ХАБАРИ ДОҒ

Голодовкаи Ғаффор Седой аз чист?

  • Панҷшанбе, Июл 27 2017

Ғаффор Седой (Мирзоев)-яке аз лидерҳои собиқ Фронти Халқӣ, ки аз рӯи 28 банди Қонуни ҷиноии ҶТ, аз ҷумла бо ҷурми кӯшиши табаддулоти давлатӣ, нигаҳдории ғайриқонунии силоҳ ва куштор ба ҳабси якумрӣ маҳкум шуда буд, ба нишони эътироз алайҳи бозбинӣ нашудани парвандааш, даст ба гуруснанишинӣ задааст. Дар ин бора хоҳари ӯ-Оиша хабар дод. Оиша Мирзоева гуфтааст, ки рӯзи чоршанбе, соати 13:00 аз дохили маҳбас занг зада гуфтаанд, ки Ғаффор даст ба гуруснанишинӣ зада, ӯро ба утоқи танҳоӣ бурдаанд ва феълан дар ҳамон ҷо нигаҳдорӣ мешавад…
Ғаффор Мирзоеви 61-сола то замони ба зиндон рафтанаш, дар соли 2006, дар мақоми фармондеҳи пешини Горди президентӣ, раиси Оҷонсии мубориза бо маводи мухаддир ва раиси Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон кор кардааст. Ӯ хатмкардаи шӯъбаи ғоибонаи риштаи ҳуқуқи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст ва як сол пеш аз боздошташ Академияи низомии Русияро низ хатм кард. Ӯ дар маросими ифтитоҳи бозиҳои олимпии соли 2002 дар Солт-Лейк-Ситии Амрико парчамбардори тими миллии Тоҷикистон буд. Мирзоевро ниҳодҳои интизомии кишвар моҳи августи соли 2004 боздошт карданд ва Додгоҳи олӣ баъди ду соли баррасии парванда, ӯро ба ҳабси абад маҳкум намуд.

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter