ХАБАРИ ДОҒ

Гюлен Ленин аст, ё Бен Ладен?

  • Душанбе, Июл 24 2017

Давлати Туркия бо тамомии масъулият бори табаддулоти давлатии соли 2016-ро, ки аз худ садҳо кушта бар ҷой гузошт, бар дӯши Фатҳулло Гюлен, хатмуттаҳсилони литсейҳои туркии ӯ ва шодихӯрдагонаш партофт. Ин дар ҳолест, ки литсейҳои туркии Гюлен то ҳанӯз дар Тоҷикистон (танҳо бо иваз кардани ном!!!) фаолият доранду муаллимин-шогирдони Гюлен дар онҳо дарс мегӯянд. Вазорати маориф ва илми ҶТ то ҳол фикр дорад, ки ин литсейҳо ҷавонони моро донишманд месозанд, ҳол он ки Президенти Туркия мегӯяд, ин литсейҳо Маркази омодасозии террористӣ буданд, ҳастанд ва хоҳанд монд...Чаро ҳушдори Давлати Туркияро Шӯрои Амнияти мо ба назар намегирад, суолест матраҳ ва бе посух. Мавзуъро пайгир мемонем. Мо метавонем!

ФЕТО ба Тоҷикистон хатар дорад!
Расо 1 сол қабл (15.07.2016) гурӯҳи мансуб ба Ташкилоти террористии Фатҳуллоҳ (ФЕТО), ки дар Қувваҳои мусаллаҳи Туркия реша давонда буд, нияти бо роҳи мусаллаҳона иваз намудани сохти қонунӣ ва демократии Ҷумҳурии Туркияро карда, даст ба табаддулоти ҳарбӣ зад. Ин террористҳо ба тарафи шаҳрвандоне, ки зидди ин табаддулот муқовимат нишон медоданд, бераҳмона оташ кушода, муассисаҳои асосии Туркия, хоса, Қасри президент ва Маҷлиси бузурги миллиро бомбаборон карданд. Иштирокчиёни табаддулот ба ин қаноат накарда, расонаҳои хабариро низ ишғол карданд. Кӯшиши табаддулоти хоинонаи 15 июл бузургтарин теракт дар таърихи Туркия хоҳад монд. Дар давоми кӯшиши ин табаддулот 250 шаҳрванд ҳалок ва беш аз 2000 нафар захм бардошт...

Гюлен-Масеҳ, пешво, дурӯя, Шайх Темур?...
Дар паси ин кӯшиши табаддулоти хунин қарор доштани Гюлен ва муридони ӯ ба ҳама маълум аст. Усулан Гюлен ба нисбат 1 Шайх Темури туркист, ки мардуми авом, вале гӯиё донишманд ва соҳиби дипломи литсейи Туркӣ ба домаш меафтад. Касе бовар надорад, ба вежа, кормандони амнияти кишвар, пеши дилхоҳ хатмуттаҳсили Литсейҳои туркӣ, даже, бо шӯхӣ дар ҳаққи Гюлен ҳарфе ноҷо гӯед: Онҳо ӯро чун Бен Ладен ва ё Абубакри Бағдодӣ ҳифз карда, бар даҳонатон 100 мушт хоҳанд зад!
Орзуи Фатҳуллоҳ-ата, ки солҳои охир дар Амрико ба сар мебарад, ба даст овардани ҳукумати Туркия ва тибқи ақидаҳои динии худ ташкил кардани Давлати исломӣ, пеш аз табаддулот ҳам сирри махфӣ набуд. Ӯ давоми чандин сол ба муридони худ амр медод, ки дар муассисаҳои муҳими давлатӣ ба монанди артиш, амният ва суд нуфуз пайдо намоянд. Пайравонаш ӯро Масеҳ шуморида, танҳо нисбати ӯ изҳори садоқат менамоянд, ба хотири манфиатҳои гурӯҳӣ худро ба ҳеҷ гуна қоидаҳои ҳуқуқӣ, динӣ ва ахлоқӣ вобаста намедонанд. Онҳо алоқамандии худро бо Гюлен махфӣ нигоҳ дошта, бе зери шубҳа мондан ба мақомҳои баланд дар муассисаҳои давлатӣ роҳ ёфта истодаанд. Ба истилоҳи дигар, ФЕТО, ки бар пояи усулҳои дурӯягӣ ва пинҳонкорӣ ташкил шудааст, намунаи нави ташкилоти террористист, ки онро ҷомеаи ҷаҳонӣ аллакай ҳамчун созмони террористӣ шинохтааст.
Ҳамакнун суоли матраҳ аст, ки «просто, ради интереса» муайян кунем, ки чанд тан аз хатмкунандагони Литсейҳои Гюлен дар Армия ва мақомоти Тоҷик кор мекунанд. Имрӯз аниқ куне(м)д, ки фардо дер нашавад! Мо метавонем!

Намояндагӣ дар 150 давлат ва 1000 парванда дар 1 сол
Дар аввалин солгарди табаддулот дар натиҷаи гузаронидани тафтишоти маъмурӣ, ҷиноӣ ва судӣ ба таври возеҳ муайян карда шуд, ки дар паси ин табаддулот киҳо истодаанд. То ҳол дар 23 шаҳр нисбати иштирокчиёни табаддулот 78 мурофиаи судӣ идома дорад. Кормандони прокуратура акнун зери ин табаддулот пайи панҷаҳои ФЕТОро хеле хуб дида истодаанд. Дар ин чаҳорчӯба, аён шуд, ки чандин хизматчиёни ҳарбии воломақом аз аъзои ФЕТО фармон мегирифтаанд. Иштирокчиёни табаддулоте, ки аз кирдори худ пушаймонанд, дар аъзо будани худ ба Ташкилоти террористии ФЕТО иқрор шуданд. Иловатан, мақомоти Туркия системаи иртиботии “Bylock” (Байлок)-ро, ки аз ҷониби аъзои ФЕТО истифода бурда мешуд, рамзкушоӣ карданд. Бо ҳамин, ҳамаи аъзои ФЕТО аз ҷониби мақомоти амниятӣ муайян карда шуданд. Дар давоми 1 соли сипаришуда нисбат ба дигар кирдорҳои ҷиноятии Ташкилоти террористии ФЕТО зиёда аз 1000 делои ҷиноӣ оғоз карда шуд ва дар ин делоҳо чеҳраи сиёҳи ин ташкилот ба таври возеҳ ошкор гардид.
Ташкилоти террористии ФЕТО имрӯз 1 навъ ташкилоти умумиҷаҳонист, ки бо мактабҳо, марказҳои таҳлилӣ, лоббиҳо, расонаҳои хабарӣ ва ширкатҳои худ тақрибан дар 150 кишвари ҷаҳон, барои ба даст овардани қудрат ва ҳокимият дар арсаи ҷаҳон талош мекунад. Табаддулоти ҳарбии Туркия баёнгари он аст, ки ин ташкилот чунин амалро дар ҳар кишваре, ки фаъолияти худро пеш мебарад, содир карда метавонад. Ҳукумати Туркия ба ҳамаи кишварҳои ҷаҳон тавсия медиҳад, ки нисбати ФЕТО эҳтиёткор бошанд ва нагузоранд, пайравони ин созмони террористӣ дар кишвар реша давонида фазоро ноором созанд.

Тарафдорони Гюлен кам шуданд, ё пинҳон?
Фотеҳ Қаҳрамон-котиби 1-уми сафорати Ҷумҳурии Туркия дар ҶТ рӯзи 14.07.2017 дар 1 нишасти хабарӣ дар Душанбе, ки ба 1-солагии табаддулоти нокоми давлатии Туркия бахшида шуда буд, таъкид намуд, ки Туркия бо мақомоти қудратии Тоҷикистон дар ҷодаи коҳиш додани тарафдорони ин созмони террористӣ ҳамкории зич доранд ва боз ҳам барои дар оянда пешгирӣ намудани ҳар гуна терактҳо аз ҷониби онҳо дар ҳудуди Тоҷикистон талошҳои муштарак хоҳанд анҷом дод. Чуноне ки Фотеҳ зикр намуд, дар табадуллоти 15.07.2016 дар Туркия шаҳрвандони Тоҷик ширкат надоштанд, аммо 1 нафар шаҳрванди Тоҷик бо ному насаби Тоҳир Саидзода, ки 26 сол доштааст, барои пуштибонӣ аз созмони ФЕТО ва амалҳои онҳо боздошт ва зиндонӣ шудааст. Тоҳир пас аз 8,5 моҳи зиндон моҳи гузашта ба Тоҷикистон баргардонида шуд ва дар Тоҷикистон озод мегардад. Мутмаинан бо ҳамақидаҳои хеш...

Литсейҳои туркиро Туркия баст, ё мо???
Пас аз табаддулот ва боздошти тарафдорони Гюлен ҳукумати Туркия аз давлатҳое, ки литсейҳои туркӣ доштанд, дархост намуд, онҳоро бубанданд. Дар Тоҷикистон низ 6 литсейи тоҷикиву туркӣ фаъолият менамуд, ки ҳоло номашро иваз намуда ба тобеияти Вазорати маориф ва илм ва Вазорати корҳои хориҷӣ вогузор шудааст. Ба ақидаи Фотеҳ, бо баста шудани ин литсейҳо теъдоди тарафдорони Тоҷики Гюлен ба маротиб кам шудааст... Аммо суоли матраҳ ин аст, ки дар литсейҳои номивазкардаи туркии Гюлен киҳо дарс мегӯянду кӯдакони мо чӣ сабақ мегиранд ва оё назорат аз рӯи онҳо ҳаст, ё на?

Исаев, ё Штирлиц?
Сиёсати Гюлен ва созмони ФЕТО дар он аст, ки пайравони хешро на дар муддати 4-5 сол, балки даҳсолаҳо ба воя расонида, омода мекунад ва баста шудану тағийри ном кардани литсейҳои тоҷикиву туркӣ маънои онро надорад, ки идеяҳои Гюлен дар мағз-мағзи толибилмони кӯчак нанишаста бошад. Хоса, вақте, ки дар Тоҷикистон танҳо номи ин муассисаҳоро иваз карданд, аммо системаи таълим ва худи омӯзгорони турк ҳамоно боқӣ мондаанду имрӯз низ ба фарзандони Тоҷик дарс мегӯянд. Чӣ мегӯянду чӣ меомӯзонанд, 100% маълум нест!!!
Ба ҷуз ин садҳо хатмкунандагони ин литсейҳо ва донишгоҳҳои Туркия, ки муассисаш маҳз Гюлен буду заминаи таълимоти устодонаш ҷорӣ кардани ақидаҳои ӯ, ҳоло дар Тоҷикистон умр ба сар бурда, аксарият дар вазоратҳои калидии кишвар ва созмонҳои бонуфуз фаъолият доранд. Касе наметавонад кафили он бошад, ки фардо маҳз ҳамин тарбиятгарон ва пайравони ФЕТОву Гюлен яке аз нахустинҳо шуда, сар бароранду нияти табаддулот накунанд (туркҳое, ки дар кишвари худ ин корро кардаанд, чаро дар дигар ҷо хап бошанд?)
Фаромӯш накунед, ки бо ивазшавии ном мантиқ тағйир намебинад. Фарзи мисол, Максим Исаев, ки Штирлиц ном гирифта буд, магар шпиони советӣ боқӣ намонд? Ещё как монд!

Сталин ва пантуркизм
Ҳар касе, ки солҳои қабл барои таъсиси чунин мактабҳо дар Тоҷикистон пофишорӣ ва истодагарӣ карда буд, ҳатман тарафдори Гюлен асту нияташ низ афзудани пайравони ФЕТО будааст. Аз ин бармеояд, ки КДАМ, ВКД, ГенПрокуратура, вазоратҳои маорифу илм ва корҳои хориҷии Тоҷикистон бояд сари ин масъала ҷиддӣ андешанд ва барои пешгирии сар задани ҳар гуна амалҳои ифротгароёна ва террористӣ аз ҷониби маҳз кадрҳои литсейҳои тоҷикӣ-туркӣ, хусусан, устодони хориҷии онҳо, ҳамеша дар ҳолати омодабош қарор гиранд.
Имрӯз бархе актёру ровию шарқу исломшиносу профессору академикҳои мо аз ФЕТО, Бунёди Диалоги АвруОсиё, Литсейҳои туркӣ тарафдорӣ мекунанд. Ба ин ҷанобон танҳо ин далелро хотиррас мешавем, ки расо 100 сол пеш, ҳамагӣ 54 пантуркисти хоназоди тоҷиктабори мо коре карданд, ки Арабу Чингизу Манғит дар 1000 сол накарда буд: онҳо Тоҷиконро, бо фурсат аз Инқилоби октябрӣ, комилан нест сохтанд!!! Гоҳвораҳои фарҳангии моро ғасб кардан, аввали кор аст, ин пантуркистон миллатро хат зада буданд ва агар Сталин намебуд, номаълум, ки миллату ману ту чӣ ё кӣ буд, хонандаи ин сутур.
Воқеан ҳам, вақте хатари рӯзафзуни пантуркистон, ки имрӯз идеяашонро Гюлен пеш мебарад, ба Маскав айён гашт, Сталин коре кард, ки решаи инҳоро буррид: Иосиф онҳоро “просто-напросто” соли 1937 пурра, то охирин нафар...парронд!!!
Воқеан, коре, ки давлати Туркия имрӯз карданист. Зеро аз ин мараз дигар ҷои халосӣ нест. Мо метавонем!


Ҷамила Ҳусейнова,
М. Мубориз
СССР

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter