ХАБАРИ ДОҒ


Миннат аз ҳамраҳии Хизр кашидан ситам аст,
Ҳар кӣ об аз дами шамшер хӯрад, нӯшаш бод!
Тоҷикистон ҳамагӣ 1 ҷавонмард дошт, ки онро ҳам фашистакони урусӣ шикаст додаву муҷозо карданд. Сухан сари баҳс бо матлаби «журналист» дар қавсайни газетаи «Комсомольская Правда»-и Маскав меравад, ки расо 1 сол пеш бо матлаби "Таджикистан: из советского прозябания в светлое будущее" миллати Шарифи моро таҳқир, дашном, ҳақорат дод, вале касе расман ба ӯ посух нагуфт. Илло 1 муҳоҷирбаччаи 23-солаи Тоҷик, ки он ҳам бо «ник»-имзои мустаор таҳдидаш кард, ки агар ёбам, аввал поятро мешиканаму в-он гаҳ хоҳамат кушт. Ана ҳамин баччаро Пономарёв тавассути пулис ва мақомоти амният ёфтаву ба суд кашид. Иззатулло, ки медонист ба ватан гурехта ояд, чун садҳо тани дигар ҳамватанаш ба гурӯҳи «депорт» меафтаду ҳолаш батар аз пиндор мегардад…аз фашисти рус узр пурсид. Пономарев ӯро бахшид. Кӣ киро бахшид, хонанда? Фашисте, ки омада миллати шариферо ба хар ташбеҳ кардаву ғулом хонду Джумшуту Ровшан-тупойтарин чеҳраҳои манфур ва пасттар аз чукча хонда буд, ягона нафареро, ки гуфт, мо чунин нестем, бахшид?!
Ин таҳқири сахттар аз мақолааш буд, ки Пономарёв бо мо кард, аммо…
…Аммо гиреҳи моҷаро ин аст, ки парлумони ҷоноҷону ҳайборакаллоҳи мо хомӯш нишаст. Мисле, ки ҳама вақт дар баробари дилхоҳ таҳқиру маломату дашному сақати Миллат ин парлумон хомӯш буду ҳаст. Парлумони хомӯштарин дар ҷаҳон шояд Маҷлиси миллии мост, ки ҳатто наметавонад ба 1 тан посух гӯяд…
Вазорати хориҷаи мо чӣ? Оё шунидаед, ки ақаллан мисли вазорати хориҷии Папуа-Гвинея ва ё Қирғизу Ӯзбаку Турк…манистон дар ин мавридҳо Нотаи Эътироз ҷое равон карда бошад? Ягона ниҳоде, ки соли пор гуфт, мақолаи Пономаревро мавриди таҳқиқ қарор додааст, Додситонии кулл шуд. Вале баъдан маълум гардид, ки ин ниҳод низ дурӯғ мегӯяду парвои таҳқиру дашноми миллати шарифи Тоҷикро надоштааст. Зеро то кунун ин изҳорот бидуни вокуниш монд, ки монд. Сафорати Тоҷикистон дар Маскав бошад кайҳо ба дашному таҳқиру таҳдиду қатлу куштору фанду фиреби 1 млн муҳоҷири кори мо дар Русия аз паси панҷара менигарад. Агар умуман нигарад…
Ба таҳқиқ, чун нек биандешӣ, дарк мекунӣ, ки барои вазоратхонаҳои мо гӯиё ин Миллату ин Давлат бегона бошанд. Ҳоло рӯзе мерасад, ки хонаву дари ишон дар Русия ва дигар кишварҳо ошкор гардад, мисле, ки бӯстонсароҳои «антикоррупсионерҳо» фош шуда истодааст. Инҳо хонаву дар нестанд-инҳо паноҳгоҳ ва ё худ «бункери фирор» аз Тоҷикистон дар рӯзи саъд ҳастанд. Ба забони дигар, ҳар баландрутбае дар хориҷ хона мехарад, аллакай ба Ватан хиёнат кардааст. Зеро роҳи фирор меҷӯяд…
Маҳз ана ҳамин бепарвоӣ ва беэътиноӣ дар нисбат ба таҳқири миллат аст, ки Тоҷик дар Русия Ровшану Джумшут шудааст. Воқеан, агар хонандаи ҳамешагии мо нек дар хотир дорад, СССР аз рӯзи сари кор омаданаш қаҳрамонҳои шоуи НТВ-ро бо номи Галучопстян ва Иван-дураки рус ба мазҳака кашиду оқибат ин сериоли таҳқирӣ аз миён рафт. Аммо Ровшану Джумшут боз дар экранҳо пайдо шуда истодаанд, ки далели бепарвоии мост: касе нест дигар эътироз кунад ва боз ин комикҳо сар карданд...
Воқеан ҳам дар ҳамон давру замон 1 тоҷикаке, ки боз доктори илм будааст, эътироз кард: Зидди СССР баромад, ки миллати арману русро дар симои Галучопстяну Иван-дурак, гӯиё мо таҳқир мекардаем ва Шӯрои ВАО-и онвақта моро «маҳкум намуд». Тасаввур мекунӣ, хонанда?
Ана ҳамингуна доктору Шӯроҳо, додситониву вазоратхонаву парлумонҳо, ки дорем, дилхоҳ бодовардаро сари мо пирӯз кардаанд…
Вале бояд гуфт, ки Иззатулло Махсумов дар ин гирудор ягона нафаре нест, бо Пономарев баҳс кард. Гавҳар Ҷӯраеваи олинасаб нахустин шуда, бо ин «пирхари рус» баҳс кард ва ӯро ба ҷояш шинонид. Аммо аҷобат ин ҷост, ки на Гавҳар ва на Иззатулло ба масале нони ҳукуматро намехӯранд. Ҳар 2 ҳам дар Русия кору фаолият доранду ба масали маъруфи шовинистонаи кремлин «гастербайтер» мебошанд. 1 кас ба ҷои ҳама ҷавоб дод ё саҳеҳтар гӯем, ба ҷавобгарӣ кашида шуд. Аммо ин дуруст аст, ки ҳатман бояд «1 кас ба ҷои ҳама» бошад, ки ин моҷароро дар забони русӣ «козёл отпушения» хонанд? Ба забони дигар, дуруст аст, ки 1 хар ва он ҳам Серёга Пономарев, зери унвони баланди ЖУРНАЛИСТ ниҳон гаштаву ягона фарди далеру ғайюри Миллат-Иззатуллоро маҷбур кунад, ки аз ун «козёл» узр пурсаду Тоҷикро боз таҳқир созад?
Ба пиндори ман, Тоҷикистон ва Тоҷикон агар ғуруре дар дил ва ҳуше дар сар доранд, бояд ин ҷавонмардро намоишкорона ба Душанбе биоранд, бо кору маоши баланд таъмин намоянд, то тавассути газетаи СССР (чун ниҳодҳои ТВ-ӣ метарсанд), Иззатулло расман Пономаревро дашноме диҳад ва ба таҳдидаш устувор истад. Зеро пуштибонӣ аз Иззатулло дифоъ аз Миллату Давлати Тоҷикон аст. Вазнин намеафтад ба сарватмандоне, ки ҳамагӣ 2 рӯз пеш шахсан ман даҳҳо ҳазор сар гову бузу гӯсфандашонро дар мавзеъи Сари Хосор дидам. Чанд гӯсфанд дар 1 моҳ барои 1 Тоҷики ғайюр хайр карда наметавонед, а, мӯҳтарам, сарватмандоне, ки Тоҷикистон сарватмандатон кардааст???
Ку, 1 Тоҷики багурдаи сарватманд? Пое пеш гузорад ва мо бараш рост мешавем. Зеро Мо Метавонем!

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter