ХАБАРИ ДОҒ

Нишасти изтирорӣ безарар буд

  • Панҷшанбе, Июл 20 2017


Прокуратураи нақлиёти Тоҷикистон мақолаи «Нишасти изтирории ҳавопаймои «Тоҷик-Эйр» дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Хуҷанд» (СССР, №11(444), 16.03.2017)-ро мавриди баррасӣ қарор дод ва муайян шуд, ки санаи 9.03.2017, соати 19-05 дақиқа тибқи ҷадвали тасдиқшуда, аз Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд ҳавопаймои тамғаи «Боинг 737-300», бо хатсайри №645 самти «Хуҷанд-Тарас-Домодедово», аз ҷониби ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик эйр» бо 149 мусофир, аз ҷумла, 9 ҳайати сарнишин, 103 нафар мард, 21 нафар зан, 9 нафар кӯдаки то 12 сола ва 7 тифли то 5 сола парвоз кард. Тахмин, соати 19-50 дақиқа ҳавопаймо бо мақсади таъмини сӯзишворӣ ба Фурудгоҳи байналмилалии «Тарас»-и Қазоқистон нишаст. Аз ҷониби кормандони фурудгоҳ ба ҳавопаймо хизматҳои аэродромӣ расонида, дар 1 вақт 10 тонна сӯзишвории дигар ба он пур карда шуд. Пас аз ин, соати 21-05 дақиқа бо иҷозати кормандони фурудгоҳ ҳавопаймо бо мақсади идома додани парвоз ба ҳаракат даромад. Ҳангоми ҷудо шудан аз замин ҳайати сарнишинон садои шубҳанокеро эҳсос карда, дарҳол сарнишини он-Ясинов Абдурашид Мусоевич ба муҳандиси ҳавопаймо Маҳмудҷонов Ҷовид супориш медиҳад, ки аз ҷои махсуси ҳавопаймо қисми берунии онро дида барояд. Ҷовид қисми беруни ҳавопайморо аз дари махсус дида, муайян мекунад, ки чархҳои тарафи рости ҳавопаймо корношоям шудаанд ва фавран ба сарнишин маълумот медиҳад. Аз ин рӯ, ба ҳайати сарнишинон зарурат ба миён меояд, ки бозпас ба фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд баргарданд. Бо ин мақсад аз фурудгоҳи байналмилалии «Тарас» ба самти Хуҷанд парвоз карда, соати 21:50 дақиқа ба ҳудуди фазои ш.Хуҷанд омада, бинобар сӯзишвории зиёд доштани ҳавопаймо, ки дар чунин ҳолат ба замин нишастани он хатарнок аст, то соати 00-38 дақиқа дар ҳаво парвоз карда, мунтазам бо танзимгари фурудгоҳ дар алоқа буданд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вил.Суғд тамоми мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои низомӣ ва тандурустии вилоятро бо дигар шахсони масъул барои қабул кардани ҳавопаймо дар ҳолати садамавӣ тибқи ситоди фаврии вилоят дар фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд фавран ҷамъ овард. Баҳри рух надодани садама ва наҷот додани одамон хатти парвози нишасти ҳавопаймо зиёда аз 1300 метр маҳлули махсуси кафкунанда рӯйпуш карда шуда, ёрии таъҷилӣ, кормандони хадамоти оташнишонӣ, хизматчиёни кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофияи гражданӣ ва дигар шахсони масъул дар назди хати парвоз дар ҳолати омодабошӣ қарор доштанд. 10.03.2017, тахмин соати 00-38 дақиқа, пас аз харҷи миқдори зарурии сӯзишворӣ, сарнишинони ҳавопаймо дар ҳолати садамавӣ ба фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд нишастанд ва ҳама мусофирон, ҳайати сарнишинон бе ягон ҷароҳати ҷисмонӣ аз ҳавопаймо фароварда шуданд. Аз ҷониби кормандони прокуратураи нақлиёти Суғд фавран аввалин ҳаракатҳои санҷишӣ дар ҷои ҳодиса аз қабили гузаронидани азназаргузаронии ҳавопаймо, гирифтани баёноти ҳайати сарнишинони ҳавопаймо, мусофирони ҳавопаймо, кормандони масъули ширкати ҳавопаймоии ҶСК «Тоҷик Эйр», ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд», Филиали КВД «Тоҷикаэронавигатсия»… ба анҷом расонида шуд. Ҳангоми азназаргузарони ҳавопаймо муайян карда шуд, ки 2 чархи самти рости ҳавопаймо пурра корношоям шудааст.


Кишварзода А.Г., Прокурори нақлиёти Тоҷикистон, мушовири давлатии адлияи дараҷаи 3

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter