ХАБАРИ ДОҒ

Ҷавонмардии мову…ҳамсояҳои мо…

  • Душанбе, Июл 31 2017

Далерӣ кун, ки майдон аз далер аст-9

Мо воқеан ҳам миллати далерем! Аммо бо 1 иллат. Ҳич иттифоқ буда наметавонем. Шояд ба ин сабаб, ки мардони гурд, далер, шуҷоъ ва нотарс ниёз ба иттифоқ надоранд? Озар аст, ки мегӯяд:
-Мо тоқа аз онем, ки Шерем ҳама!!!
Ман ҳамеша, чун матлаб далел аз ҷавонмардӣ мепурсад, Армияи Совети(АС)-ро мисол меорам. Шояд дилбазан ҳам шуда бошад ин омор. Аммо он факт аст! Дар Армия бо мо Сулаймон Саидов гуфтанӣ шермарди Тоҷике хизмат мекард, ки ҳоло, агар хато накунам, дар бахши тоҷикистонии МГУ (Московский госуниверситет) фаолият дорад. Ана ҳамин Сулаймони Тоҷик, боре дар қисмати ҳарбӣ, ҳудуди 30 тан аз чечену доғистониву сибирякҳои русро, ки аз элитаи ҷавонмардии АС маҳсуб мерафтанд (солхӯрдаҳо медонанд инро!), зада титу пит кард. Ин «ҷавонмардтарин миллатҳои советӣ» ба ҳам маслаҳат кардаву мехостанд, Сулаймонро тарсонанд. Аммо чунон посухе гирифтанд, ки то 30 соли дигар аз хотирашон нахоҳад рафт. Мо Метавонем!
Ҳамсояҳои осиёии мо имрӯз, бо ин иллат, ки Тоҷикро бе силоҳу бе корду камон кардаву амниятиву қудратиҳо дело дар даст гардидаву тарсу сохтан доранд, ба пеши Тоҷик ба фосилаи 1 тиррас наздик намешуданд. Кор то ҷое буд, ки қирғизу ӯзбеку туркману қазоқ, бардурӯғ худро Тоҷик мехонданд, то аз шаттаву шаллоқ раҳо ёбанд. Дар зиндонҳо низ обрӯи Тоҷик дар арш буд. Фарзи мисол, ҳамон Сангак Сафаровро гирем, ки дар даврони шӯравӣ бо амраш, якбора дар чанд зиндон маҳбусон даст ба коршиканӣ, гуруснанишинӣ ва ё тазоҳурот мезаданд. Ин ҳам обрӯи Тоҷик буд…
Чаро ин ҳамаро менависам? Зеро имрӯз андак-андак Тоҷикро тарсу кардан дорем. Миллате, ки ба Искандар садди чиноӣ гузоштаву Чингизро мусалмону Темури Лангро Тоҷик карда буд…, имрӯз хеле тарсу шуда истодааст. Ин сиёсати хеле бад аст ва оқибати нек барои давлатдории Тоҷикон надорад. Фаромӯш накуне(м)д, ки давлатҳоро на Армия, ки шаҳрвандони ҷасуру далеру шуҷоъашон ҳифз мекунанд. Ба вежа, дар ин давру замон.
Юриспруденсияи мо бо суистифода аз қонун миллатро тарсу кардан дорад. Судяҳои мо, прокурорҳои мо, милисаи мо, амниятиву қудратиҳои мо, мисле, ки плану ӯҳдадорӣ гирифта бошанд, мардумро фавҷ-фавҷ штрафу суд мекунанд. Дар даврони шӯравӣ фактори «қонуншикании нахустин» ва «эҳтимолияти бегуноҳӣ» нақши калидӣ дошт. Кӣ дар ҷавонӣ гуноҳе содир накардааст? Шахсан ман кардаам! Аммо барои он ки донишҷӯ будаму будем, ҷавон будаму будем…, дело чӣ, ки ҳатто ба пулис даъватам(он) на(ме)карданд. Ҳамон Сангаки маъруф барои куштори чанд қафқозӣ ҳамагӣ 13 сол ҳукм гирифт, зеро нахустин гуноҳаш буд. Ҳоло прокурорҳои мо барои дилхоҳ ҷиноят то 30 сол мепурсанду судяҳои одил 20-25 сол мардумро ҳабс мекунанд. Зиндон барои ислоҳи гунаҳкорон аст, на мавзеъи пӯсидани одамҳо. Мӯҳтарам судяҳо ва прокурорҳо, ақаллан 1 нафаратон бовар дорад, ки баъди 30 сол аз зиндон одам ба озодӣ мебарояд?! Ҳаргиз намегӯям ҷинояткоронро суд накунед. Кунед! Аммо ҳукм бояд аз рӯи савоб бошад ва бояд ба ашаддитарин ҷинояткор низ имконияти зиндагонӣ дод. Ҳукмҳои сахт, ба инобат нагирифтани синну соли ҷинояткорон, набуди «эҳтимолияти бегуноҳӣ» ва фактори «қонуншикании нахустин» мардумро тарсу кардааст.
1 далели аҷиби дигар. Вақте сари Тоҷикистони азиз хатар омад (с.1992) аксарияти афсару аскарони қудратӣ (албатта на ҳама) фирор карданд ва ба дифоъи Давлату Ватан мулкиён (штатские), одамони оддӣ бархостанд. Фаромӯш накардаем он моҷароро, албатта. Зеро юриспруденсияи шӯравӣ ғурур ва «дух»-и мардумро намешикаст! Ҳоло Тоҷик аз дилхоҳ миллати аҷнабӣ, ҳатто аз ҳамонҳое, ки аз насли мову манҳо ҳарос доштанд, метарсад. 1 афғон, 1 қирғиз, 1 ӯзбек то ба хонаҳои мо дар марз зада медарояд, роҳи моро мебандад, моро таҳқиру тафтиш мекунаду мо хомӯшем. Мое хомӯшем, ки гармтарин хуни мардӣ дар колбад дорем.
Вале агар танҳо қудратиҳо, ки корашон тарсондани мардум аст, ба тарсусозии миллат машғул мебуданд, 1 дарде будӣ. Мутаассуф, адабиёт, насру назми мо, суруду таронаи мо мардкуши занпарвар шудааст. Шумо дар 25 соли ахир 1 достон, роман, повест, ҳикоя, ғазал хондаед, ки тараннуми ҷавонмардиву далерии миллат бошад? 1 таронае шунидаед, ки ҷасоратро васф кунад? Перомуни рақс умуман хомӯшам, ки ба таъбири Абдуқодир рақси НОмардона шудааст. Дар шӯравӣ рақси мо корду камону ақаллан асову таёқ дошт! Ҳоло қошпаронисту китфҷумбонӣ...
Кинои мо чӣ? Ман дар ягон филми даврони истиқлолият надидаам, ки 1 нафар аз рӯи шарафи ҷавонмардӣ нафари дигарро муште кӯфта бошад. Воқеан, чанде пеш 1 филме тамошо кардам, ки ҷавоне довталабона ба Армия рафт. Гуфтам, ана акнун қаҳрамонияшро сабт мекунанд, ки он ҷавонмард аз паси 1 буз давида, дар минаи ӯзбакӣ таркиду мурд…Тамом, вассалом. О, ҷавонмардро, ки тасвир кардӣ, ақаллан саҳнае биор, ки ягон қочоқчӣ бо снайпер ӯро зада кушад. Давоми филм саҳнаи маъмулии бевамонии гуларӯс ва навҳаву гиря буд, ки ТВ-ро хомӯш кардам. Аз синематограф тамомии сенариянависону режиссёрони тарсуву гирёнчаку занакмизоҷро ронед! То «аз ҳамаи санъатҳо барои муҳимтаринаш кино!» гардад. Аммо ин аллакай сухани клоссик аст. Ленин…
Ғами миллату Давлатро имрӯз хӯреду ҷавонмардони далеру шуҷоъ ва патриоту ватандӯст тарбият кунед, ки на ҳама чиз дар ин дунё ба бизнесу пулу мол бастагӣ дорад. Мо Метавонем!

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter