ХАБАРИ ДОҒ


1 бародари бисёр гиромӣ ва басо мардонаи мо, ҷавоне, ки бо даъвати СССР мардонавор бархоставу 5 сол қабл аз паси курсии Донишгоҳи тибб озими Армия шуда буд, ин даъват навиштааст, ки чигуна метавон Тоҷикеро дӯст дошт, ки тарсуву бехирад аст ва Ватанашро дӯст намедорад ва ғ. ва ҳ. Ман ӯро мефаҳмам, хонанда. Зеро то ҷое ҳаққ ҳам ҳаст. Вале сухан сари дӯст доштани индивид нест. Гап сари дӯстдории Миллат меравад! Миллатро метавон бо фардҳои алоҳида, мисли Шераку Спитамен, Катану Рустам, Абӯмуслиму Темурмалик дӯст дошт? Ва ё бо чеҳраҳои алоҳида метавон бад дид? Фарз кардем, ки рустамҳо намедоштем, пас Миллатро дӯст намедоштем? Ва ё билфарзе кардем, аксарият мисли дигар ақвоми гирду наздик бадчеҳраву сияҳдил мешудем, магар Миллатро метавон бад дид?! Фикр мекунам, ки на! Муғулҳо Миллаташонро бо ҳамон Чингизхону бархе ҳатто бо Темури Ланг дӯст медоранд, ки нӯшашон бод!
Миллату Модар, Ватану Падарро интихоб намекунанд. Агар мутаваҷҷеҳ шудаӣ, Худо ҳатто дар мазҳабу динҳо имконияти интихобамон додааст, вале дар интихоби Ватану Миллат на! Аз ҳаммиллат метавон рӯ тофт. Вале аз Миллат на. Бар ҳамдиёр метавон пушт гардонид, вале бар Диёр на! Диёр гуфта Ватанро дар назар дорам! Вале ҳатто ҳамин пушттобиву рӯгардонӣ низ бояд дар чорчӯбаи дохилимиллӣ бошад! Зеро бадар гардид, моли ақвоми ғайр мешавад ва обрӯи Миллатро мерезонад.
Вақте ки бори нахуст озими Шветсия гардида будам, маро ҳушдор-памяткаи овезаи меҳмонхона мутаҳаййир карда буд, ки мегуфт:
-Танқиди Шветсия сирф имтиёзи шведҳост!
Яъне метавон гуфт, ки Шветсия давлати хубе нест, демократия надорад, фарҳангаш паст аст ва ғ. ва ҳ. Вале ба 1 шарт: Агар ту швед бошӣ! Вале ту Тоҷику ӯзбеку русу англисӣ…пас пеши швед ин суханонро нагӯ, ки муште бар даҳону зонуе бар паси сарат хоҳӣ хӯрд!
Ана ҳамин аст, демократияи Ватандорӣ ва Миллӣ. А, дар мо чӣ? Агар дилхоҳ шведу русу ӯзбеку гурҷиву англису амрикоӣ гӯяд, ки Тоҷикон фарҳанги паст доранду аз маданияти шаҳрнишинӣ ориянд, аз даҳонамон кафк резондаву визавиро ҷонибдорӣ мекунем ва ба далелҳояш факт замм менамоем. Наменамоем? Менамоем! Еще как менамоем! Бехабар аз он ки обрӯи миллат, ки рехт, мо барвақт беобрӯ гардидаем…
Чӣ хел фаҳмонам; обрӯи миллатро ақаллан мисли обрӯи ягон хеши дур ҳифз бояд кард. Зеро Тоҷикон воқеан ҳам фарҳанги ҳифзи обрӯ доранд. Ба гунаи мисол, агар ягон хеши дуру наздикамон мурд, мариз шуд, ба ягон проблемае дармонд, ҳатман аз 4 гӯшаи олам хешу табор ҷамъ шуда, бо ин иддао, ки «обрӯ мерезад!», гӯру чӯби баобрӯяш мекунем, доруву дармонаш мехарем, мушкилашро бо ҳар роҳу восита ҳаллу фасл мекунем. Хуб ҳам мекунем! Вале агар мо дар бастагӣ ба Миллати хеш ҳам ҳамин бархӯрдро медоштем, бовар кун, хонанда, кайҳо Тоҷик фахри оламиён мегардид!!!
Муносиботи хешутабории мо-ориёиҳо аз Авасто маншаъ мегирад. Агар нахондаед онро, бок нест, вале агар варақ занед, хубтар аст. Китоб барои хондан аст. Авасто маданияти табордорӣ ва арҷгузорӣ аз русумро барои мо муаррифӣ мекард. Вале мутаассифона, имрӯз китобе нест, ки дастури Миллатдории мо-Тоҷикон буда бошад. Мо ҳатто «Тоҷикон»-и Ғафуровро намехонем.
Воқеан ҳам дар бораи китоб. Агар асарҳои адибони моро хонед, қаҳрамон зодаи маҳалли автор аст. Ин бадбахтии миллист. Вале моро хуш меояд, ки бачаҳои СССР ин таоруфи бадро хатм кардаанд. Аҳмади Иброҳими мо, ки соле қабл китоби навбатии худро муаррифӣ кард, дар бораи қаҳрамонии суғдиписарону бохтариёни аҳди қадим сухан мекунад. «Рӯди пурхун»-китоби нави Аҳмад, ки давоми мантиқии «Спитамен» аст, корзорҳои бобоҳои моро бо Искандари ғосиби мақдунӣ тавре нишон медиҳад, ки аз Тоҷик буданат фахр хоҳӣ кард, хонанда!!!
Мо, ки имрӯз рӯ ба Ғарбем, маданияти миллатпарастиро аз ишон бояд омӯзем. Барои мо дарси беҳтарини миллатпарвардагии аврупоӣ Ҷоми конфедератсияи футбол дар Русия буда метавонист, ки ин ҳафта хатм шуд. Дидед, ки чигуна мардум Суруди Миллӣ хондаву парчами Давлаташонро ҳатто дар сару рӯи худ ҳаккокӣ карда буданд. Ба ун чеҳраҳо ҳатман таваҷҷӯҳ кун, хонанда ва дарк намо, ки ин чеҳраҳо ҳич гоҳ хиёнат ба Миллату Давлати худ нахоҳанд кард ва ҳалолашон бод! Чеҳраҳои ману ту низ бояд бо ранги миллӣ, қалбҳоямон бо фахри миллӣ ва майнаҳоямон бо муҳаббати миллӣ моломолу лабрез бошад ва танҳо дар ин сурат Мо Метавонем! Метавонем, ки ҷурми ҳамдигариро набинем ва Тоҷикро просто так, барои Тоҷик буданаш дӯст дорему парастем!!! Мо Метавонем!!!

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter