самтҳост барои ин гурӯҳи террористӣ ва ба ин мақсад дер боз ҷангҷӯёнашро аз Сурияву Ироқ ба Афғонистон интиқол дода истодааст. Маълумоте ҳаст, ки Гулмуродро низ мехоҳанд ба Афғонистон партоянд, то аз инҷо амалиётҳои ДОИШ-ро ба Осиёи Марказӣ кӯчонад. Хешу таборашро шояд ба ин хотир ба Афғонистон даъват карда буд.”
Гулмурод аз 2 занаш 8 фарзанд дошт. Ҳамсари дуюми ӯ Ҳумайро Мирова-сухангӯи собиқи Хадамоти гумруки Тоҷикистон бо 4 фарзандаш дар с.2015 чанд моҳ баъд аз фирори Ҳалимов низ тарки Тоҷикистон кард, ки бо ӯ дар Сурия ё Ироқ бипайвандад. Аммо модари Беҳрӯз Назокат Муродова бо 4 фарзандаш дар Дараи Фонӣ монд ва ба гуфтаи наздиконаш, аз ҳисоби фурӯхтани молҳое, ки писари калониаш Беҳрӯз аз бозори "Корвон” харида меовард, рӯз мегузаронд.

СССР

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter