ХАБАРИ ДОҒ

Авиатсияи Тоҷик соҳиб дорад-2?

  • Панҷшанбе, Июл 27 2017

 

8.07.2017 чиптаи самти Душанбе-Маскави ширкати «Тоҷик Эйр» дар рӯзи парвоз то 4800-5000 сомонӣ баромад. Пештар чиптаро дар ҳолати зарурӣ дар рӯзи парвоз 4000 сомонӣ харидан мумкин буду то 30 рӯз пеш аз парвоз 2400-2600 сомонӣ...

Моҳи апрели соли ҷорӣ мо дар бораи проблемаҳои имрӯзи соҳаи авиатсияи Тоҷик 1 матлабе навиштаву дар газетаи СССР чоп карда будем. Бо гузашти зиёда аз 3 моҳ вазъияти авиатсия, хоса, парвозҳои ширкатҳои ватанӣ тағийр наёфтааст: таъхирҳои зиёду беасос, ҷаҳиши нархи чиптаҳо ва беэътиноӣ нисбат ба мусофирон то ҳанӯз идома дорад ва ба нуқтаи ниҳоии хеш расидааст. Мо тасмим гирифтем, боз 1 маротиба ба ин мавзӯъ баргашта «айб дар мош, ё дар ош» будани қазияро пайгирӣ намоем.

 Паҳлавонҳои ба таъхир уфтодаи Тоҷик
Тайи 3 моҳ мешавад, ки хатсайрҳои ҳавоии ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷик-«Сомон эйр» ва «Тоҷик эйр» мушкил доранд ва ин мушкил дер парвоз кардану аз вақти муайяншуда дер фуруд омадан ба фурудгоҳҳои самти ҳаракат аст. Дар ин муддат садҳо мусофир бо сабаби таъхири ҳавопаймоҳо аз парвозҳои баъдии транзитии хеш мондаву пули чиптаҳои харидаашон сӯхтааст. Аз ҷумла, паҳлавонони Тоҷик Комроншоҳи Устопириён ва Сайидҷалол Саидов, ки бояд шоми 5.07.2017 тавассути ҳавопаймои ширкати «Сомон Эйр» ба Дубай ва баъдан ба Тайбэй барои ширкат дар мусобиқаи ҷаҳонӣ мерафтанд, бо сабаби таъхири 9-соатаи ҳавопаймо ҳам аз парвози дуюм монда, ҳам ҳуқуқи иштирок дар мусобиқаро аз даст доданд. Дареғи тайёрии чандмоҳаи ин паҳлавонҳо!

Узр? Неъъъ!!!
Агар дар оғози ин таъхирҳо намояндагони ширкати «Сомон эйр» аз мардуми мусофир бахшишу маъзарат мепурсиданд, ҳоло бошад лаб ба хомӯшӣ задаанд. Ширкати «Тоҷик эйр» бошад на дар фикри узрхоҳисту на дар фикри ҷуброни зарари моддиву маънавӣ. «Сомон эйр» мегӯяд, ки сабаби асосии таъхирҳои гузашта ин вазъи номураккаби обу ҳаво дар кишвари Русия аст, аммо то ҷое медонем парвозҳои ширкатҳои ҳавопаймоии ӯзбекиву қирғизӣ ва ҳатто афғонӣ, бидуни дер кардан ба Маскаву Санкт-Петербург ва Екатеринбург парвоз мекунанд. Аз ин маълум мешавад, ки барфу борони русӣ танҳо ва танҳо ба сари ҳавопаймоҳои Тоҷик мерезад!?

 Ҳавопаймоҳои вайронаву…
Мусофирони саргардону норозӣ дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук рӯзе нест, ки аз хизматрасонии бад ва беэътиноии «Сомон эйр»-у «Тоҷик эйр» ва намояндагони онҳо дар шаҳрҳои дигар изҳори нигаронӣ ва эътироз накунанд. Мардум аз он мегӯяд, ки мушкили №1-и ширкатҳои ҳавопаймоии ватанӣ имрӯз он аст, ки ҳам ҳавопаймо надоранд ва ҳам зимни парвоз дар шаҳрҳои Таразу Чимкент ва Оренбург фуруд омада, маводи сӯхт пур ва захира менамоянд. Ҳоло тамоми парвозҳои ин 2 ширкат бо «дозаправка», яъне барои пур кардани сӯзишворӣ фуруд омадан дар фурудгоҳи дигар анҷом меёбад. Танҳо хатсайри Душанбе-Хуҷанд мустақим парвоз мекунаду халос (шояд бо ин сабаб, ки дар миёна ягон аэрозаправка нест?!).
Мо натавонистем аз ин ширкатҳо дар бораи ҳавопаймоҳои вайронаашон маълумоте ба даст биёрем, зеро дар марказҳои матбуотии ин 2 ширкат ба мо гуфтанд, ки чунин мушкили техникии ҳавопаймоҳоро рӯи даст надоранд. Вале дар байни мусофирон овозаҳост, ки имрӯз парвозҳои ширкати «Сомон эйр»-ро танҳо 3 ҳавопаймо иҷро мекунад, зеро боқимонда бо назардошти нуқсонҳои техникӣ дар таъмиранд. «Тоҷик эйр» бошад танҳо 2 ҳавопаймо дорад ва наметавонад саривақт ин парвозҳоро анҷом диҳад. Ҳавопаймои калонтарине, ки ширкати мазкур соли гузашта харидорӣ карда буд, бо сабабҳои доштани беш аз 40 нуқси техникӣ ва кӯҳна будан хеле кам парвоз мекунад. Сабаби 2-юм ва асосии ширкатҳои «Сомон эйр» ва «Тоҷик эйр» ин доштани қарзҳои ҳангуфт асту чунин ба назар мерасад, ки онҳо дар бораи пардохти саривақтии ин қарзҳо аслан фикр намекунанд.

 Қарзҳои бузургу маоши баланди роҳбарон
Қарзҳои ширкатҳои ҳавопаймоии ватанӣ имрӯз дар назди Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе барои хизматрасонии рӯизаминӣ ва ҶСК «Ширкати таъминоти сӯзишворӣ» ба миллионҳо сомонӣ расидааст. Қарзи ин ширкатҳо танҳо дар назди Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе беш аз 248 млн сомонист. 1 манбаи мӯътамад аз ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» ба мухбири мо иброз дошт, ки ин қарзҳо нав набуда, дар муддати 2-3 соли охир ҷамъ шудаанд ва ин ҳам бо назардошти имтиёзҳо ва тахфифи 60% барои хизматрасонӣ. Агар роҳбарияти қаблии ширкати «Тоҷик эйр» ҳар моҳ маблағи муайянро барои хизмати рӯизаминӣ мепардохт, соли охир бошад бо баҳонаҳои зиёд аз пардохти қарз қариб ки рӯ гардонидааст. Қарзҳои ин 2 ширкати ватанӣ дар назди ҶСК «Ширкати таъминоти сӯзишворӣ» низ аз 200 млн сомонӣ гузашта, ин ширкат ҳатто «Тоҷик эйр»-ро ба додгоҳ низ кашидааст. Муҳимтар аз ҳама, замоне ки қарзҳои ин 2 ширкат аз 200 млн долларӣ афзудааст, роҳбарони ин ширкатҳо маошҳои ҳангуфт мегиранду дар меҳмонҳонаҳои 5 ситорадор зиндагӣ мекунанд. Мегӯянд, маоши роҳбарияти ширкати «Тоҷик эйр» то 30.000 сомонӣ буда, маъмурияти ширкати «Сомон эйр», хоса, шаҳрвандони хориҷии он то 20.000 евро музди заҳмат гирифта, иҷораи 1-моҳаи онҳо дар меҳмонхонаи «Ҳаятт Риҷенси»  12.000 евроро таъсис медиҳад. Шояд яке аз сабабҳои нархи гарони чиптаҳо ва напардохтани қарз ҳамин маошу будубоши раёсати ширкатҳо бошад!?

 Сӯзишворӣ монополия нест!
Илҳомҷон Соҳибов, директори генералии ҶСК «Ширкати таъминоти сӯзишворӣ» дар сӯҳбати ихтисосӣ бо мухбири СССР таъкид намуд, ширкатҳои ҳавопаймоии ватанӣ мушкилоти имрӯзаашонро ба нархи баланди авиакеросин марбут медонанд, ки чандон дуруст нест. «Ширкати мо маводи сӯхт-авиакеросинро аз корхонаҳои бонуфузи русӣ мехарад ва сифати он олист. Маҳсулотро тариқи пешпардохт мехарем ва он тавассути 3 кишвар ба Тоҷикистон ворид мешавад. Аён аст, ки ҳамаи ин барасмиятдарорӣ ва боҷи гумрукӣ дораду андоз ҳам бояд супорид. Мо авиакеросинро тайи чанд соли охир бо назардошти мушкили ширкатҳои ватанӣ арзон кардаем ва имрӯз нархи 1 тоннаи он наздики 1120 доллари ИМА аст. Шояд нархи керосин 33-38% нархи чиптаро ташкил кунад, аммо беш аз 50%-и он ба фоидаи худи ширкат аст. Ширкати мо авиакеросинро монополия накардааст, агар чунин мебуд ширкатҳои ҳавопаймоӣ наметавонистанд дар шаҳрҳои дигар фуруд омада, маводи сӯхт харанду захира намоянд. Мушкили мо бо ширкатҳои Тоҷикӣ дар қарзи онҳост, ки пули сӯзишвориро намепардозанд. Мо бо ягон ширкати ҳавопаймоии хориҷӣ чунин проблема надорем, - иброз дошт И.Соҳибов.
Ба гуфтаи ӯ, агар имрӯз ширкатҳои «Сомон эйр»-у «Тоҷик эйр» маводи сӯхтро аз дигар шаҳрҳо назар ба Тоҷикистон арзонтар мехаранд, пас чаро нархи чиптаҳои хешро поён намефароранд!?

«Тоҷик Эйр» нархи чиптаро то 5000 сомонӣ баровард!
Хадамоти Зиддиинҳисорӣ қанӣ шумо???
Зулфия Шодиева, 1 нафар аз хонандагони газетаи СССР мегӯяд, ҳафтаи гузашта, аниқтараш рӯзи 8.07.2017 чиптаи самти Душанбе-Маскави ширкати «Тоҷик Эйр» дар кассаҳои чиптафурӯшии пойтахт дар рӯзи парвоз то ба 4800-5000 сомонӣ баромад. Пештар чиптаро дар ҳолати зарурӣ дар рӯзи парвоз то 4000 сомонӣ харидан мумкин буд, вале агар чиптаро дар ин самт 1 моҳ пеш бихаред, нархаш 2400-2600 сомониро ташкил менамуд. Ҳоло бошад ин нарх баҳузур то ба 3200-3600 сомонӣ баромадааст! Ин ҳам дар ҳоле, ки ин ширкатҳо на қарзҳои худро пардохт мекунанд ва ҳам маводи сӯхтро арзонтар мехаранд! Аз ҳама муҳимаш бе мувофиқа ва тасдиқи нарх бо хадамотҳои лозима. Аз ҷумла, Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати ҶТ! Чаро Хадамоти зиддиинҳисорӣ хомӯш аст ва дар ин самт таъсиргузор нест? Чаро ширкатҳои ҳавопаймоӣ бе иҷозати сохторҳои давлатии назоратӣ худсарона нархи чиптаҳояшонро боло мебардоранду боло бардоштани сифати хизматрасонӣ ба мусофирро фаромӯш кардаанд? Мусофири Тоҷик то кай дар фурудгоҳҳо барои парвоз гуруснаву ташна интизорӣ хоҳад кашид? «Сомон эйр» ва «Тоҷик эйр» кай ба тартиб медаромада бошанд? Ба ин суолҳо кӣ ҷавоб мегӯяд?


Мину Аминзода
Махсус барои СССР

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter