ХАБАРИ ДОҒ


(Ё чигуна Панҷакентро ба чанги хитоиҳо додаанд…)

Боби 1.Ба нафақа расидӣ, гум шав...
Корхонаи муштараки «Зарафшон»-и ш.Панҷакент корхонаест, ки ба саломатии  кулли бошандагони деҳаҳои Филмандар, Косатарош, Бедак, Хумгарон, Новичомоқ ва шаҳраки Суғдиён зарар мерасонад. Дуди ғализи фабрикаи холисгардонӣ, сианиду реагин, кислотаҳо, чанги роҳ, партовгоҳҳо ва ҷой доштани даҳҳо теппаи маъданшӯӣ дар мавзеи Ҷилав воситаҳое мебошанд, ки сокинонро заҳролуд кунанд. Аҳолии Филмандару Косатарош барои поймонӣ ҳам ҷо надоранд. Умедашон танҳо ҳамин корхона аст. Дар 25 соли фаъолияти коргоҳ синни аксари коргарон ба нафақа расид. Пештар бо хоҳиши коргар аз оилааш нафареро ба ҷояш ба кор мегирифтанду худан бознишаста мешуд. Вале баъди протоколеро аз номи Ҳукумати ҶТ ба соҳибмулкон, яъне чиноиҳо, пешкаш кардани ҳуқуқшинос Фаррух Исрофилов, ки 75%-и саҳмияҳо аз онҳост, коргарони синнашон ба нафақа расидаро дар ҳамон рӯзи зодрӯзашон бо дағалӣ ва беэҳтиромӣ аз коргоҳ меронанд. Ҳатто намегузоранд, ки моҳро ба поён расонанд. Дар натиҷа коргари бечора, ки заҳролуд асту бо пули нафақаи нокифоя худро табобат карда наметавонад, зуд бо зиндагӣ хайрбод менамояд.
Тӯра Шоев, ки беҳтарин ронандаи коргоҳ ва дар байни садҳо ронанда бо роҳҳои нообод чархаи осиёи фабрикаро ба манзил расонда буд, баъди беэҳтиромона аз кор ронданаш, ҳамагӣ чанд моҳ зист. Облоқул Юсупов низ пули нафақаи ночизи худро нахӯрд. Ҷумъа Соҳибовро низ ин беадолатӣ ба роҳи охират гуселонд. Даҳҳо чунин ҳолатро зикр кардан имконпазир аст, лек бо ин иктифо мекунем. Шодравонҳо ҳамагӣ аз Косатарошанд. Аламовараш ин аст, ки ба ҷои коргари ба нафақа фиристодаашон, хитоиҳо нафари дигарро ба кор қабул намекунанд…

Боби 2. Ғалберро чаро сохтанд?


Чанд сол пеш дар мавзеи кони Ҷилави корхонаи муштараки «Зарафшон» бо хароҷоти ҳангуфте барои ғалбер намудани хокаи тиллодор ва камтар сарф кардани саққо коргоҳе ба номи «грохот» ё «ғалбер» сохтанд ва масолеҳи оҳану бетонии зиёдеро дар он масраф намуданд. Ба ин васила чиноиҳо хеле пули ҳаққи ҳалоли тиллои Тоҷикро ба боди фано доданд. Аз он рӯз кӯҳнадӯзҳо лентаҳои резинии онро бо худ бурданду оҳанфурӯшҳо оҳанҳои кушода тавонистагиашонро.

Боби 3. Хитоиҳо «Зарафшон»-ро тасарруф кардаанд!
Моликони корхонаи муштараки «Зарафшон»-калонтарин корхонаи тиллоистеҳсолкунии Тоҷикистон хитоиҳо буда, 75%-и саҳмияҳо ҳам аз онҳост. Аз рӯзе, ки чиниҳо ҷойнишини англисҳо гаштанд, корхона рӯ ба нузул овард. Англисҳо барои манфиати омма шабу рӯз кӯшиш мекарданд, то бо ин кори нек дар дилҳо ҷой ёбанд. Директори генералӣ, сармуҳосиб, мудири шӯъбаи кадрҳо Тоҷик буданду корафтода кори хешро бе мушкилӣ пеш мебурд. Аз с.2007 хитоиҳо ҷои онҳоро ишғол ва оҳиста-оҳиста мавқеи Тоҷиконро танг намуданд ва роҳбарии ҳамаи шӯъбаҳоро ба дасти худ гирифтанд. Ҳатто Ван-муовини гендиректор риштаи корро дар ҳамаи шӯъбаҳо ба дасти худ гирифтааст ва касе ҳад надорад, ки аз гуфтаи ӯ сар печад. Музди кори коргарони корхонаба маротиб аз корхонаҳои саноатии дигар кам аст. Бар замми ин барои тез-тез бо нархҳои ҳангуфт ворид намудани қисмҳои эҳтиётӣ ҳатто роҳро дар мавзеи кони Ҷилав дуруст намекунанд. Дар 1 басти корӣ ронанда маҷбур мешавад, 2-3 маротиба чархро иваз кунад. «Гӯр сӯзаду дег ҷӯшад» мегӯянд ҳолдонҳо. Ронандаи бечорамондаю лакот дар 25-солагӣ ҳолати марди 50-соларо мегираду ба хотири 1 буррида нон ба ҳама машаққат тоқат мекунад, вале музди ночизро танҳо аз кори ба тариқи натуравӣ иҷрокардааш меёбаду халос. Агар дар давраи англисҳо 2-3 грейдер барои ҳамвор кардани роҳҳои маъданкашони кони Чилав машғул бошанд, 6 моҳ боз дар ин мавзеъ 1 грейдер ҳам кор намекунад. Грейдери ягонаи кони Ҷилав вайрон хоб асту идоракунандагонаш-Муҳаммадрабӣ Усмонов ва Шамсиддин Абдураҳимов барои иҷрои корҳои гуногун истифода бурда мешаванд ва дар иваз маоши ночиз ба каф меоранд. Ҳолдонҳо мегӯянд, ки таъмирчиёни маҳаллӣ аз хитоиҳо 100 бор хубтаранд, вале бо пули ҳангуфт аз Хитой таъмирчӣ меоранд.

Боби 4. Аз ғуломӣ кай халос мешавем?
Субҳи барвақт садои беисти телефон бедорам намуда мегуфт:
-Танҳо туӣ, ки арзи моро мешунавию ба ҷое мерасонӣ, вагарна мо ғамбемор мешудем. Моҳи сеюм аст, хокаи сип-сиёҳи реагинолуду сианидолудро дар корхонаи муштараки «Зарафшон»-и ш.Панҷакент хитоиҳо дар майдончае, ки барои нишасти вертолёт ҳангоми сафари Президенти кишвар-Эмомалӣ Раҳмон омода карда буданд, рехтаанд ва мардикорони бечораи Тоҷикро аз кӯча ҷамъ карда, бо пули ночиз онро халта кунонида истодаанд…
Ноилоҷ аз хоб бархостаму бо рӯймоли калоне даҳону биниамро баста, ҷониби корхона раҳсипор шудам, вале тадбири ёфтаам кор надод. Роҳравҳо сип-сиёҳ. Ҳолдонҳо ривоят карданд, ки мардикорони бечора ба ивази 8 сомонӣ 1 тоннаашро ба халта мебардоштаанд. Ба онҳо ҳатто хӯроки нисфирӯзӣ намедодаанд. Аввал барои дар халта ҷой кардани 1 тонна «консентрат» 10 сомонӣ мепардохтаанд, вале ба қавли халқ «бузе» ба хитоиҳо фаҳмонда додааст, ки ин гадоён ё ғуломон ба маблағи камтар низ кор мекунанд.
Бо табъи хира роҳ ҷониби кони Ҷилав пеш гирифтам ва шоҳиди моҷарое шудам, ки чанд ронандаи автомашинаи боркаши тамғаи «Хунан» аз гиребони усто, ё саркорашон Сарваршо Маҳмадёров дошта талаб мекарданд, ки вазифадоронро ба наздашон даъват кунад. Ҳамин вақт ронандаи «Хунан»-и 35 Абдумалик Эшов бо рангу рӯи канда ва сулфаи бардавоме ба тӯда ҳамроҳ шуд. Ӯ ҳатто сухан гуфта наметавонист. Аён гардид, ки кадом донотароше чун «усули нави одамкушӣ»-и «Ҷаллодони Бухоро»-и устод С.Айнӣ усули тозаи ба хокаи тиллодор барои ҷой кардан дар тӯдаи ишқоркунӣ ҳамроҳ кардани оҳакро фикр карда баровардааст. Пештар он бо сатил тариқи оҳистагӣ ба хокаи тиллодор баъди рехтани хок дар замин ҳамроҳ карда мешуд. Вале имрӯз аз баландие ба воситаи чархаи худсохте болои кузови мошин мерезанд, ки чангу ғубори он ба фалак дакка мезанад. Ин усул на танҳо ронандагонро, балки ононеро, ки дар кони Ҷилав кор мекунанд, ё аз роҳ мегузаранд низ нороҳат мекунад. Дар замони Шӯравӣ ба кормандои ин минтақа, ки аз сатҳи баҳр дар баландии 1800 метр ҷой гирифтааст, 18% музди иловагӣ медоданд, вале имрӯз хӯрокҳои яквақтаи якрангу бемаззаро пешниҳод  мекунанду бас. Ҳатто менеҷери шӯъбаи экологӣ ва бехатарӣ Қобил Турсунов талоши онро намекунад, ронандагонеро, ки андаруни чангу заҳр кор мекунанд, бо шир таъмин намояд.


Котибулҳуруф, Исмоил Зарифӣ,
деҳаи Косатарош, ш.Панҷакент

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter