ХАБАРИ ДОҒ

Ба кӯдакони мо чӣ намерасад?

  • Панҷшанбе, Авг 10 2017

«Маккаву Мадина» дар Душанбе
Бозӣ барои кӯдак-озмоишгоҳи зиндагист. Чӣ гуна кудак бозӣ мекунад, аз ӯ ҳамон хел мутахассис мебарояд. Бозиҳои “лойкафонак”, “мошинбозӣ”, “автоматбозӣ”, аз мо магар ҷидду ҷаҳди зиёд ва парвози баланди андешаро талаб мекард? Не! Имрӯз дар кор ҳамеша ҷидду ҷаҳди зиёд ва парвози баланди андеша мушоҳида мешавад? Не! Мисол: “Кумур “оптом”(?), “Нуқтаи қабули оҳанпора: медь, алумин. чугун”? Хандаовар? Аз эҷоди олимони донишгоҳи олӣ: а)”обҳои наздитифлӣ?”–аҷиб, дар диёри мо, ки ватани об аст, обҳои “наздибобоӣ”, “наздимомоӣ” ҳам бошанд? б)“оби кристалкунанда(?). Карахтии андешаи ширинкори тоҷик низ шояд аз таъсири ҳамин об бошад? (месарояд): “Ало, эй оби ҷон “напор” надорӣ!” (Ӯ калимаи “напор”-ро тарҷума мекунад: “Напор”-яъне “давлений!”. Бо кӯдакону наврасон-мутахассисони ояндаи тоҷик чӣ бояд кард, то дар оянда кормандони оқилу кордон бошанд? Ба популяризатсияи илм-паҳнкунии донишҳои илмӣ бо забони осонфаҳм, сода ва қобили қабули омма ҷиддитар бояд рӯ овард. Оё вазъи илми шавқовар ва китобҳои завқангези мо дар сатҳи лозимӣ қарор дорад? Олимони тарғибгар-популяризаторҳо, ки донишҳои илмиро бо забони кӯдак сода ва нишонрас карда ба онҳо пешниҳод мекунанд, зиёданд? Чаро кӯдак “Энсиклопедияи бозиҳои зеҳнӣ”, “Бозиҳои асри навин”, “Чашмбандиҳо”, “Мӯъҷизаҳо, шӯъбадаҳо, бозиҳо ва шӯхиҳои математикӣ” (адиб-шоир-олиме, ки ба эҷоди асарҳои илмӣ-адабӣ ва ба тарҷумаи Перелману Гарднер даст занад) надорад& 1 комплекси зеҳнӣ, ки кӯдак он ҷо омада экспонатҳои аҷибро бинад, завқашро бедор кунад, ақлашро машқ диҳад, надорад?

ХИШ, яъне на хишт!!!
Кӯдак қонуниятҳои илми дақиқро аксаран аз муаллим танҳо мешунавад, вале барои дидан ва санҷидан бояд ӯ ба ХИШ (“Хонаи Илмҳои Шавқовар”) биёяд. Он ҷо ӯ (каллаи зинда ва гапзанандаи бепову дастро дар табақчаи болои миз дида) ҳайратзада мешаваду завқаш меояд, баъд худаш бо ёрии роҳбалад таҷриба мекунад, месанҷад ва оқибат сарфаҳм меравад, ки сирри ҳамаи ин дар физика (қонуни инъикос ва шикасти нури рӯшноӣ) будааст. Ҳар экспонат ифодакунандаи 1 ҳақиқат аз барномаи мактаби миёна аст. Ё назди мизе меояд, ки болояш табақчаи обдор ва болға (резинӣ) истодаасту пораи шеъри Лоиқ дар девор сабт аст: “Хабар доред оё ҳазрати Лоиқ, Ба ҳован об кӯбидед, ба ҳован об кӯбидед...”. Кӯдак шеърро хонда бо болға ба об чанд бор мекӯбад ва...ногаҳон пай мебарад, ки об хосияти фушурдашавӣ надоштааст, (об тилло набудааст, ки бо задан фушурда шавад). ХИШ асосҳои элементарии илми дақиқро (аз барномаи мактабӣ) дар шакли интерактивӣ меомӯзад. Тамошобин иштирокчии ҳақиқии бозию таҷрибаҳо мешавад. Касе кӯдакро “нарас, нагир, намон!” намегӯяд. Мо, ки дар марҳилаи миллатсозӣ қарор дорем, месазад дар бораи ХИШ фикр кунем. Он дар Россия бо ташаббуси муаллими одӣ, ташаббускори ашаддӣ-Я.И.Перелман кушода шуда шуд. Олимону нависандагон (Камский В.А, Успенский Л.В, Сиолковский К.Э, Ферсман), инчунин ҳукумат ӯро дастгирӣ намуданд. Дар назди ХИШ беш аз 50 маҳфил (аз химия, физика, математика...) амал мекард. Намоишҳо, барномаҳои шавқовар, шабнишиниҳо ташкил карда, дар ТВ ва мактабҳо намоиш дода мешуд. Ин муассиса нашриёт дошт. 1 худи Перелман 105 китобу дастур навишт, ки ба 126 забони дунё тарҷума шуда буд. Ба ин ҷо кӯдакону калонсолон аз ҳар канор (соли аввал 50.000 нафар) ба тамошо омаданд. Г.И.Мишкевич ХИШро ”Маккаи ғайриоддӣ” номид. Дигаре онро “Маккаву Мадинаи хурдакак барои кӯдакон” ном бурд. Хуб мешуд, агар чунин даргоҳи мӯъҷизаҳои илмӣ, яъне ХИШ, бо назардошти менталитети тоҷикӣ дар шаҳри мо низ пайдо мешуд. Вай кӯдакро аз банди густохию бетакаллуфӣ сӯи идроки позитивӣ равона месохт. 1 сол нагузашта ХИШ қимати педагогии худро нишон хоҳад дод.

Ман Маккаи кӯдакро месозам: шумо кӯмак кунед!
Соли 2012 дар мактубам ба Президенти кишвар навишта будам, ки “идея дорам, шод мешавам, агар бо ман мутахассисе сӯҳбат орояд”. Боварии комил дорам, ки таҷрибаи кориам (ташкил ва намоиши бозиҳои инкишофдиҳандаю шӯхиҳои математикӣ, чигилакҳо, шӯъбада (фокус)-ҳои илмию шавқовар, ки ягона воситаи рузгузарониам дар Русия буд) ба Ватанам зарур аст. Идеяи ба кӯдакон омӯхтани амалу таҷриба дар ватан маро бо киҳое (аз олимони қаторӣ то академикҳову профессорҳо)-Аминҷонов О., Боймуродов А., Бобиев Ғ., Сулаймонов П., М.Илолов, Лутфуллоев М., Салимов Н., А.Шарифзода...) рӯ ба рӯ ва ҳамфикр накард. Одаме ёфт шуд (5 сол кофтам!), ки гуфт: ”Мана ҷ-о-й, ташкил кун!” Ӯ на соҳибкор, балки сарвари китобхона Абдуқодири Абдуқаҳҳор (муаллифи доимии СССР) катализатор будааст. Агар катализатор набошад, реаксияи дар ҷисми мо дар 5 сония гузаранда аслан дар 15 млн. сония  (ё 10416 рӯз ё 28,5 сол) мегузарад.
Ба волидон рӯ меорам. 1).Аз геометрия кӯдакатон мелангад, фигураҳоро намедонад, намешиносад. Дастурамал медоштед, мехондеду ёрдам медодед: масалан, мегуфтед, квадрат -ин ҳамон болишти таги сари кӯдак аст, ки 4 тарафаш баробар, ё хатҳои паралеллӣ-ҷамолакҳои бар ба бари пушти духтаратон, ё росткунҷа-дари даромади хона, ки 4 кунҷи рост дорад. Чаро барои кор бо мошини ҷомашуӣ дастурамал дореду барои кор бо кӯдакатон не? А? Фақат нагӯед, ки дар таваллудхона... надоданд. (И хела падару модара кӣ дора?-Бале, мэри Париж надора!)

Таҷриба ва таваккал
2) Агар Сайёф ба таҷриба даст намезад, магар ҳоло шумо “СССР” мехондед? Таҷриба талаби вақт аст, онро ёд гиред ва ба кӯдакон омӯзед. Агар пули кати хоб ва доруро додед, таҷриба кунед, хоби бароҳат ва саломатиро низ харидаед, ё не? Агар пули донишу тарбияи кӯдак (пули мактаб)-ро пардохт кардед, худи ҳозир санҷед, ки ҳушмандию фаросатро низ тифлатон гирифт, ё не? Мавод барои санҷиш: (Барои синф. 5-6 мӯҳлати иҷро-6 дақ. Ҷавобҳо дар редаксия)
а).Зарбу тарҳу ҷамъ кун: 4х4+4х4+4-4х4 =
б).Аз мавизе, ки онро 40 қаландар хӯрдааст, чанд %-аш ба қаландари 1-ум ва 39-ум мерасад?
в).Қалами 6-қирадор чанд қира (рӯя) дорад?
г).Давлатманди Хол, Аловуддин Давлатов ва Нигина Амонқулова... кадом калимаро аз ТВ нодуруст таллафуз мекунанд?
Санҷиш натиҷаи хуб надоду фаҳмидед, ки кӯдак малакаи андешаронӣ надорад? 3)“Агар Шумо гумон кунед, ки ба ёрии касе мӯҳтоҷ нестед, сахт хато мекунед ва агар гумон кунед, ки касе ба ёрии шумо мӯҳтоҷ нест, 2 карат хато мекунед”. (С.Давлатов-равоншинос). Чӣ тавре ки ман ба Шумо, Шумо низ ба ман эҳтиёҷ доред. Шумо мехоҳед донишҳоеро, ки кӯдакатон аз илмҳои дақиқ дар мактаб нагирифтааст, барқарор кунанд, истеъдодашро кушоянд, дар кадом самт қобилият доштанашро муайян кунанд. Ман мехоҳам даромади иловагӣ ба даст орам (то дастурҳоямро ба чоп супорам, дастурҳои нав эҷод кунам), аз ин рӯ, фармоиши шуморо ҳаракат мекунам хубтар ба ҷо орам. Таҷрибаҳо дар дигар давлатҳо нишон додаанд, ки хонандагони ХИШ нисбатан дар хониш дар ҳама ҷо фаъолтаранд. Пас месазад, ки кӯдаконро дар китобхонаи ба номи А.Лоҳутӣ номнавис созед. Хишти аввали ХИШ ҳамин аст. Обрӯю эътибори илму олим имрӯз дар сатҳи пешина нест. Ман бовар дорам, ки кӯдакон ба ин ҷо омада, баъди тамошо, омӯзиш ва таҷрибаҳо ба ҷойнамози илми дақиқ пешонаи худро хоҳанд гузошт ва сафи онҳо бо мурури вақт фузун хоҳад шуд. Агар 3-4 волид-роҳбарони муассисаҳо ё мардони сахӣ дар сохтани ақаллан 4-5 экспонат ёриашонро мерасониданд, гӯшаи аҷибе барои бозиҳои зеҳнии кӯдакон пайдо мешуд. Қисми зиёди экспонатҳо бо нархи на он қадар қимат тайёр мешаванд, вале фоидаашон баҳо надорад, (дуредгарӣ, рассомӣ, кафшергарӣ...).


Сафаралӣ Раҷаб,
муаллими химияи мактаби №16, ш.Ҳисор, тел: 919 00 31 78


Аз СССР: Идеяи муаллим қобили дастгирист. Воқеан ҳам чаро тамомии сарвату пулу молу манол ва зиндагонии мо сарфи худоиву шикамчарониву либоспӯшӣ, зани 2, 3 ва мошину коло шавад? Биоед, аъзои Ихвон ал СССР, 1 бор риск кардаву дар бари муаллим рост шавем. Бовар кунед, Миллати Тоҷик садсолаҳо ба баъд ба якояки мо РАҲМАТ хоҳад гуфт, ки дар саргаҳи эҳёи менталитети био-химо-физикии генҳои Миллат меистодем. Мо Метавонем!

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter